03:44:48 02-уми Июли 2025 сол

"ГУЗОРИШГАРОНИ БИДУНИ МАРЗ" ХОСТОРИ ОЗОДИИ РӮЗНОМАНИГОРИ ТОҶИК ШУД

"Гузоришгарони бидуни марз", созмоне ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунад, хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори тоҷик шуд. Оқои Исмоилов аз торихи 23 ноябр бадинсӯ дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.

 

reporters_withoutСозмони "Гузоришгарони бидуни марз" бо интишори номае ба таърихи 28 декабр мегӯяд оқои Исмоилов ба дастури дафтари додситонӣ як рӯз пас аз нашри мақолае дар нашрияи "Истиқлол" дар бораи вуҷуди фасод ва тахаллуф дар ин ниҳод боздошт шудааст. Ин созмон, ки мақараш дар шазри Порис аст, муътақид аст, ки боздошти рӯзноманигор робитаи мустақим бо фаъолияти ҳирфаии ӯ дорад ва ҳадаф аз он қатъи фаъолияти ӯ ба унвони як хабарнигори минтақаӣ аст.

 

"Гузоришгарони бидуни марз" менависад тайи се соли фаъолият ба унвони гузоришгари нашрияҳои мухталиф, ба шумули ҳафтаномаи "Нури зиндагӣ" дар шаҳри Хуҷанд ӯ мақомоти маҳаллиро ҳадафи интиқод қарор додааст. Ин созмон изҳори таассуф кардааст, ки танҳо вокуниши мақомот ба интиқодоти ин рӯзноманигор боздошти ӯ будааст. Ин ниҳоди ҳимоят аз озодии баён дар дархости худ гуфтааст, шак дорад, ки таҳқиқоти Анвар Қаноъат ба унвони бозрас бетарафона бошад.

 

Оқои Исмоилов тибқи чандин банди қонуни кайфарии Тоҷикистон ба туҳмат, тавҳини мақомот, таҳрики танаффури мазҳабӣ ва қавмӣ ва аххозӣ муттаҳам мешавад. Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" хостори озодии оқои Исмоилов то замони оғози муҳокима дар додгоҳ шудааст. Ин созмон мегӯяд муҳокимаи ин рӯзноманигор бояд мунсифона бошад ва оқои Исмоилов аз ҳуқуқи истифода аз вакили мудофеъи мустақил бархурдор бошад.

 

Қарор аст муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар авохири моҳи январи соли оянда баргузор шавад ва додгоҳи вилояти Суғд ҳукм кардааст, ки ӯ то замони оғози муҳокима бояд дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шавад. Ҷумъаи Мирзо сардабири нашрияи "Нури зиндагӣ" гуфтааст аз додситонӣ номае дарёфт кардааст, ки дар он аз нашрия хоста шуда нусхаи ҳамаи матолиби таълифшуда тавассути оқои Исмоилов дар ихтиёри додситонӣ гузошта шавад.

 

"Гузоришгарони бидуни марз" менависад пас аз саркӯбии моҳи сентябр тавассути мақомоти Тоҷикистон вазъи матбуъот ва дастрасӣ ба итилоъот дар ин кишвар ҳанӯз ба ҳолати оддӣ барнагаштааст. Чандин сайти интернетӣ дар ироаи иттилоъот ҳанӯз ба мушкилот рӯбарӯ ҳастанд ва бархе нашрияҳо аз қабили "Фараҷ" ва "Пайкон" ба худ наомадаанд ва дар дарёфти хадамоти чоп ба мушкил мувоҷеҳ ҳастанд.

 

Ба таърихи 16 декабр Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ), як созмони омрикоии мудофеъи озодии баён низ аз давлати Тоҷикистон хоста буд, ки иттиҳомоти ба гуфтаи он дорои ангезаҳои сиёсӣ алайҳи оқои Исмоиловро беэътибор ва худи ӯро фавран озод кунад. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, овардааст, ки оқои Исмоилов ба хотири нашри матолиби интиқодӣ алайҳи мақомот боздошт шудааст.

 

Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки тайи соли 2010 дар Тоҷикистон ҳудуди шаш нашрия бо баҳонаҳои мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде низ барои нашри матолиби интиқодомез бо фишори мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ будаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4017-q--q-----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ