"МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ ШАРОИТИ ҶАДИД ОГОҲӢ НАДОРАНД"
Муҳоҷирони тоҷик аз шароити ҷадиди фаъолият дар Русия бахубӣ огоҳӣ надоранд. Ин матлабро Константин Ромодановский, раиси Идораи федероли муҳоҷирати Русия, рӯзи чаҳоршанбеи 27 октябр дар Душанбе баъд аз дидор ва гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баён кард. Оқои Ромодановский гуфт, ки аз якуми июли соли ҷорӣ шароити зиндагӣ ва кори муҳоҷирон дар Русия оддӣ шудааст, вале бештари муҳоҷирон аз ин амр огоҳӣ надоранд. Вай афзуд: "Ҳамакнун ҳар як муҳоҷири тоҷик бо пардохти қимати муҷаввиз ё ба истилоҳ патент, ки барои як моҳ муъодили як ҳазор рубли русӣ аст, метавонад дар қаламрави Русия кор кунад."
Ин масъули Идораи федероли муҳоҷирати Русия аз хабарнигорони тоҷик даъват кард, ки ба таблиғи шароити ҷадиди муҳоҷират дар кишвараш бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Ба иттилоъи вай, феълан дар Русия беш аз 700 ҳазор шаҳрвандони тоҷик машғули кор ҳастанд. Дар посух ба ин суол, ки оё тавофуқоти руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар мавриди то 90 рӯз тамдид кардани замони бидуни сабти расмии атбоъи тоҷик дар Русия, оқои Ромодановский гуфт, ки ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Вале вай афзуд: "Ҳоло ин мавзӯъ чандон муҳим нест. Зеро муҳоҷирон бо дарёфти патент дигар ба сабти расмӣ ниёз надоранд."
Дар посух ба ин суоли Би-би-сӣ, ки дарёфти патент ба маънии пардохти молиёт аз сӯйи муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аст ва оё дар ин росто давлати Русия мавзуӯъи пардохти ҳуқуқи бознишастагии ин афродро низ матраҳ хоҳад кард ё хайр, оқои Ромодановский гуфт, ки ин мавзуӯъ низ дар дасти баррасӣ аст.
Вай афзуд: "Ин иддаъо дуруст аст. Зеро ҳамакнун куллияи муҳоҷирон ба гунае молиёт пардохт мекунанд. Мутмаинам, ки мавзӯъи дарёфти ҳуқуқи бознишастагӣ низ, дар ниҳоят, ҳалли худро хоҳад ёфт. Вале ин мавзӯъ ҷузви салоҳиятҳои Идораи федероли муҳоҷират нест."
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, то чанд соли дигар пардохти ҳуқуқи бознишастагии муҳоҷирони кории тоҷик ба мавзӯъи доғе табдил хоҳад шуд. Зеро ин афрод дар Тоҷикистон молиёт пардохт намекунанд ва тибқи қавонини кишвар, танҳо ба дарёфти ҳуқуқи ҳадди ақалли бознишастагӣ ҳақ доранд.
Ба эътиқоди соҳибназарон, маболиғи муҳоҷирони кории тоҷик, ки барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон мефиристанд, омили аслии суботи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ин кишвар аст. Бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, ки ин маболиғ ҳамчунин омили суботи сиёсӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, ки бештари масоили муҳоҷирони корӣ дар қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ дар ҷаласаи масъулони ниҳодҳои зирабти кишварҳои ҳамсуд ва Анҷумани Иқтисодии Уруосиё дар Душанбе матраҳ шавад, ки имрӯз ба кор оғоз кардааст. Константин Ромодановский, раиси Идораи федероли муҳоҷирати Русия, низ ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/3440-q------q.html
Шарҳҳо
RSS Обуна