ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?
Аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе ҳамоиши байналмилалии «Мероси Имоми Аъзам ва аҳамияти он дар гуфтугӯйи тамаддунҳо»-ро, ки 5-6-и октябри соли 2009 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, мавзӯйи асосии матолиби хеш қарор додаанд.
Ба хусус, нашрияи ҲНИТ «Наҷот» ба ин масъала ду саҳифаи хешро ихтисос додааст. Муаллифи матлаби «Имоми Аъзам» дар Душанбе» суханони меҳмононро дар бораи аҳамияти ин ҳамоиш мисол оварда аз ҷумла менависад: «Устод Аминуддин Музаффарӣ, муншии маҷлиси саноеи Афғонистон таъкид мекунад, ки таҷлил ва бузургдошти саромади мазҳабӣ ҳанафӣ ба манзури маҳдуд сохтани дигар мазоҳиб дар Ислом нест, балки даъват ба ҳамгироӣ ва тавҳиди миллату мазоҳиб аст… Доктор Мазҳарӣ, устоди Донишгоҳи Панҷоби Покистон бошад, мегӯяд, ки ҷашни Имоми Аъзам ва таҷаммуъи уламои саршиноси олами Ислом дар Тоҷикистон далели ба ҳам омадани мусалмонон дар баробари хатароти фарҳангии ҷаҳони муосир аст».
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо яке аз меҳмонони пойтахт иштирокчии ҳамин ҳамоиш Шайх Муҳаммадсолеҳи Пурдил, ки яке аз чеҳраҳои маъруфи олами Ислом буда, аз Бандари Аббоси Ҷумҳуриии Исломии Эрон ба Душанбе омадааст, мусоҳибае доир кардааст.Дар посух ба суоли хабарнигор, ки оё дар конфронси мазкур омилҳои ваҳдатофарин ба чашм мехӯрданд ё на, чунин иброз доштааст:
«Қатъан ба чашм мерасид. Ғайримусулмонҳо иштирок доштанд. Баҳс ин ки мо ба ҳам шаффоф бошем, мудоҳима накунем. Ҳарфи диламонро бизанем, нагӯем, ки даъват шудем ба конфронс, ҳарфе бизанем, ки баргузоркунандагон дӯст доранд... Мо бояд ҳарфе бизанем, ки Худо ва Расули Худо (С) дӯст доранд… Мехоҳам бо ҳам шоффоф бошем, нуктаҳои муштаракро гирем, дар нуктаҳое, ки ихтилоф дорем, ҳамдигарро маъзур дорем, ба ҳамдигар эҳтиром қоил бишавем».
Муаллифи мақолаи «Петух запевал; Саддом Ҳусейн Имом шуд ё Симпозиуми байналмилалӣ ва тарҷумонҳои сатҳи маҳаллӣ» (ҳафтаномаи «Миллат») Зоҳири Давлат дар баробари тамҷид аз сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш ва аҳамияти он дар баланд шудани обрӯййи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ инчунин сифати пасти кори тарҷумонҳоро дар ин конфронс зери тозиёнаи танқид гирифтааст. ӯ баъди овардани мисолҳои зиёди тарҷумаи нодуруст суханрониҳои меҳмонони хориҷӣ азҷумла чунин менависад:
«Агар чунин иштибоҳҳо дар оянда ислоҳ нашаванд, ба гумон аст, ки дар симпозиумҳои дигар тарҷумаҳо ба чи наҳве хоҳанд буд. Агар тарҷума кардани «тарҷумонҳои моҳир»-и кишвар ба забони модарӣ, ки тоҷикӣ мебошад, дар ин сатҳи поин аст, тарҷумаашон ба забонҳои дигар чӣ гуна бошад? Худо аз он рӯз нигаҳ дорад, ки тарҷумонҳои мутахассисро ҳам аз беруни марзу кишвари дигаре биёрем».
Мавзӯи интихоботи қарибалвуқӯъи парлумонӣ мавзӯи дигари асосии нашрияҳои ин ҳафта ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳафтаномаи «Миллат» Давлати Усмон, собиқ яке аз роҳбарони ҲНИТ таҳти унвони «Ба ҳизбҳои «оппозитсионӣ», вале бо ҳукумат кӣ овоз медиҳад?! Ё чаро Кабирӣ ва Зоиров ба худашон шубҳа доранд?» мақолае ба нашр расондааст, ки дар он кӯшиш ба харҷ дода шудааст то вазъи дохилии аҳзоби сиёсии кишварро дар арафаи интихоб ба риштаи таҳлил бикашад.
Дар ин мақолааш Давлати Усмон бо истинод ба мусоҳибаҳои раҳбарони ҲНИТ ва ҲСДТ, ки дар матбуоти тоҷик ахиран ба нашр расидаанд,чанд нуктаи муҳимро ба мушоҳида гирифта таъкид намудааст: «Аввалан вуҷуд доштани омили яъсу ноумедӣ ва шакку тардид нисбат ба натиҷаи интихоботи парлумони ояндаи кишвар, омили дуввум кифоя набудани тавонмандии молии ҳизбиашон, омили сеюм умедвор будан ба лутфи роҳбари давлат, ҳамчун менталитети шарқӣ, омили чаҳорум кафолат додан ба ин ки иқдоми демократӣ хатаре барои аз қудрат рафтани ин ва ё он шахс надорад (ин ду омили ахир дар мусоҳибаи ҷаноби Кабирӣ эҳсос мешавад).
Агар ҳамаи ин омилҳо дар ҳизбҳои имрӯзаи расмии кишвар ба ғайр аз ҳизби ҳукмрон бо иқрори роҳбаронашон вуҷуд дошта бошад, пас имрӯз мо метавонем натиҷаи интихоботи ояндаи парлумонии кишварро пешгӯӣ намоем ва омода набудани ҳизбҳои сиёсии кишварро, мутаассифона, ба ин маъракаи муҳим қайд намоем? Таъсири манфӣ ва зарари омили аввал дар он аст, ки ҳеҷ як ҳизб ё созмон то ҳадафаш рӯшан ва ошкор ва дар роҳаш устувор набошад, ҳеҷ гоҳ аз ҷониби мардум дастгирӣ нахоҳад ёфт. Албатта, мардум ба гуфтаи худӣ Кабирӣ «нисбати сиёсатмадорон боэҳтиёт шудаанд», дар сурате, ки сиёсатмадорон худашон ба худ дар расидан ба ҳадафҳояшон шакку тардид доранд».
Дар ҳамин ҳол Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибаи навбатии хеш ба хабарнигори радиои «Озодӣ» Абдуқаюми Қаюмзод «Муҳиддин Кабирӣ: «Умеди мо танҳо президент аст», ки матни онро ҳафтаномаи «Фараж» ба табъ расондааст, дар посух ба суоли хабарнигор «Оё шумо омода ҳастед, ки аслан ҲНИТ дар интихобот натавонад ҷоеро ба даст оварад? Аз бозӣ барои мисол бо дастони холӣ берун ояд?» азҷумла чунин иброз доштааст:
«Дар ҳоли ҳозир, тасаввур кардан аз имкон берун аст, ки ҲНИТ як ҳизби нирӯманд ва баъди ҲХДТ дуввумин ҳизб аз парлумони ояндаи кишвар берун монад. Инро касе қабул карда наметавонад, ин тасаввурнашаванда ҳаст, бо он заминаи мардумие, ки ҲНИТ дорад. Вале агар ин интихобот аз интихоботи соли 2005 андаке озодтар бигзарад, ман бо камоли масъулият мегӯям, ки ҲНИТ дар парламент ҳадди ақал фраксияи худро хоҳад дошт. Вале ҲНИТ танҳо барои интихоботҳо таъсис нашудааст. Вақте ҳизб таъсис мешуд, касе орзуи интихобот ва ширкат дар онро ҳам надошт. ҲНИТ решааш чуқур аст ва барои рушду нумӯи баъдӣ дар баландмуддат ҳам фазову имконро пайдо хоҳад кард. Ва мо барномаамонро барои як интихоботу ду интихобот барномарезӣ намекунем ва мисли ҳизбе ҳам нестем, ки дар як ду интихобот ноком шуд аз байн мерафта бошад».
Аз маводҳои ҷолиби ин ҳафта мусоҳибаи журналист Ҳарамгули Қодир бо директори Институти фалсафаи назди Академияи Илмҳои ҶТ Абдулвоҳид Шамоловро, ки дар ҳафтаномаи «Озодагон» ба нашр расидааст, ном бурдан мумкин аст. Сарвари файласуфони ҷумҳурӣ дар посухи суоли хабарнигор дар робита кадом модели давлатдориро дар оянда ихтиёр кардани Тоҷикистон чунин иброз доштааст, ки «дур намеравем, кишвари ба мо дӯст ва рафиқ Туркия дар муддати 100 сол аст, ки баъди як инқилобе, ки аз тарафи Отатурк сурат гиифт, марҳила ба марҳила ба миллатсозӣ даст заданд, мехоҳанд, ки миллат бисозанд. Миллате, ки дар матни фарҳанг ва тамаддуни он миллат арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ ҷой дошта бошанд ва бо ҳам тавъам бошанд. Ва мо низ роҳи Туркияро пеш гирифтем. Шояд дар муттаҳидсозии миллат. Чунки зарурати аз нав сохтани дучарха нест».
Худоё! Бекафан мурдан ғаме нест,
Маро аз беватан мурдан нигаҳ дор.
Агар муаллифи ин шоҳбайт Искандари Хатлонӣ, шоир ва журналисти зиндаёди тоҷик ба айёми мо мерасид, ҳаддиақал дӯстону пайвандонаш рӯзи 12- октябр 55 солагии ӯро ҷашн мегирифтанд.
Ба мунсибати зодрӯзи ӯ Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР» таҳти унвони «Искандарӣ Хатлонӣ- бозгашт ба сӯи қалбҳо ва хоки бобоӣ» мақолаеро ба нашр расондааст, ки дар он аз идораи Радиои «Озодӣ», ки Искандар он ҷо кор мекард, гилаҳо кардаст:
«Бо гузашти вақт ва поин омадани ҳангома сари моҷарои Искандари Хатлонӣ, раёсати гуфторҳои тоҷикии Радиои Озодӣ, ки он вақт сарвараш Ҷаводӣ буд, мӯҳри хомӯшӣ бар лаб зад ва то имрӯз боре ҳам дигар аз додситони ФР талаб накардааст, ки қазияи мазкурро пайгир бошад. Шоҳидон мегӯянд, ки ин хомӯшӣ ба ҳамон кашмакашҳои маҳалгароёни дохилирадиоии ходимон марбут аст, ки обрӯи милатро бархе аз эшон дар назди хориҷиён низ рехта буданд. Ба ҳар ҳол ин Радиои Америка хасеро рӯи хас накард, то қотили шаҳири Тоҷик боздошт шавад. Зеро Тоҷик ҳамакнун на танҳо дар Русия, ки дар Радиои Озодӣ арзише надорад ва қатли Тоҷик ба қатли як гунҷишк баробар аст.
На бешу на кам! Имрӯз бо гузашти вақт андешае маро ором намегузорад, ки Искандар агар Тоҷики наву турк мебуд, оё оқои Ҷаводӣ&K ва умуман аҳли эҷоди гуфторҳои тоҷикии РО ин моҷароро ба дасти фаромӯшӣ медод? Суоли матраҳ аст, албатта…».
«Рӯзгор»