08:31:00 01-уми Июли 2025 сол

А. МИРЗО: "ХУДКОМАҲО БОЯД АЗ САРНАВИШТИ МУБОРАК БИТАРСАНД"

Мушкили матбуот ё "дарди кӮҳна"

-Шумо ба унвони як нафари огоҳ аз ҳавлу ҳолу таҳавулоти матбуоти Тоҷикистон дар мавриди ҳодисаи қатъи чоп ва дубора фаъол шудани нашрияҳои "Фараж", "Нигоҳ" ва "Пайкон" чӣ назар доред?

 

-Дар Тоҷикистон ҳар касе маризияш шиддат мегирад, унвонаш мекунанд саратон шудааст. Вале дар асл хеле аз ин маризиҳо саратон нест, балки маризиҳои кӯҳнашуда ҳастанд. Баста шудани нашрияҳо дар ҳар шароите мисли ҳамон маризиҳои кӯҳнашудаи Тоҷикистон ҳастанд. Ин як заъфи ниҳодҳои мудофеи озодии баён дар Тоҷикистон аст, ки натиҷаи корашон ин шуда, ки имрӯз қариб ҳеҷ нашрияи дарозумр дар Тоҷикистон надорем.

 

Ҳар боре, ки ҳар нашрия бо ҳар далеле дар Тоҷикистон баста мешавад, мо ба ин бетафовут назар мекунем. Яъне на дарсе аз ин мегирем ва на вокуниши шадиде ҳам дар мавриди ин изҳор медорем. Аз ин рӯ, баста шудани нашрияҳо ин ҳамон идомаи баста шудани нашрияҳо аз соли навад аст, ки мо натавонистем аз ҳаққи худ дифоъ кунем. Вақте ки нашрия наметавонад аз ҳаққи худаш дифоъ кунад, он нашрия чӣ гуна метавонад аз ҳаққи мардум дифоъ кунад?!

 

Ҳанӯз масоили бисёр ҳалношудае дар расонаҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, ки муносибати дурустро чӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ва чӣ аз сӯи ниҳодҳои мудофеи озодии баён тақозо мекунад. Мо бояд тарзи дурусти расидагӣ ба масъаларо ҷустуҷӯ бикунем, ки бо чӣ роҳҳое метавон ба ин масъала расидагӣ кард. Ба ёд оваред баста шудани нашрияҳои "Рӯзи нав", "Оламу Одам" ва "Нерӯи Сухан"-ро дар соли 2004. Танҳо бо нашри чанд баёния иктифо кардем. Соҳибони ин нашрияҳо ва мудофеони озодии баён талоши ҷиддӣ ба харҷ надоданд. Мо пеш аз дардро даво бахшидан, бояд ташхис бикунем, ки ин дард аз куҷо маншаъ мегирад. Баъд ба мудаввои он шурӯъ бикунем.

 

Ӯзномаҳои нимҷон"

- Фикр мекунед он маншаи дард чӣ буд?

 

-Дар ин ҷо чанд омил аст. Омили аввал ирода ва ихлос надоштани аксари кули мақомоти давлатӣ ба матбуоти озод аст. Агарчанд таъмини озодии сухан, ки тавассути озодии матбуот амалӣ мешавад, вазифаи конститутсионии давлат ва ҳукумат аст. Аммо, мутаассифона, мақомот ҳама парвардаи тафаккури коммунистиянд ва ин талаботи конститутсия эъломия боқӣ мемонад Аммо онро аз миён низ бурда ба куллӣ наметавонад, чун талаби дунё ва конститутсия аст. Барои ҳамин рӯзномаҳои ба истилоҳ нимҷон дорем. Як омили дигар ин аст, ки ҳанӯз нашрияҳое, ки дар Тоҷикистон бо заҳмат бунёд бишаванд, кам ҳастанд.

 

Яъне бо талоши худи хабарнигорон ба таври худҷӯш. Кам ҳастанд ва онҳое ҳам, ки буданд, бар асари мушкилоти молӣ аз байн мераванд. Дуюм омил тарзи нодурусти муносибати созмонҳои имдодрасон, яъне мудаиёни мудофеи озодии баён ҳаст, ки нигоҳи яксон ба тамоми нашрияҳо надоранд. Яъне тарзи муносиботи ин созмонҳо, ҳамкории онҳо бо нашрияҳо яксон нест. Ҳамин аст, ки мегӯянд «тафриқа андозу ҳукумат намо». Муносибати нодуруст ба нашрияҳо боис шудааст, ки ваҳдати касбӣ дар миёни худи рӯзноманигорон вуҷуд надорад ва ин расонаҳоро ба ғайридавлатӣ ва давлатӣ ҷудо кардааст.

 

"Баёнияҳои пари коҳ"

-Яъне маншаъ ва ё омиле, ки боис шуд нашрияҳо баста шаванд, ин аст ки созмонҳои имдодрасон ба онҳо кӯмак накарданд ва ё ин аст, ки ин нашрияҳо ба таври худҷӯш фаъол нашуданд. Далел ин аст?

 

-Вақте мо мегӯем созмонҳои имдодрасон ба ин мушкил расидагии дуруст накарданд, кӯмак накарданд ба маънои танҳо кӯмаки молӣ нест. Ҳамон кӯмакҳое, ки як ду дафъа дар бораи баста шудани ин нашрияҳо гуфтанд, бо ҳамин тамом. Масалан, баҳсе, ки имрӯз матбуоти Тоҷикистон ба миён мегузорад, яъне набудани матбааҳои мустақил аст, ки расидагӣ намешавад. Набудани матбааи мустақил боис ба он мешавад, ки ҳар дафъа ҳукумат аз ҳамон фишанги истифода аз матбааҳо кор бигирад.

 

Кори амалие, ки ин созмонҳо метавонистанд бикунанд, масалан дар қазияҳои додгоҳӣ мо ҳам ба онҳо пешниҳод кардем, ки шумо ҳаққи адвокатро пардохт кунед, мо ҳатман пирӯз мешавем. Ҳоло ҳам мегўям, мутмаин бошед, мо пирӯз мешавем, қариб ҳамаи нашрияҳо пирӯз мешаванд, чун ҳарфи ҷинояте назадаанд, онҳо фақат бояд маоши адвокатро таъмин кунанд, халос. Вале инро накарданд, ба ҷои он ҳазорон кори беҳуда ва нишасти нодаркору баёнияе, ки пари коҳ арзиш надоранд, ҳар рӯз содир мекунанд.

 

"Матбааҳо низ мустақил нестанд"

- То ҷое огоҳ ҳастед он нашрияҳое, ки як муддат натавонистанд чоп шаванд, назди матбааҳои мустақил ҳам рафтанд ва онҳо ҳам гуфтанд, ки мутаассифона мо наметавонем шуморо чоп кунем. Ҳарчанд ки барои ин кор пул ба даст меоваранд. Вале боз ҳам ин созмонҳои мудофеи озодии баён монеаи чопи ин нашрияҳо шуда бошанд, ба фикри Шумо?

 

-Матбааҳое ҳам, ки чунин далоилро пеш меоранд, маълум мешавад, ки як ниҳоди мустақил нестанд, зери фишори шояд ниҳодҳои молиёт қарор мегиранд ё ниҳодҳои дигар. Фикр мекунам, агар ки ин матбааҳо фаъолияти шаффоф дошта бошанд, ҳатман пул чизи ширине аст, мераванд ба дунболи онки нашрияҳоро чоп кунанд. Омили дигараш ин аст, ки нашрияҳо теъдоди зиёде надоранд ва он пуле ҳам, ки аз чопи онҳо матбааҳо ба даст меоранд аз он дарди саре, ки барояшон эҷод мешавад камтар аст.

 

"Пессимизми хабарнигорон"

- Яъне фикр мекунед, ки дар ин маврид ҳеҷ таъсири ҳукумат ё мақомоти ҳукуматӣ барои аз чоп боздоштану бастани ин нашрияҳо набуд?

 

-Не, чаро? Мо фикр мекунем, ки ин мушкил вуҷуд дошт. Фишор мустақим буд. Ҳама онро эҳсос мекард. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам иқрор кард, ки чанд сомонаи мустақилро барои таъмини амнияти давлат масдуд карда буданд. Шояд дар мавриди матбуот ҳам ҳамчунин изҳори назареро интизор шуд, ки баён бишавад. Бесабаб наметавонад, ки ин нашрияҳо худ ба худ аз чоп бимонанд. Бояд дастандаркорони ин нашрияҳо ба умқи ҳамон чиз мерафтанд.

 

Шояд он матбааҳоеро, ки бо онҳо шартнома доштанд, ба додгоҳ мекашиданд, ки қонунро нақз карданд. Мо одат кардем, ки аз қонунҳои мавҷуда истифода намекунем. Ё иктифо мекунем, ки ин ҷо дасти зӯри кадом нерӯе ҳаст ва мо нотавон ҳастем. Яъне пессимизми соҳибони худи матбуот боис ба он мешаваад, ки мушкил бештар бишавад, то камтар.

 

"Эрон дар пушти ҳукумати Тоҷикистон"

- Нашрияи «Тайм» дар гузорише дар бораи даҳ роҳбари кишварҳое, ки дар ҳоли шикаст қарор доранд, исми раиси ҷумҳури Тоҷикистонро низ зикр кардааст. Шумо ба ин арзёбӣ чӣ назар доред?

 

-Фикр мекунам ин як навъ назари зоҳирӣ ва сатҳист. Нигоҳе аз дуриҳои дур аст, ки ба кишвари мо чунин баҳо додааст. Хелеҳо дар дохил ва дар хориҷ аз Тоҷикистон мунтазири он рӯзанд, ки ҳукумат ҳарчи зудтар табдил бишавад. Вале ин аз соли 1993 то ба ҳол ба як хоб табдил шудааст. Он гуна, ки матбуоти ғарб баҳогузорӣ кардааст он гуна нест. Яъне як баҳогузории дурусте накардааст. Чаро исми Узбакистон, ки мо медонем як кишвари худкома аст дар ин лист ворид нашудааст? Ин танҳо ба хотири он аст, ки баҳои дурусте ба кишварҳо дар ғарб гузошта намешавад.

 

Онҳо бо такя ба он ҳаводисе, ки ахиран дар Тоҷикистон рух дод, хулоса кардаанд. Вале мову шумо, ки дар Тоҷикистон ҳастем ба ин суол, ки ба ҳаводиси ахири Тоҷикистон кадом нерӯ ва кӣ даст дошт, посухи дақиқ дар даст надорем. Ҳодисаи фирори зиндониён аз маҳбаси муҳими ҳукумати Тоҷикистон ба дунболи он иттифоқоти Хуҷанду Рашт ва дигару дигарҳо то ҳоли ҳозир он нафаре, ки бар дӯш бигирад, ки ин ҳаводисро ҳамон нерӯҳо содир кардаанд ҳамчуноне, ки теракти Домодедовро гурӯҳе бар дӯш гирифт чунин чизе дар Тоҷикистон нест.

 

Барои ҳамин, ҳоло мо посухи дурусте, ки дар паси ин ҳаводис кӣ меистад, дасти кӣ аст ҳукумат ва ё нерӯҳои хориҷ дар даст надорем. Яъне мо намедонем ҳоло ки ин нишони заъфи ҳукумат аст ё зўри он. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ба он андозае, ки дар ғарб фикр мекунанд заиф нест. Вақте худаш дар мавриди ҳодисаҳо аз ҷумла ҳаводиси шарқи Тоҷикистон тасмим мегирад, далели ин гуфтаҳост. Яъне Русияе, ки яке аз пуштибонҳои аслии ҳукумат ба шумор мерафт ҳанӯз изҳори назаре дар мавриди сард шудани муносиботаш баён надоштааст. Дуввум, қудрате, ки ҳукумати кунуниро пуштибонӣ мекунад ин Ирон аст.

 

Ахиран раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ирон оқои Машоӣ ҳам гуфт, ки «ҳама бояд бидонад, мо дар пушти давлати Тоҷикистон қатъан истодаем ва пуштибонӣ мекунем». Ин як сухани хушку беасаре нест. Ҳанӯз қудратҳое дар пушти ин ҳукумат меистад, ки мо наметавонем дар мавриди завол ёфтани ҳукумат ниҳодина фикр кунем, ки воқеан ин чиз аст. Ин гуна нест. Ё ҳадди ақал ман чунин нишонаеро аз ҳоло эҳсос намекунам. Шояд дигарон иттилои бештаре дошта бошанд. Фикр намекунам, розӣ нестам ба он чизе, ки дар «Тайм» чоп шудааст. Хулосабарорӣ ва баҳояш мунсифона нест. Ин ҳам мисли ҳамон баёнияҳои созмонҳои пуштибони рӯзномаҳост.

 

"Иштибоҳи худкомаҳо"

- Аммо назари шумо дар мавриди онки бархе аз гурӯҳҳо чун ҳукуматро гирифтанд дигар намехоҳанд бидиҳанд ва бо ҳар роҳҳо бо тағйири Қонуни асосӣ бо баргузории раъйпурсиҳо мехоҳанд ҳукуматашон бештар шавад чӣ аст ва ин корҳо то куҷо ба манфиати мардум аст?

 

-Бубинед, сӯҳбати мо дар рӯзҳое иттифоқ афтод, ки Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш канор рафт. Ба ин шева рафтани Муборак бояд паёме ба он кишварҳои худкома бошад, ки оқибат сарнавишти ҳамаи онҳо чунин хоҳад буд. Иштибоҳи инҳо чӣ аст? Иштибоҳи онҳо ин аст, ки мехоҳанд дар сохтори ҷумҳурӣ аз усулҳои шоҳӣ истифода бикунанд, ки ин амри бисёр нодуруст аст. Намешавад. Инҳо доранд бо сохтори ҷумҳурӣ бозӣ мекунанд. Вале дар ин маврид боз ҳам дасти ғарб ҳаст. Муносибати нодурусти ғарб бо давлатҳои худкома боиси он шудааст, ки ин ба як эпидимия табдил шавад дар минтақа.

 

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4450-adolati-mirzo-khudkonaho-az-sarnavishti-muborak-bitarsand.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ