23:57:28 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ҶАШНИ 100 - СОЛАГИИ МАТБУОТИ ТОҶИК

 

11-уми март ба шарафи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар тақвимҳои кишвар ҳамчун Рӯзи матбуот дарҷ шудааст. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии собиқро ба унвони санаи иди касбии худ таҷлил мекарданд.

press_dayАммо баъди баҳсҳо миёни равшанфикрони Тоҷикистон бар сари таъйини рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми марти соли 1912, рӯзи интишори «Бухорои Шариф», нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, сар аз соли 1994 ба ҳайси Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфта шудааст.

Нахустшумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрияи сирф бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад. Асосгузори нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд.

Ин нашрия пас аз чопи 153 шумора дар 1-уми январи соли 1913 аз чоп монд. Аммо нашри «Бухорои шариф» заминаро барои рӯи чоп омадани маҷаллаву рӯзномаҳои дигари тоҷикӣ, аз ҷумла “Шӯълаи инқилоб” ва “Овози тоҷик” фароҳам кард. Ба муносибати Рӯзи матбуот, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ҷамъе аз хабарнигорон дар Театри опера ва балети Душанбе суханронӣ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки моддаҳои"тӯҳмат" ва "таҳқир"аз Қонуни ҷиноии кишвар ҳазф шавад. Ба таъбири раисиҷумҳури Тоҷикистон «на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд». Ба изофа афзуд ӯ, «баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд.»

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати адлия супориш дод, ки тарҳи ислоҳотро ҷиҳати аз қонуни ҷиноии кишвар лағв кардани моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» ва ба қонунгузории шаҳрвандӣ шомил кардани онҳо омода кунад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ аз бархе мушкилоти матбуоти тоҷик, аз ҷумла набуди як Ниҳоди тавзеъкунандаи нашрияҳо (почта) ёдовар шуда, иллати рӯи чоп наомадани як рӯзномаи ҳамарӯза дар кишварро ба он марбут донист. Ҷаноби Раҳмон ба масъулони Хадамоти алоқаи кишвар дастур дод, ки ҳарчи зудтар пайи ислоҳи ин камбуд шаванд.

Матбуотчиёни тоҷик иди касбии худро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки вазъи озодии баён, ба хусус расонаҳо дар Тоҷикистон ҳамвора дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ матраҳ будааст.

Хоса дар чанд соли ахир вазъи расонаҳо ва озодии баён дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Зеро дар ин муддат мавориди ба додгоҳ кашонидани расонаҳои ба хусус мустақил афзоиш ёфта ва ин раванд аз маҳдуд шудани озодии баён дар кишвар дарак медиҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi