ДОДХОҲИИ ХОНАВОДАИ УРУНБОЙ УСМОНОВ АЗ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН
Аъзои хонаводаи Урунбой Усмонов бо гузашти шаш рӯз аз боздошти вай иҷозаи дидор бо ӯро наёфтаанд. Аҳли хонаводаи Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, дар муроҷиъатномае ба раиси ҷумҳурии ин кишвар хостори озодии ӯ шудаанд.

Дар ин муроҷиъатнома, ки тавассути шаш тан аз аъзои хонаводаи оқои Усмонов имзо шуда, омадааст, ки падари ин хонавода ҳаргиз тарафдори ҳеч гурӯҳи мазҳабии ғайриқонунӣ набуда, баръакс ҳамеша барои ободию осоиштагии ватани худ хидмат кардааст. Мӯҳтавои муроҷиъатномаи аъзои хонаводаи Урунбой Усмонов аз ин қарор аст:
Ҷаноби Раисиҷумҳури гиромӣ!
Мо фарзандони Уринбой Усмон, равшанфикр ва рӯзноманигори шастсолае ҳастем, ки тамоми умрашро вақфи пешрафту шукуфоии Ватанамон Тоҷикистон кардааст. Ӯ ҳаргиз алайҳи миллат ва кишвари худ нияти баде надошта ва кори баде раво надидааст. Инро на танҳо мардуми ноҳияи мо Б.Ғафуров, балки садҳо тан аз равшанфикрони вилояти Суғд бахубӣ медонанд.
Уринбой Усмон дар тӯли 40 сол фаъъолияти рӯзноманигории худ аз рӯзгори талху ширини Тоҷикистон беғаразона гузориш дода ва анҷоми вазифа кардааст. Вай аз ҷумла аз талошҳои Шумо дар роҳи пешрафти кишварамон, бавижа дар ростои барқарории сулҳу субот, борҳо гузориш таҳия кардааст. Барои намуна, падари мо Уринбой Усмон дар яке аз гузоришҳои худ ба БиБиСӣ роҷеъ ба суханронии Шумо навишта буд:
«Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ҳангоми суханрониаш дар нишасте, ки ба муносибати даҳсолагии паймони сулҳ анҷом гирифт, таъкид кард, ки бо имзои паймони сулҳ нерӯҳои ҳар ду тараф пеш аз ҳама давлат ва миллатро наҷот доданд». Падари азизи мо имрӯз дар маҳбас аст. Мо ҳанӯз намедонем, ки чаро ӯро боздошт кардаанд. Мо ҳанӯз нафаҳмидаем, ки чаро хонаи моро бозҷӯӣ карданд. Мо ҳанӯз хабар надорем, ки чаро ба мо ва вакили мудофеъ иҷоза намедиҳанд, ки падарро бибинем.
Мо мутаассифем, ки дар ҷомеъае, ки Шумо мехоҳед бисозед ва мо, ҷавононро бо даъвати худ ба сӯи ояндаи равшан илҳом мебахшед, як марди бегуноҳ, рӯзноманигор ва нависандаи шинохташуда ва солмандро боздошт ва латукӯб мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, ки наздиконаш ӯро бибинанд. Хонаводаи мо ҳаргиз ҳаводори ҳеч гурӯҳи динию мазҳабӣ набудааст. Ин ҳақиқатест, ки имрӯза ҳамаи равшанфикрон ва ҳамсоягон, ки падарамон ва моро мешиносанд, сари забонҳо доранд.
Ҷаноби Раисиҷумҳури арҷманд!
Мо ба кумаки Шумо барои озодсозии падарамон чашми умед дӯхтаем. Падарамон Уринбой Усмон, нависанда, рӯзноманигор, падар ва падарбузурги меҳрубон Меҳани худ Тоҷикистонро бисёр дӯст медорад ва аслан қавмгаро, миллигаро ё мутаъассиби мазҳабию динӣ нест.
Бо ибрози умед ва эътимоди қавӣ ба Шумо
Хонаводаи Уринбой Усмонов:
Ойбек Усмонов
Малоҳат Абдуазимова
Диёра Усмонова
Ирода Раҳимова
Ойдин Мирзоева
Муноҷот Усмонова
Би-Би-Си
Шарҳҳо
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.
Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
RSS Обуна