АКБАРИ САТТОР: “НАМЕТАВОНАМ ДАР САФИ ОППОЗИТСИЯ БОШАМ”
Гуфтугӯ бо Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон ва мудири кулли шабакаи нашаротии “Чархи гардун”.
Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, мудири кулли шабакаи нашаротии “Чархи гардун”. Соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хидмати сарбозиро дар замони Шӯравӣ дар Сибир ба анҷом мерасонад. Ба шӯъбаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил шуда ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург)-и Русияро хатм мекунад. Кори хабарнигориро дар нашрияи “Тоҷикистони Шӯравӣ” оғоз кардааст. Сипас, ба сифати мудири шӯъба барои кор ба “Садои мардум” даъват мешавад. Бо оғози муқовиматҳои дохилӣ чанд муддат тарки пеша карда, даст ба тиҷорат мезанад. Дар соли 1994 нашрияи “Дайджест-пресс”-ро бунёд ниҳода ва ҳамин тавр дар солҳои минбаъда чопи нашрияҳои фарҳангиву фароғатӣ ва кӯдаконаеро бо номҳои “Чархи гардун”, “Авитсенна”, “Аладдин”, “Анӯшервон”, “Зан ва мард”-ро ба роҳ мемонад. Аз соли 2006 ба ин сӯ раёсати Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид. Вай, ки барои бори дуввум раиси Иттиҳодияи журналистон интихоб шудааст, аз чеҳраҳои муҳим дар майдони расонаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аз обрӯи хубе ҳам дар миёни маҳофили мухталифи журналистӣ бархӯрдор аст. Ӯ чандин нашрия, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад.
Акбари Саттор: Таъсири нашрияҳо ва навиштаҳои рӯзноманигорон буд, ки интихоби раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бидуни алтернатива сурат гирифт. Зеро дар арафаи анҷумани ИЖТ ва махсусан як ҳафтаи пеш аз баргузории он масъалаи интихоби раис дар расонаҳо ба ҳар шакле инъикос ёфт, ки аксарият аз номзадии банда пуштибонии худро изҳор доштанд. Нафаре ҳам, ки мехост дар баробари раиси феълӣ номзадиашро пеш гузорад, шояд баъди мутолиаи ин навиштаҳо аз нияти худ даст кашид.
Аз ҷониби дигар бардоштани бори вазнини ин вазифа душвориҳоеро дорад, ки на ҳар кас метавонад ба зимма бигирад. ИЖ-и имрӯза ИЖ-и давраи Шӯравӣ нест. Аслан ин Иттифоқ як Иттифоқи фурӯрафтаву пошхӯрдае буд, ки танҳо ба ном вуҷуд дошт. Тайи панҷ соли гузашта мо талош кардем, ки онро барқарор карда, рӯзноманигоронро дар ҳайати он ба ҳам оварем. Вале ин як кори осон набуд. Зеро, масалан, муносибат бо мо комилан мутафовит ва то ҳадде хастакунанда ҳам буд. Барои мисол, созмонҳои байнулмилалӣ бар ин гумонанд, ки ИЖТ як созмони давлатӣ аст ва аз ин рӯ аз ҳамкорӣ бо мо ҳарос мекунанд.
Баръакс, ниҳодҳои давлатӣ аз изҳороту баёния ва умуман мавқеъгирии ИЖТ, ки дар баробари мушкилоти озодии баён ва нисбат ба дигар масъалаҳо эътироз мекунанд ва гоҳо ИЖТ-ро фурӯхташудаи созмонҳои байнулмилалӣ меҳисобанд. Яъне, ки байни обу оташ. Дар чунин вазъият як роҳи миёнаву мӯътадилро пайдо кардан кори осон набуд. Ман тӯли панҷ сол чунин бархӯрдро эҳсос кардам. Шояд ҳамин мушкилҳоро дигарон низ пай бурданд ва гуфтанд, акнун, ки оғоз кардааст, бигузор ба анҷом расонад ва аз номзадии ман дастгирӣ карданд.
“ИЖТ моли Акбари Саттор нест...”
- Аз ҷараёни кори анҷуман низ эҳсос мешуд, ки номзадии Шумо бидуни алтернатива пешниҳод мешавад. Ҳарчанд ташвиқ ҳам карданд, ки интихобот набояд бидуни рақобат баргузор шавад, аммо касе дигар пешниҳод нашуд. Ҳоло мегӯянд, ки ин “тарзи кор” аз қабл “гапзанон” шуда буд...
-Як гурӯҳи тадорукотӣ, ки ба кори анҷуман машғул буданд, гуфтанд, ки раис, биё, як коре кунем, ки интихобот бо алтернатива сурат бигирад. Мисли баъзе аз ҳизбҳо нашавад. Нафареро меёбем, худамон пешбарӣ мекунем, вале медонем, ки ӯ намегузарад. Ман гуфтам: не. Зид баромадам. Барои чӣ? Барои он ки ман ҳеҷ вақт одами найрангбоз ва ба чунин дасисаҳову бозиҳо омехта набудам. Наметавонам бозӣ кунам. Ман одами реалӣ-воқеиам. Гуфтам дар ҳамон ҷо касе агар мард бошад, марҳамат ба майдон барояд. Ман ҳам дар баробари вай мебароям ва барномаи корамро пешниҳод мекунам. Бигузор вакилон ҳақ ва ихтиёри интихоб дошта бошанд. Мутаассифона, чунин нашуд.
Танҳо номзадии Сайёфи Мизроб пешниҳод шуд, ки худи Сайёф ба ҷиҳати саломатӣ номзадиашро пас гирифт. Вале чуноне мушоҳида кардед, дар раёсати нав тақрибан роҳбарони ҳама созмонҳои журналистии Тоҷикистон аъзо шуданд. Аз ҷумла, Хуршеди Атовулло, Нуриддин Қаршибоев, Зиннатуллои Исмоил, Рустами Ҷонӣ ва чандин нафари дигар. Ҳузури онҳо дар раёсати Иттифоқи журналистон гуногунандеширо ба вуҷуд хоҳад овард. Ман аз таҷрибаи пешинаи кор дар Иттифоқ ба чунин натиҷа расидам, ки ҳатман дар раёсат бояд гуногунандешӣ, гуногунназариву гуногунмавқеӣ ҷо дошта бошад.
Чун дар раёсати қаблӣ ҳама дорои як андеша ва назар буд ва ҳеҷ вақт баҳс ҳам рух намедод. Агар ҳамеша гапи раис гапи асосӣ бошад, он вақт кор пеш намеравад. Ба ман ҳатто гуфтанд, ки чунин шахсонро ҷамъ месозӣ, фикр намекунӣ, ки фардо аз дастат зада мегиранд. Ин моли Акбари Саттор нест. Моли ҷамъият аст. Панҷ сол пеш ҳам ман намехостам, ки раиси ИЖТ бошам. Танҳо як сухан, ки гуфтанд: “худат ба ИЖ ниёз надорӣ, лекин имрӯз ин Иттифоқ ба худат барин одам ниёз дорад” боис шуд, ки ба ин вазифа розӣ шавам. Ҳамон вақт ҳам пурсишҳо доир карда ба натиҷае расида буданд, ки ман метавонам бо ҳамаи ҷонибҳо забон биёбам. Ҳамин мӯътадилии хислати ман шояд сабаб низ шуда бошад, ки вакилон дар ду давра маро интихоб мекунанд.
“Сухан” дубора фаъол мешавад?
-Ҳоло ки интихоб шудед, муҳимтарин ва наздиктарин вазифаҳои ИЖТ чӣ хоҳад буд?
-Пеш аз ҳама такмили сохтори ИЖ. Зеро сохтораш бисёр заиф аст, чун манбаъи молиявиаш заиф мебошад. Дар анҷуман мушкилоти зиёди соҳа зикр карда шуд. Аз ҷумла, дар бораи тарбияи кадрҳо. Имрӯз аз Донишгоҳи миллӣ барои таҷрибаомӯзӣ тақрибан ки намеоянд. Ин мушкили рақами аввал аст. Дигар ин ки бо гузашти бист сол аз истиқлолият мо истиқлолияти иттиллоотӣ надорем. Мо кишвари мустақил ҳамагӣ як рӯзнома дорем. Ҳоло мо андеша дорем, ки АЖР яъне Оҷонси тадқиқоти журналистиро дар назди ИЖ ташкил намоем.
Ин ниятро пештар низ доштем, аммо барои иҷрои он маблағ зарур аст. Азбаски муҳассилини факултетҳои журналистӣ аз ҳамкорӣ бо мо дурӣ меҷӯянд, мо тасмим гирифтем шӯъбаҳои ин Оҷонсиро дар назди ҳамин факултетҳо ифтитоҳ намоем. Он чизе, ки мо супориш медиҳем ва ё он чизе, ки худи рӯзноманигорони донишҷӯ пешниҳод ва омода мекунанд, мо дар асоси қарордод ба нашрияҳо мефурӯшем. Ҳамчунин талош хоҳем кард, ки “Сухан”-нашрияи ИЖТ-ро дубора фаъол созем. Пештар ду шумора чоп кардем, аммо боз ҳам мушкили молӣ имкон надод, ки ба чопи он идома диҳем.
“Ахлоқи исломӣ” ё “ахлоқи инсонӣ”?
-Шумо беш аз бист сол аст, ки дар саҳнаи матбуот фаъолият доред ва бо такя ба таҷриба ва малакае, ки дар ин арса ҳосил кардед, оё метавонед бигӯед, ки нақши ҳокимияти чаҳорум дар Тоҷикистон то чӣ ҳад муассир аст?
-Ман дар бораи “ҳокимиятҳо” гуфтанро дӯст намедорам. Вале аз он солҳое, ки барои аввалин маротиба ба чопи нашрияи хусусӣ даст задам, солҳои 1994-95-96 ҳамин чизро метавонам бигӯям, ки он замон мардум аз сиёсат ва аз тиру туфангу ҷанг безор шуда буд. Мо сари вақт ва дар маҳаллу замони лозим даст ба кор шудем. Он нашрияҳои фароғатие, ки ман таъсис додам, аз ҷумла “Чархи Гардун” ба инъикоси мавзӯи иҷтимоӣ, варзиш, ахлоқу одоб ва мушкилоти хонаводаҳо машғул шуданд. Аммо ҳамон вақт ҳам мушкилот буд. Масалан, зикри калимаи “исломӣ” дар матбуот кори саҳл набуд. Як вақт мо рубрика доштем бо номи “Ахлоқи исломӣ”.
Аз чандин ҷо вокуниш шуд, ки чаро боз исломӣ? Ман гуфтам, ки на, мо он чизе, ки дар ислом ҳаст, онро гирифта ба мардум медиҳем, яъне панду ахлоқ, тарғиби чизи дигар нест. Баъди чунин суханҳову фишорҳо мо онро бо “Ахлоқи инсонӣ” иваз кардем. Ёдам ҳаст, як бор мо як шеъри Бозор Собирро, ки аз радиои «Озодӣ» шунида навишта карда буданд, бо сурати хандони шоир дар саҳифаи аввал чоп кардем. Он қадар аз ҷониби мардум вокуниш нишон дода шуд, ки мо тасаввур намекардем. Онҳо мегуфтанд, вақте хондем, фикр кардем дар Тоҷикистон сулҳ омадааст. Мо он вақт мавзӯъҳоеро ба мардум пешкаш кардем, ки ба дарди мардум мехӯрд.
Барои мисол мо «телефони боварӣ» доштем. Мардум омада гап мезад, алами дилашро мебаровард, аламзада зиёд буд: фарзанд, модар падар ва бародар гум карда буданд. Лекин ин рисолати он давраи рӯзнома буд. Имрӯз талаботи мардум дигар шудааст. Ҳоло бо он қиссаҳои хонаводагӣ наметавон харидор пайдо кард. Ба онҳо ахбори босифат ва таҳлилҳои амиқ даркор. Вале ҳоло, ки мо мехоҳем ба ин корҳо машғул шавем, кадр надорем. Чандин рӯзноманигори боқуввати мо ҳоло соҳиби рӯзнома шуда аз навиштан бозмондаанд. Онҳо акнун манфиатҳои пулӣ ва молии рӯзномаи худро, манфиатҳои гурӯҳи худро пеш мебаранд. Манфиатҳои мо дигархелтар, манфиати пулӣ шуд. Аз манфиатҳои журналистӣ хеле дур шудем.
“Журналистика дар мо озод аст”
-Яъне, ҳанӯз матбуот дар Тоҷикистон «ҳокимияти чаҳорум» нашудааст?
-Вақте ҳокимияти чаҳорум мешавад, ки сухани журналист қадр пайдо кунад. Дар даврони Шӯравӣ ҳарчанд матбуот идора мешуд, аммо қадр дошт. Ҳар як нуқта тафтиш мешуд. Имрӯз озодӣ додаанд, ки марҳамат гуфтан гиред, аммо вокуниш нест. Ҳам аз рӯи қонунгузорӣ ва ҳам аз журналистика мо озодиҳои бештар дорем.
Шояд дар боло ҳам ҳамин тавр маслиҳат шуда бошад, ки монед гуфтан гиранд, дар хориҷа мегӯем, ки дар мо озодии сухан вуҷуд дорад. Дар Қазоқистон барои мисол қариб тамоми журналистика дар дасти магнатҳои нафту газ аст. Ҳатто созмонҳое, ки аз тарафи хориҷиён маблағгузорӣ мешаванд низ дар дасти онҳост. Дар мо чӣ? Соҳибрӯзнома худи рӯзноманигорон ҳастанд. Ягон хориҷӣ ҳеҷ кадом аз рӯзномаҳои моро маблағгузорӣ намекунад. Барои ҳамин журналистика дар мо озодтар аст.
“Камбағал толеънома мехонад”
-Чун сухан дар бораи манфиатҳои молии нашрияҳо рафт, оё метавонед гӯед, ки ҳафтаномаҳои ғайридавлатии мо то чӣ андоза мустақиланд? Яъне, вобастаи гурӯҳ ва ё фармоишгар нестанд...
-Ман дар бораи фармоишот чизе намедонам, аммо он гоҳ метавон мустақил буд, ки аз ҷиҳати молӣ нашрия худкифо бошад. Дар асл ягон ҳафтаномаи мо худкифо нест. Маоши кам медиҳем, барои кадрҳои хубро ҷалб кардан пули хуб пешниҳод намекунем. Агар як нафар хоҳад дар ягон рӯзномаи мо реклама диҳад, даҳ нафари дигар аз дунболи ӯ медаванд, ки биёву рекламаатро ба мо низ бидеҳ. Бозори хеле заиф дорем. Яъне ҳар қадар, ки реклама зиёд шавад, ҳамон қадар метавон худкифо шуд. Дар мо кӣ реклама медиҳад? Аслан созмонҳои хориҷӣ ва он ширкатҳое, ки байни худ рақобат доранд. Ширкатҳои мобиливу дару тирезасозӣ, дигар нест.
Масалан, мо хостем дар бораи тарабхонаҳои шаҳри Душанбе дар ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” як замима, як саҳифаи ранга чоп кунем, ки ин метавонист барои хориҷиён як рекламаи хуб шавад. Аз 38 тарабхона танҳо якеаш пул доду гуфт, ки моро реклама накунед (механдад). Мо аз онҳо пули зиёд напурсида будем, ҳамагӣ 100 доллар барои як саҳифаи ранга, ки барои тарабхона пуле нест. Аз рекламадиҳӣ метарсанд. Аз ин хотир ман гуфтаниам, ки то тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон рушд накунад, рӯзнома ҳам рушд намекунад. Ахбор ба кӣ даркор аст? Ахбор барои одаме, ки кор мекунад, даркор аст. Камбағал телевизор тамошо мекунад, гороскоп мехонаду бо ҳамин вассалом.
-Оне, ки пул доду хоҳиш кард, ки реклама накунед, шояд аз андозу дигар чизҳо тарсид...
-Шояд сабаб тарс ҳам бошад, чун мардуми мо аз озодона дар бораи тиҷорати худ гуфтан метарсанд. Баръакс, кӯшиш мекунанд, ки пинҳон кунанд. Чашм мерасад мегӯянд, баъзеҳо аз мақомотҳои тафтишӣ метарсанд, шояд.
Хуб аст, ки бо корду автомат намезананд...
-Ин ҷо дар мавриди бархӯрди давлат бо расонаҳо ёдовар шудед. Инак, панҷ сол як давраи роҳбариро пушти сар кардед, муносибати давлатро бо расонаҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Ба ҳар сурат аз соли 2005, ки фармони президент дар бораи баргузории нишастҳои матбуотӣ содир шуд ва ҳоло онро ба ду маротиба дар сол коҳиш доданд, фикр мекунам, як дастгирии хеле хуби роҳбари давлат буд, ки расонаҳо ҳар се моҳ бо нафари аввал во мехӯрданд. Амри таҳти рақами 622 низ дастгирии хуб аст. Аммо ин чиновникҳои поёнӣ ҳастанд, ки ҳама корро расво мекунанд. Ният нияти хуб буд ва нав самараи худро медод, механизми худро пайдо карда буд, ки онро барҳам доданд. Худи раисҷумҳур қариб дар ҳамаи маҷлисҳо аз журналистон дифоъ мекунад ва мегӯяд, инҳо шахсоне ҳастанд, ки буғи ҷомеаро мебароранд.
Ин бисёр кори хуб аст, хусусан, вақте ки мо ба созмонҳои байналхалқӣ, ки аъзояшон ҳастему ҳисобот медиҳем. Дар кишварҳои исломӣ аз мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ сухан мекунем, дар Аврупо мо пеш аз ҳама аз озодии сухан меболем. Имиҷи роҳбарияти давлат дар хориҷи кишвар мусбат аст, аммо ин судбозиҳои вақтҳои ахир метавонанд дар он халал ворид кунанд. Аз як тараф хуб аст, ки моро бо корду автомат намезананду ҳоло ба суд медиҳанд. Ин хуб аст, чун худи мо тақозои демократия кардем, аммо ин судбозиҳо аксарияташ беасос сурат мегиранд. Ин ҳам як расм шудааст дар ҷомеаи мо.
Ҳозир ҳамсоя ҳамсояро, додар бародарро ба додгоҳ мекашанд. Қазияҳои додгоҳӣ на танҳо дар рӯзномаҳо, балки миёни ҷомеа ва хусусан миёни навоиладорҳо хеле зиёд шудаанд. Манфиатхоҳӣ зиёд шуд. Ҳозир миёни мансабдорони мо боз як расми дигар пайдо шудааст. Агар ягон мақолаи танқидӣ чоп кунӣ, мегӯянд, ҳа, ман медонам ин мақолаи “заказной” аст. Бародарони мансабдор, охир инҳо журналист ҳастанд ва ин вазифаи онҳо аст. Танқид кардан ин вазифаи асосии журналистика аст. Ифшо кардани камбудии шумо ин вазифаи ҷониву калидии журналист аст.
Ман худам хуб медонам, ки кадом мақола супоришиву кадомаш бӯи шашлик ё бӯи доллар мекунад. Ман инро зуд эҳсос мекунам дар ҳар кадом рӯзномае, ки чунин мақоларо бихонам. Матлаби супоришӣ ин шахс ва ё ниҳодро, аз поя мезанад, решаатро меканад. Супоришӣ ин хел мешавад. Он чизҳое, ки ҳоло сарсарӣ менависанд куҷои он супоришӣ аст? Вале аз рӯи мушоҳидаҳои ман таҳмили андешаҳо ниҳоят зиёд шудааст дар журналистикаи тоҷик. Такя на ба факту рақамҳо, балки такя ба андешаҳои шахсӣ. Ин бад аст, албатта. Барои он ки мо худамонро набояд аз ҷомеа боло донем.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>