21:20:50 11-уми Июни 2025 сол

ВАҚТИ ОН АСТ, ЭЙ ҚАЛАМ!

Бузурге дар Юнони қадим гуфта буд: «Корҳои ин ҷаҳон ба ду чиз барпой аст – ба шамшеру қалам ва ин ҳар ду ҳокиманд андар ҳама чизҳо. Ҳар касе қалам ба даст гирад, бояд қалами хештанро аз туғён нигоҳ дорад». Ҳақ ба ҷониби мутафаккири юнонист. Ҳам шамшеру ҳам қалам нигоранда ва ивазсозандаи таъриханд. Вале расм шудааст, аксарият аз шамшер ҳаросу ҳазар доранду таъсири қаламро нодида мегузаранд.

 

newspaperАдиби Юнон беҳуда ба ибораи «қаламро аз туғён нигоҳ доштан» таъкид накардааст. Мутаассифона, солҳои ахир ҳама «қаламбадаст» шудаанду ҳама «туғёнгар». Баъзан пеши худ орзу мекунам, ки кош қалам низ мисли шамшер дастнорас мегардид, то «ҳар тарсу ҷавшан ба бару ҳар ҳарзагӯ қалам ба даст намегирифт». Вале чӣ илоҷ, замони озодии сухану виҷдон фаро расидаасту ҳар касе чизе, ки дилаш хост, гуфтан мегирад. Сомонаҳои интернетиро мехонаму мисраъҳои достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и шоири маҳбуби тоҷик Мирсаид Миршакар ба ёдам меояд:

 

Раҳгузарҳову мусофирҳои раҳ,

Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар…

 

Дар ҳақиқат, имрӯз аксарияти аҳли қалам, ки воқеаҳои ахири Тоҷикистонро ҳар тавре ки дилашон хост рангу тобиш медиҳанд, «роҳгузарҳову мусофирҳои раҳ»-ро мемонанд. Маълум аст, ки дар ташкили ин силсиламақолаҳои иғвоангез ва ғаразҷӯёнаи васоити ахбори омма саҳми ҳарифони пасипардагии дохиливу хориҷии миллатамон хеле зиёд аст ва онҳо гоҳ дар наъл мезананду гоҳ дар узангу. Гумоштаҳои «қаламбадаст» гаҳе дар Исфараву гоҳ дар Рашт ба пӯйидан машғул шуда, бо ин қаноат накарда, ба Роғун рӯй оварда, чанде пас ба Турсунзода сар мехалонанд.

 

Онҳо гаҳе турку гаҳе тотор, гаҳе муслиму гаҳ куффор гардида, дар бунёди анбори дурӯғу дасисаашон ҳар боре, ки чанд рӯз пеш турктаборе бо «тахаллуси» Мактым Ташпаев оиди воқеаҳои Исфара як хабари беасоси бардурӯғ ва иғвоангезро, ҳамчун «шарҳи аслӣ»-и воқеа бофта, онро ба воқеаҳои Беслан шабеҳ донистааст. Гӯё дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи деҳаи Чоркӯҳи Исфара панҷ тан муҳассилини синфи чорум ба ҳалокат расида бошанд.

 

Бо овардани чунин далели беасос маълум нест, ки ҳадафи муаллиф чист, маҳкуми нирӯҳои қудратӣ ва пуштибонии ду тан аз гумроҳони аъзои ҲИУ ва ё иғвои навбатӣ? Фақат як чиз равшан аст, ки таълифи чунин мақолаҳо боиси зиёд гардидани ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили иҷрои амалҳои террористӣ бо роҳи худтарконӣ мебошад. Зуҳуроти худтарконии террористон ва ба ҷиҳод рӯ овардани занон аз назари ислом, тамоман мавзӯи дигар аст, ки шояд рӯи он низ баргардем…

 

Вале айни ҳол мехостам дар бораи иддае аз қаламбадастоне, ки мисли зоғони сиёҳ гаштаю баргашта вазъияти Тоҷикистонро ба таври худ шарҳ дода, онро ҷангзо ва оғози набардҳои навбатӣ донистаанд,  чанд суханеро иброз намоям. Нооромиҳои минтақаи Рашт сабаб шуду аҳолии ҷумҳурӣ бори дигар ба яке аз пешвои дастаҳои мухолиф, сокини он минтақа Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки қаблан низ аз ҷараёни ҷанги нангини шаҳрвандии ҷумҳурӣ оиди ӯ маълумоти умумӣ доштанд, рӯ биёранд. 

 

Мисли ин ки расм шудааст, рӯзноманигорон яке аз пайи дигаре ба меҳмонии Мирзохӯҷа рафта, аз худ қаҳрамон тарошида, «таассурот»-ашонро дар шакли таҳлилу дурнамоҳо дар сомонаҳо нашр месозанд. Чанд моҳ пеш хабарнигорони «Азия-Плюс» Ольга Тутубалина ва Хайдар Шодиев ба таври муфассал ва мусаввар аз меҳмониашон ба хонаи Мирзохӯҷа қиссае таълиф намуда буданд. Чанд тан аз рӯзноманигорони мусофиру ватании дигарамон низ, аз худ хабарнигор-разведчик тарошида, аз минтақа дидан кардаву оиди он коғаз сиёҳ намуда буданд.

 

Инак, меҳмони навбатии Аҳмадов, Фарангиз Наҷибулло ном, гӯё хабарнигори родиёӣ будааст ва баъди «зиёфати рӯъёӣ» ба хулосае омадааст, ки дар Тоҷикистон боз як ҷанги дигар оғоз хоҳад шуд. Муаллиф «алам»-ҳои дилашро, ба монанди – навмедӣ аз интихоботи порлумонӣ, набудани корхонаҳо дар минтақа, камбуди барқ ва ғайраҳоро аз забони Мирзохӯҷа Аҳмадов оварда, ба хулосае омадааст, ки меҳвари асосии сар задании ҷанги навбатӣ маҳз дар ин минтақа хоҳад буд ва он дорои ҷанбаи исломист.

 

Аҷоибии кор дар он аст, ки боз онҳо аз набудани озодии сухан забони шиква боз карда, аз беҳуқуқии худ меноланд. Солҳои ахир чӣ рӯзномаву чӣ сомонаҳои интернетӣ дар бораи тамоми соҳибмансабону бемансабон хабарҳои росту дурӯғро ба чоп расонидаанд. Ростӣ, ҳатто хурсанд шудам, ки баъзеи онҳоро маҳдуд сохтанд. Имрӯз аз мӯҳтавои хабару мақолаҳои воситаҳои ахбори омма бармеояд, ки қувваҳои зиёде, чӣ дар дохили кишвар, чӣ берун аз он бо ҳар роҳе кӯшиш доранд, то дар Тоҷикистон ва сарҳади он вазъ ноором бошад, иншоотҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ бунёд нагарданд ва кишвари мо мавқеи стратегии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз даст диҳад.

 

Мӯҳтарам, рӯзноманигорони ҳақиқиву қалбакии таҳти тахаллус! Албатта, хонандагон «қаҳрамониҳо»-и шуморо ба назар мегиранд, лекин, илтимос, каме ватани худро низ дӯст бидоред. Мафҳуми Ватанро фаромӯш насозед, ки бо номи муқаддаси Модар як аст. Имрӯз давраи номусу нанг фаро расидааст. Маҳорати рӯзноманигорӣ, таҳлилгарӣ, суханбозӣ ва тамоми донишҳои андӯхтаатонро баҳри Ватан сарф намоед, то душманони дохилию берунӣ хору залил гарданд.

 

Дар тамоми давру замон аҳли қалам пуштибони Ватану миллати хеш буданд. Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ баромадҳои Левитан, ашъори даъватбори Ҳабиб Юсуфӣ ва даҳҳо дигар чунин даъватҳои рӯҳбаландкунанда ба мардум нерӯю қувваи нав зам мекард, то бар душман пирӯз оянд. Бикӯшед, то қаламатон туғён нагирад, онро бо ақлу тафаккур идора карда, ба роҳи ростӣ ҳидоят фармоед. Бори дигар бо қалами тези худ душманро мағлубу Тоҷикистони азизамонро обод созед!.

 

Махфират Дадабоева - ҷомеашинос

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3631-2010-11-21-20-11-01.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854