ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?
Нашрияи «Миллат» мақолаи баҳсбарангези журналисти варзида Раҳматкарими Давлат «Гулрухсор баъди 20 сол боз ҳам иштибоҳ мекунад»-ро мавзӯи асосии худ дар ин ҳафта қарор додааст.Дар оғози ин мақола, ки бештар ба мактуби кушода мемонад, муаллиф сабаби ба даст қалам гирифтани худро ба ин тарз шарҳ медиҳад:
«Ахиран суханонеро, ки аз шоири саршинос ва шахсияти маъруфамон бону Гулрухсор шунидам, ки мегуфт, дуруст аст, ки мо дар бист соли пеш чунин ақида доштем, ки бояд ба хаттӣ форсӣ гузашт, аммо он вақт хато карда будаем. Мутмаинан, устод, акнун низ иштибоҳ мекунед, тардид надошта бошед, ки агар фикр мекунед, иштибоҳ кардаед, он иштибоҳатон ҳам ношӣ аз мактаби бо хатти кириллӣ хондаи шумо буд. Акнун ҳам, ки ғалат мекунед, боз ҳам пайёмади ҳамон мактаб ва хатест, ки хондаед ва медонед. Шояд як сӯҳбататон, агар иштибоҳ накунам бо Аҳмади Шомлу буд, ёдатон бошад, ки пазируфта будед, ки калимаи «олуда»-ро нодуруст истифода кардаед. Бача будам, ки хондам ва шумо иқрор карда будед, ки мо тӯли ин ҳама сол аз асли худамону забонамон бегона шудем. Аммо агар имрӯз боз ҳам ба ҳамон «олудаи»-атон баргаштед, чӣ ҳайф…».
Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Озодагон» Зафар Сӯфӣ сармақолаи хешро ба иди «Рӯзи муаллимон», ки ҳар сол якшанбеи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, ихтисос додааст. Дар ин матлаб азҷумла омадааст:
«Иддаоҳои масъулини соҳаи маориф дар ин бора, ки вазъи муаллимон имрӯз бартару беҳтар аз замони шӯравист, оё то чӣ ҳад баёгари воқеият ҳаст? Чаро сатҳи таълим дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии тоҷикӣ дар он ҳадде нест, ки мардум бо камоли эътимод фардои фарзандонашонро ба он вобаста донанд? Агар чунин аст чаро ба ҷои 80 нафар донишомӯз ба мактаби туркӣ 800 нафар довталабанд ва падару модари онҳо розианд, барои таҳсили фарзандонашон дар ин мактаб солона 800 доллар бипардозанд? Хулоса, гуфтан мушкил аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон барои муллим маблағ нест. Ҳукумат ҳамасола дар буҷаи давлат маболиғи зиёдеро маҳз ба соҳа ихтисос медиҳад ва аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ низ лоиаҳои калонҳаҷме ба даст меорад. Суоли матраҳ ин аст, ки маблағҳои мазкур ба куҷо ё ба кисаи кӣ мераванд?».
«Тақдири пойгоҳи низомии 201-и Русия: назарҳои мустақил» чунин номида шуда буд мизи гирде, ки он рӯзи 29-уми сентябр дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ибтикори оҷонсии иттилоотии тозатаъсиси «Тоjnews» баргузор гадида буд. Нашрияи «Нигоҳ» аз ин баҳс гузориши муфассалеро таҳия намудааст, ки дар он андешаҳои коршиносони мустақил оиди ин қазия ироа шудаанд.
Ба муносибати 50-солагии Телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи 3-и октябр ҷашн гирифта мешавад, дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» матлабе ба нашр расидааст, ки «Оё имрӯз телевизиони Тоҷикистон рисолати худро иҷро мекунад?» ном дорад. Дар он Абдураҳмон Абдуманнонов, муовини директори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ба ин савол посухи мусбат додааст:
«Ба андешаи ман, то ин вақт телевизион рисолати бар ӯҳдааш вогузоршударо, ҳаддалимкон иҷро намудааст ва феълан низ, мекунад». Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон дар ҷавоби ин суол андешаи дигар дорад: «Телевизиони тоҷик рисолати аслии хешро мукаммал иҷро карда наметавонад. Зеро телевизион бояд як воситаи иттилоъ расондан ба мардум бошад ва аз сарчашмаҳои гуногун истифода намояд. Ахбор ҷамъ овардан ва барои мардум пахш намудан аз рисолатҳои аслии телевизион маҳсуб меёбад. Мутаассифона телевизиони тоҷик бештар ба таблиғи санъат, ба нишон додани консертҳои ҳунармандони тоҷик ва баъзе барномаҳои фармоишӣ машғул аст, ки ин ба дарди мардум ҷавобгӯ нест. Фаромӯш набояд кард, ки телевизиони Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ фаъолият мекунад ва бояд плюрализми афкорро дар ҷомеъа таъмин намояд. Аммо телевизиони Тоҷикистон бештар ба таблиғоти давлатӣ машғул аст, ки ба андешаи ман, дар ҷомеаи демократӣ қобили қабул нест».
Нашрияи ҲНИТ «Наҷот» таҳти рубрикаи «Пурсиши ҳафта» саволи «Қонунгузории кишвар интихоботи шаффоф ва демократиро таъмин мекунад?»-ро ба миён гузоштааст. Дар посух ба ин суол Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ азҷумла чунин гуфтааст:
«Имрӯз қонунгузории кишвар дар бораи интихобот гузаронидани интихоботи шаффоф ва одилонаро таъмин карда наметавонад. Сараввал, худи комиссияҳои интихоботӣ аз ҳокимияти иҷпоия вобастаанд. Илова бар ин вақте, ки Президент раиси як ҳизби сиёсист. Ин аллакай маълум аст, ки вай беғараз шуда наметавонад ва интихоботро ба манфиати ҳизби худаш ташкил мекунад. Дуввум масъала он аст, ки дар комиссияҳои ҳавзавӣ ҳизбҳои сиёсӣ якнафарӣ намоянда пешниҳод кардаанд, лекин комиссияҳои ҳавзаваӣ дар интихобот мавқеи ҳалкунанда надоранд. Ин ҷо нақши ҳалкунандаро раиси ҳавза, муовини вай ва котиби ҳавза мебозанд.
Дар комиссияҳои участкавӣ бошад, аз рӯи қонунгузорӣ. Ҳизбҳои сиёсӣ намоянда надоранд. Ин дар холест, ки тақдири интихобот дар комиссияи участкавӣ ҳал имешавад». Маҳмадалӣ Ҳаит муовини раиси ҲНИТ дар ин мавзӯъ чунин андеша дорад: «Қонунҳои амалкунандаи интихоботи Маҷлиси олӣ ва интихоботҳои маҷлисҳои маҳаллии кишвар агарчи қонунҳои бад ҳам набошанд, вале ба талаботи замон ва меъёрҳои байналмилалии интихобот ҷавобгӯ нестанд…
Соли гузашта дар паёми солонаи худ Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «ман баргузории интихоботҳои шаффофу демократиро дар Тоҷикистон кафолат медиҳам». Вале ман танҳо дар сурате ба ин кафолати Президент бовар хоҳам кард, ки агар ба қонунҳои феълии интихобот тағйироту иловаҳо дохил карда шаванд».
Дар ҳамин ҳол Мӯсо Асозода, раиси кумитаи иҷроияи шаҳри душанбегии ҲХДТ бар ин бовар аст, « албатта интихоботи соли 2010 шаффоф ва озод баргузор мегардад, ки он ба нафъи кишвари мо, пеш аз ҳама ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон» мебошад», омадааст дар нашрияи «Наҷот».
«ЧеркиЗОН-2 ё қиссаи муҳоҷири тоҷик дар бозори калонтарини Маскав» чунин ном дорад маводе, ки дар ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» ба нашр расидааст. «Ин мавод баъди намоиши филми ҳуҷҷатии «Черкизон» дар шабакаи аввали Русия тайёр шуд. Муаллиф А. Мамонтов баъди баста шудани бозори калонтарини Маскав-«Черкиз» филме таҳия кардааст, сухан бобати бозор, вазъи ҷиноии он, соҳибони бозор- муҳоҷирини ҷамоҳири Озарбойҷон, Чин, Ветнам, ӯзбекистон ва Тоҷикистон меравад.
Аз чӣ бошад, ки дар ин филм гӯё қаҳрамони асосӣ тоҷикон будаанд.Мувофиқи суханрониҳои сардори Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии назди додситонӣ Бастирикин «Бозори Черкиз ин худ давлате буд дар дохили давлати Русия»,- навишта шудааст дар оғози матлаб. Дар идомаи мақолаи аҳволи бади тоҷикони ин бозор ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Дар мақолаи Исфандиёр Халилов «Интерпол бояд биҷӯяд», ки дар ҳафтаномаи «Пайкон» ба нашр расидааст, сухан дар бораи рабуда шудани қадимтарин нусхаи китоби Таврот меравад. «Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон китобе аз дасти шаҳрванд Муҳиддин Шарбатов рабуда шудааст, ки ба қавли соҳиби он нусхаи қадимии Торо (Таврот) мебошад. Рабояндаи китоб Хуршед Каримов дар таърихи 28-уми август як сӯиқасд ба ҷони Шарбатов мекунад ва мехоҳад бо банд гулӯи ӯро фишорад.
Вале оқои Шарбатов бо чолокӣ худро ба рӯд меандозад ва аз чанголи ин мард халос мешавад. Лекин Хуршед Каримов китоби Тороро ба яғмо мебарад. Сухангӯи вазорати дохила Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ки айни ҳол Хуршед Каримов мавриди ҷустуҷӯй қарор дорад ва дар сурати боздошт китоб агар қадимӣ бошад, бо арзиши муайяне аз соҳибаш харидорӣ ва дар Осорхонаи миллӣ нигаҳдорӣ хоҳад шуд».
«Рӯзгор»