12:45:46 01-уми Июли 2025 сол

ҲУКМИ ДОДГОҲИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ АЛАЙҲИ "МИЛЛАТ"

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нашрияи “Миллат”-ро ба чопи раддияи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва пардохти ғаромат ба ин вазорат муваззаф кардааст.

 

gazeta millatБар асоси ҳукми додгоҳ, ки рӯзи сешанбеи 8 феврал эълом шуд, ин ҳафтанома ба Вазорати кишоварзӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ё беш аз 300 дулори омрикоӣ бояд пардохт кунад. Баҳси нашрияи мустақиллиМиллатбо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳудуди як сол қабл дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шурӯъ шуда ва ҳамакнун ҳукми он эълом гардид. Адолати Мирзо, сардабири нашрияи “Миллат”, ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳукми додгоҳ барои мо мисли пари коҳе арзиш надорад ва ба фаъолияти журнолистии мо таъсире нахоҳад гузошт."

 

Дар матлабе, ки дар сойти интернетии “Миллат” мунташир шудааст, ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар қиболи ин нашрия ғайриқонунӣ арзёбӣ шудааст. Дар ин матлаб омадааст: "Тибқи қавонини Тоҷикистон, зарари маънавӣ ба шахси зинда расонда мешавад, на ба вазорат. Аз ин лиҳоз, баррасии ин мавзӯъ дар додгоҳ муғойир бо қавонини кишвар аст."

 

"Аз сӯйи дигар, қозии додгоҳ мавориди ҷой доштани фасод дар вазорати кишоварзиро, ки аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ ошкор шуда ва дар расонаҳои хориҷию дохилӣ бозтоб ёфта буданд, ба ҳангоми эъломи ҳукм ба назари эътибор нагирифт."

 

Нашрияи “Миллат” қасд дорад дар мавриди ин ҳукм ба догоҳи истинофӣ (кассатсионӣ) шикоят барад. Моҳи декабри соли 2009 Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе номаи шикоятӣ ирсол карда ва дар он масъулони нашрияи “Миллат”-ро барои чопи матлабе ба унвони “Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод” ба "тавҳин ба шаъну шарафи худ" муттаҳам карда буд.

 

Ин вазорат аз нашрияи "Миллат" дархости пардохти беш аз як милюн сомонӣ ғаромат ё товон карда ва ваъда дода буд, ки ин маблағро ба суратҳисоби нерӯгоҳи “Роғун” ирсол мекунад. Дар муқобил, ҳафтаномаи "Миллат" низ аз вазорати кишоварзӣ ба иттиҳоми нақзи қонуни матбуъот ба додгоҳ шикоят карда ва аз ин ниҳод пардохти як сомонӣ ё ҳудуди 23 сентро тақозо карда буд.

 

Қазияи "ASIA-Plus"

Дар ҳамин ҳол, интизор мерафт рӯзи душанбеи 7 феврал дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии муқаддамотии қазияи байни нашрияи “ASIA-Plus” ва бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон баргузор шавад. Аммо ба далели ҳозир нашудани ҷониби муддаъӣ ин ҷаласа то ба як ҳафтаи дигар ба таъвиқ афтодааст.

 

Дар пайи чопи матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus” таҳти унвони “Бозрасӣ ё истинтоқ?” дар 21 декабри соли гузашта дар мавриди истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ Анвар Тағоймуродов, раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба "таҳвину бӯҳтон" муттаҳам кардааст.

 

Шикоят алайҳи молики "Пайкон"

Дар таҳаввуле дигар, Вазорати адлияи Тоҷикистон аз Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ, як созмони мустақил дар ин кишвар, ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурда ва хостори мутаваққиф кардани фаъолияти ин созмон шудааст. Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмон ва сардабири нашрияи “Пайкон”, гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдоми вазорат эҷоди маҳдудият дар фаъолияти ин ҳафтаномаи мустақил аст.

 

Ба гуфтаи оқои Толибов, Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ муассис ва молики нашрияи “Пайкон” буда ва ин нашрия дар моҳҳои октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар бораи вазир ва Вазорати адлия матолиби интиқодӣ чоп карда буд. Ӯ гуфт барои бори аввал нест, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ба нашрияи “Пайкон” фишор ворид мешавад.

 

Дар авохири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе нашрияи мустақилли "Пайкон"-ро муваззаф карда буд, ки маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ба "Тоҷикстандарт", як ниҳоди нозир бар колоҳои воридотӣ дар Тоҷикистон, ғаромат пардозад. Ин ниҳод нашрияи "Пайкон"-ро ба иттиҳомоти мушобеҳ, яъне тавҳину туҳмат муттаҳам карда буд.

 

Ҳамчунин, дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта фаъолияти нашрияи “Пайкон” як муддат мутаваққиф шуда буд. Гуруӯҳҳои дохилӣ ва байналмилалии мудофеъи озодии баён аз мавориди ба додгоҳ кашидани нашрияҳо дар Тоҷикистон ҳамвора интиқод карда ва гуфтаанд, ки ин маворид ба густариши худсонсурӣ дар миёни рӯзноанигорон хоҳад анҷомид.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4375-hukmi-dodgohi-nohiyai-firdavsi.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ