16:41:43 15-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Ҳафтаномаи «Озодагон» дар шумораи ахири хеш саҳифаи анъанавии назарсанҷиашро бо суоли «Тоҷикистон кай аз бӯҳрон мебарояд?» омода сохтааст. Зулфиқори Исмоилиён шореҳи масоили иқтисодӣ дар посух ба ин суол гуфтааст, ки дар солҳои наздик ба ин суол посух гирифтан хеле душвор аст: 

«Агар дар сурате, ки Русия ва Қазоқистон аз бӯҳрон берун шаванд ва тамоми корхонаҳо, бахши хусусии ин ду кишвар фаъолияташонро дубора аз сар гиранд, мо метавонем аз ҳисоби муҳоҷирони кориамон як каме маблағ ба даст орем. Дар он сурат мо метавонем сатҳи зиндагии мардумро то ҷое беҳтар кунем, вале на аз сӯйи бахши иқтисоди давлати худ, балки аз ҳисоби муҳоҷирон».

Акоша Кабирӣ, узви раёсати ҲНИТ дар посухи ин савол чунин иброз доштааст: «То замоне, ки мо ба иқтисодиёти кишварҳои беруна вобастагӣ дорем, масъалаи аз бӯҳрон рaҳо шудани Тоҷикистон низ ба онҳо вобастааст. Барои аз бӯҳрон баромадан мо бояд иқтисодиёти дохилии худро дошта бошему онро худи мо идора кунем, на бегонагон ва новобаста аз таъсироти беруна ҳадди ақал 50 дар сади истеҳсолотамон дохилӣ бошад. Ҳамчунин бояд 90 дар сад қувваи кории мо дар дохили кишвар бошад». 

Дар посухи ин суол нуқтаи назари бархе аз роҳбарони дигар аҳзоби сиёсӣ ва иқтисодшиносон низ ироа шудааст. «Зани тоҷик ба Арабистон биравад?», «Кӣ ба парлумони оянда раҳ хоҳад ёфт?», «Забони модарӣ болотар аз қонун аст» ва «Дарднок аст, вақте журналистика фурӯхта шудааст» аз дигар матолиби ҷолиби ҳафтаномаи «Озодагон» дар ин ҳафта мебошад.

Дар арафаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзҳои наздик масъалаи ҳузури минбаъдаи ҳарбиёни рус, хоса Пойгоҳии низомии 201-и Русия дарТоҷикистонро низ баррасӣ намояд, ҳафтаномаи «Нигоҳ» таҳти унвони «Пулакӣ шудани ҳузури пойгоҳи 201-и Русия» матлаберо ба нашр расондааст, ки дар он афкори сиёсатмадорон, рӯзноманигорони тоҷику русро оиди ин масъала ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар ин миён хулосаи ҳайати таҳририяи «Нигоҳ» хеле ҷолиб ба назар мерасад: 

«Дар доираҳои коршиносии чӣ Тоҷикистон ва чӣ Русия, тақрибан як андеша зиёд такрор мешавад: «Роҳбарияти сохторҳои қудратии Тоҷикистон аксаран русгароянд ва ин бурди Русия ҳаст». Вале таҷрибаи ду соли ахир, ба хусус ҳодисаи 2-феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм, ки бо кушта шудани Олег Захарченко ба итмом расид, қазияи «митинги Хоруғ», ки ба зудӣ ҳалли худро ёфт, худкушии вазири собиқи корҳои дохилӣ Маҳмадназар Солеҳов ва ҳодисаҳои ахири Тавилдара, ки бо марги собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Мирзо Зиёев анҷом ёфт, далели онанд, ки ин андеша дигар воқеият надорад. Дар ҳар сурат, бо расонаӣ кардани баҳс русҳо боз ҳам нишон доданд, ки илоҷи дигаре ба ҷуз аз сар кардани гуфтушунид дар мавриди пулакӣ кардани ҳузури низомиёни рус бо Душанберо надоранд. Пас, метавон гуфт, ки русҳо дигар фишанге болои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон надоранд?». 

Раҳматилло Зойиров раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар навбати худ гуфтааст, ки «Русия бо Тоҷикистон солҳои охир ваъдабозиҳои бисёр кард. Куҷо шуданд 2 миллиард доллар сармояи ваъдашуда? Куҷо шуд ваъдаи ба итмом расонидани бунёди ИБО-и «Роғун»? Магар бе пардохти маблағ барои 10 сол ҷой гирифтани ҳарбиёни шарики стротегӣ дар Тоҷикистон ба ивази ин сармоягузорӣ набуд? Ё ин ҳукуматҳо аз мо чизеро пинҳон медоранд? Бовар дорам, ки сиёсатмадорону мардумони ҳарду кишвар ба ин саволҳо ҷавобҳои аниқ ва расмӣ гирифтан мехоҳанд, вале алҳол нагирифтаанд».


Дар ҳамин шумораи «Нигоҳ» таҳти унвони «Президент мешудам, ислоҳоти кадрӣ мегузаронидам!» мусоҳибае бо Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба табъ расидааст, ки низ хонданибоб аст.

«Расул баргард!... Агар аз касе озурдаӣ, Ватан гуноҳе надорад». Ин суханони Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистонро ҳайати таҳририяи ҳафтаномаи «Миллат», ки ин ҳафта чорсолагии таъсиси хешро таҷлил намуданд, унвони сармақолаи хеш қарор додаанд. Сарвари ҷавонони Тоҷикистон дар робита бо хабарҳое, ки тибқи онҳо дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин гӯштингири тарзи дзюдо Расул Боқиев минбаъд дар оянда шарафи спортии Русияро ҳимоят хоҳад кард, андешаҳои худро ба ҳафтаномаи «Миллат» иброз доштааст. ӯ аз ҷумла чунин гуфтааст: 

«Расул раҳгум задааст. ӯ ба хатогии бузурге роҳ дода истодааст. Ман ӯро хуб мешиносам ва боз таъкид мекунам, ки Расул бисёр ҷавони хушахлоқ, ботамкин ва самимӣ аст. Ман ин хислатҳои Расулро дар Пекин мушоҳида кардам… Ӯро шахсони гирду атрофаш ба ин роҳ кашидаанд. Хуб, имрӯз, ки ӯ соҳиби ҳунар аст, ба Русия даркор шудааст. Аммо агар худое накарда , як ҷояш як латмае бихӯраду қувваозмоӣ карда натавонад ва ё ба натиҷаҳои хуб нарасад, дарҳол ӯ барои онҳо нодаркор мешавад. Дар чунин ҳолат, ки аз Ватан ба хотир кадом кадом подоше рӯ гардондааст, дигар ба Ватан баргашта наметавонад. Албатта дарҳои Тоҷикистон ба рӯи фарзандонаш ҳамеша боз аст. Расул ҳар лаҳза метавонад ба Ватан баргардад, аммо дар чунин ҳолат Ватан бозгашташро хуш қабул нахоҳад кард».

Аз ҳалокати Аҳмадшоҳи Масъуд бузургтарин фармондеҳи Афғонистон, шери Панҷшер 9-и сентябр 8 сол мегузарад. Ҳафтаномаи русзабони «Азия-плюс» дар сармақолаи хеш, ки сабабҳои ҳалокати Аҳмадшоҳи Масъудро ба баррасӣ гирифтааст, кӯшидааст то ба ин паҳлӯи масъала равшанӣ андозад. Муаллифи мақола Билоли Шамс, ки ба тозагӣ аз сафари Афғонистон баргаштааст, асосан бо такя ба гуфтаҳои журналисти афғон, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Кобул» Фаҳими Даштӣ ҳодисаи куштори Аҳмадшоҳи Масъудро бозгӯ кардааст. Тибқи гуфтаҳои Фаҳими Даштӣ, ки ҳини сӯйиқасд дар паҳлӯи Аҳмадшоҳи Масъуд будааст, террори Аҳмадшоҳ аз сӯйи арабҳои зархариди ба ном журналист, амалӣ гаштааст.

Ҳафтаномаи «СССР» дар саҳифаи аввали ин шуморааш барои ҳаводорони шеъру адаб хабари хушеро ба нашр расондааст. «Бозор Собир бармегардад». Чуноне ки дар ин хабар омадааст: «Дар ин бора шоир ба хабарнигори СССР дар сӯҳбати телефонӣ дарак дод. Ба гуфтаи шоир, ӯ пас аз хатми моҳи шарифи Рамазон, тақрибан рӯзҳои 18-20 сентябр ба Тоҷикистон меояд!... Ва муҳимтар аз ин устод гуфтанд, ки дар Тоҷикистон ягона кори ҷамъиятие, ки шояд кунанд, ин масъулияти як саҳифаи газетаи дӯстдоштании СССР-ро бар дӯш гирифтан хоҳад буд».

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар шумораи ахири худ дар гӯшаи назм зери унвони «Чорзарби дил» дубайтиҳои тозаэҷоди шоираи ширикаломи тоҷик, Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона бонуро ба табъ расондааст, ки намунаи чанде онро хидмати Шумо муштариёни гиромии сомони «Рӯзгор» мекунем:

Фақат имон амони туст, эй дил,
Радифи ҷовидони туст, эй дил.
Ҳамеша ишқ, ишқ, оре, фақат ишқ,
Азони туст, азони туст, эй дил.

Баро, эй офтоби гармҷавлон,
Ки мурдам зери дандони зимистон.
Диламро аз таҳи ях ор берун,
Ба фасли васл бараз фасли ҳиҷрон.


Саломе бар рубобиҳо фиристам,
Қиёме бар китобиҳо фиристам,
Зи ёрон гарчи барфиҳо гирифтам,
Ба посух офтобиҳо фиристам.

Ғурури ман зи гардунҳо баланд аст,
Баландии тавозӯъам дучанд аст,
Ғурури ман ба аҳли кибр тозад,
Тавозӯъам ба халқи мустаманд аст.

Дуӣ кардам бубахшо, эй ягона,
Ало яктотарини бедугона.
Чу ишқи мо аз аввал мустақим аст,
Нагунҷад қосиде андар миёна.


«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi