09:05:05 01-уми Июли 2025 сол

70-УМИН СОЛГАРДИ БИ-БИ-СИИ ФОРСӢ ВА БОЗТОБИ ТОҶИКИСТОН

BBC PersianБахши форсии Би-би-сӣ рӯзи сешанбеи 28 декабр ҳафтодсола мешавад. Агарчи алоқамандӣ ба матолиби радиои Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ҳатто дар замони ҷомеъаи бастаи Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошта, аммо бахши форсии Би-би-сӣ пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 расман вориди фазои иттилоотии ин кишвар шуд. Дар даврони шӯравии пешин рӯшанфикрони тоҷик ба таври махфӣ ба барномаҳои ин радиои гӯш медоданд ва дар авохири даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бархе аз хабарнигорони тоҷик бо радиои Би-би-сӣ ҳамкориро шурӯъ карданд. Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад ин матлабро дар бораи роҳи паймудаи бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон таҳия кардааст.

 

“Садои душман”

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи ин импротурӣ маҳсуб мешуд, радиои Би-би-сӣ дар канори радиоҳои “Садои Омрико”, “Озодӣ” ва “Садои Олмон” ба унвони “садои душман” шуниданаш мамнӯъ буд. Ба гуфтаи дуктур Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва аз муҳаққиқони нақши расонаҳои хориҷӣ дар фазои иттилоотии ин кишвар, пас аз фавти Иосиф Столин, раҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳадде озодии баён роиҷ шуда ва гурӯҳи кучаки рӯшанфикрони тоҷик барои пайдо кардани иттилоъи олтернотив ба радиоҳои хориҷӣ, аз ҷумла бахши форсии Би-би-сӣ рӯй оварданд.

 

Оқои Усмонов таъкид кард, ки ин кор хатари ҷиддиеро дар пай дошт ва фарде, ки ба ҳангоми гӯш додан ба радиои хориҷӣ боздошт мешуд, ба муддати аз ду то панҷ сол зиндонӣ мешуд. Дар нашрияҳои шӯравӣ дар даҳаи 1970 матлабе дар бораи афсари артиши ин кишвар мунташир шуда буд, ки ҳамсафҳояш ба ниҳодҳои амниятӣ дар бораи шунавандаи радиои Би-би-сӣ буданаш хабар дода ва ин афсар барои ин амал ба муддати 5 сол зиндонӣ шуда буд.

 

Нашрияҳои шӯравӣ кирдори ин афсарро ба унвони ҳаводори “садои душман” ва мубаллиғи ақоиди бегона шадидан маҳкум карда буданд. Бахши дигари сомеъони бахши форсии радиои Би-би-сӣ муҳоҷирони эронӣ буданд, ки дар садаи 20-ум ба далоили сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳанда шуда буданд. Заур Дахте, филмбардори саршиноси Тоҷикистон, ки дар соли 1950 бо хонаводааш аз Эрон ба Тоҷикистон кӯч карда буд, мегӯяд, бахши форсии радиои Би-би-сӣ аз маъдуд манобеъи иттилоъи воқеъӣ дар бораи ватанаш маҳсуб мешуд.

 

Ба гуфтаи оқои Дахте, бештари муҳоҷирони эронӣ куммунист буданд ва аз шунидани барномаҳои радои Би-би-сӣ тарс доштанд. Дар як маврид писари як муҳоҷири эронӣ ба ҳангоми сафари хориҷӣ бо бахши форсии радиои Би-би-сӣ мусоҳиба карда ва ба дунболи ин ҳодиса падари ӯ дар Тоҷикистон аз суфуфи ҳизби куммунист ихроҷ шуда буд. Зимнан, фарде, ки дар даврони шӯравӣ аз ҳизб хориҷ мешуд, аз симматҳои худ дар сохторҳои давлатӣ барканор шуда ва пайдо кардани машоғили хуб барояш душвор мегардид.

 

Расми шудани Би-би-сИ дар Тоҷикистон

Дар остонаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар авоили даҳаи 1990 дастрасӣ ба манобеъи иттилооти расонаҳои хориҷӣ бо шумули бахши форсии радиои Би-би-сӣ одӣ шуд. Дуктур Ҷовид Муқим, муҳаққиқи тоҷик гуфт, ки дар соли 1989 ҳамкории бархе аз хабарнигорон ва донишмандони тоҷик бо бахши форсии радиои Би-би-сӣ шурӯъ шуда ва мусоҳибаи Боқири Муъин, раиси бахши форсии ин радио бо Муҳиддини Олимпур, хабарнигори тоҷик дар бораи вазъияти сиёсӣ дар Тоҷикистон пахш гардид.

 

Ба гуфтаи дуктур Муқим бахши форсии радиои Би-би-сӣ аз ҷумлаи нахустин радиои хориҷӣ буд, ки дар соли 1993 дафтари худро дар шаҳри Душанбе боз карда ва дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон расман сабти ном шудааст.

 

Ҳарчанд дар замони оғози тазоҳуроти густардаи мухолифони давлати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар баҳори соли 1992, ки ҷанги дохилиро дар пай дошт, хабарнигорони бахши форсии Би-би-сӣ, аз ҷумла Маъсумаи Турфа аз шаҳри Ландан ба Душанбе омада ва ҳаводиси ин кишварро аз наздик дунбол мекарданд. Дар даҳаи 1990 Искандари Хатлонӣ, шоъир ва рӯзноманигори саршиноси тоҷик аз нахустин гузоришгарони бахши форсии Би-би-сӣ дар шаҳри Маскави Русия маҳсуб мешуд.

 

Би-би-сӢ - “намози шашум”

Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 нақш ва ҷойгоҳи Би-би-сӣ дар ин кишвар муҳим буд. Хабарнигорони бахшҳои форсӣ ва русии Би-би-сӣ бидуни тарсу ҳарос аз нуқоти доғ ва маҳалли даргириҳо гузоришҳо таҳия мекарданд.

 

Муҳиддин Олимпур, нахустин хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, ки таъсиси дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон бо фаъолияти ӯ мустақиман иртибот дорад, тавонист на танҳо аз масоили доғ дар замони ҷанги дохилӣ гузориш бидиҳад, балки бар танаввуъи гузоришҳои фарҳангии ин радио афзуд ва соири шунавандагони форсизабонро бо Тоҷикистон бештар ошно кард. Аммо соли 1995 ӯ ба дасти афроди мусаллаҳ кушта шуд ва ҳамкорони ӯ ба ироаи гузоришҳо аз Тоҷикистон идома доданд.

 

Ба гуфтаи Султони Ҳамад, сухангӯйи вақти Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон, бахусус, бахши форсии Би-би-сӣ дар миёни паноҳандагони тоҷик дар Афғонистон аз маҳбубияти вижае бархурдор буд. Оқои Ҳамад гуфт, ки паноҳандагони тоҷик дар урдугоҳҳо ё кампҳои Кундуз ва манотиқи дигари шимоли Афғонистон ин радиоро бо меҳр ва садоқат “намози шашум” мехонданд. Султони Ҳамад гуфт, “Сокинони камп бо садои баланд ҳамдигарро огоҳ мекарданд, ки “Би-би-сӣ қазо нашавад!”

 

Вай мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дастгоҳҳо барои шунидани барномаи радио кам буданд, маъмулан барномаи бахши форсии Би-би-сӣ сабт шуда ва дар маҳалли таҷаммӯъи паноҳандагон дубора пахш мешуд.

 

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди Иттиҳоди мухолифон ва раиси пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Зафар Сайидов, сухангӯйи вақти раиси ҷумҳурии ин кишвар мукарраран зимни ибрози назар дар мавриди Би-би-сӣ аз хидматҳои ин радио дар дастёбӣ ба сулҳ ва истиқрори субот дар Тоҷикистон қадрдонӣ кардаанд.

 

Оқои Нурӣ таъкид дошт, "Иттиҳоди мухолифон минбаре надошт ва танҳо тавассути радиои Би-би-сӣ ва “Озодӣ” назари худро иброз карда ва аз тариқи ин расонаҳо дар бораи вазъияти Тоҷикистон иттилоъи сареъ ва дақиқ дарёфт мекард".

 

Зимнан, Хадамоти иттилоъотию таҳлилии Иттиҳоди мухолифони пешини давлати Тоҷикистон дар ҷараёни муҳоҷират дар Афғонистон матолиби марбут ба Тоҷикистони бахши форсии радиои Би-би-сиро забт ва рӯйи коғаз меовард.

 

Би-би-сИ пули иртиботӢ буд

Бархе аз донишмандони тоҷику афғон аз наҳваи инъикоси рӯйдодҳои сиёсӣ аз ҷониби бахши форсии радиои Би-би-сӣ интиқод карда ва мегӯянд, умдатан таваҷҷӯҳи ин радио ба манотиқи ҷангзада ва даргир мутамаркиз будааст. Шамсулҳақи Ориёнфар, кордори фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Душанбе аз он ибрози нигаронӣ кард, ки дар пайи истиқрори субот дар Тоҷикистон барномаҳои бахши тоҷикии радиои Би-би-сӣ қатъ шуд.

 

Оқои Ориёнфар мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар бештари манотиқи Афғонистон неруи барқ интиқол намешавад, сокинони ин манотиқ танҳо аз тариқи радио аз ҳаводиси кишвари худ ва мамолики ҳамсоя огоҳ мешаванд. Ӯ таъкид кард, бидуни шак хидмати бахши форсии радиои Би-би-сӣ дар муаррифии фарҳанг ва русуму оини кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон бузург аст.

 

Гуфта мешавад, бархе аз сокинони Афғонистону Эрон ба василаи бахши форсии радиои Би-би-сӣ аз вуҷуди кишвари ҳамзабони Тоҷикистон иттилоъ ёфтаанд. Ба эътиқоди Гулрухсори Сафӣ, шоъираи саршиноси тоҷик, "ин радио дар зарфи даҳсолаи ахир нақши пули иртиботӣ миёни тоҷикон ва эрониҳою афғонҳоро бозидааст".

 

Тағйироти куллӢ дар Би-би-сИ

Роҳандозии сойти интернетии бахши форсии радиои Би-би-сӣ дар авохири даҳаи 1990 оғози ислоҳоти ҷиддӣ дар ин радио маҳсуб мешавад. Дар тобистони соли 2008 фаъолияти бахши тоҷикии радиои Би-би-сӣ қатъ шуда ва аз тариқи сойти интернетӣ барои ҳаводорони худ матолиб, видию, сӯҳбатҳои радиоӣ ва барномаҳои телевизиюнро пешкаш мекунад. Ду соле қабл телевизюни форсии Би-би-сӣ шурӯъ ба фаъолият кард, ки дар канори ҳаводиси ҷаҳон, Эрон ва Афғонистон аз рӯйдодҳои Тоҷикистон гузоришҳо пахш мекунад.

 

Мардони Муҳаммад, Би-Би-Си, Душанбе

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4000-70---------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ