20:15:51 14-уми Июни 2026 сол
ТАЗОҲУРОТИ МУХОЛИФОНИ ИХРОҶИ ТОҶИКОН ДАР МАСКАВ 27.11.2011 20:15 1608
Полиси Маскав панҷ нафар аз ширкаткунандагони як тазоҳуроти зидди ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро боздошт кардааст. Онҳо дар либоси бинокорону кӯчарӯбон бо шиорҳои “Ман тоҷикам - маро депорт кунед” дар назди Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷамъ омаданд.
ПЕШКОВ: УЗВИЯТИ ДУШАНБЕ ДАР ИТТИҲОДИ АВРУОСИЁ МАТРАҲ НЕСТ 27.11.2011 20:13 1501
Мудири департаменти кишварҳои муштаракулманофеъ дар Вазорати умури хориҷии Русия ва сафири пешини Русия дар Тоҷикистон, Максим Пешков, гуфт, алҳол масъалаи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Авруосиё мавриди баррасӣ нест.
АМИР ҚАРОҚУЛОВ БОЗ РАИСИ ҲИЗБИ АГРАРӢ ИНТИХОБ ШУД 26.11.2011 20:32 1182
Амир Қароқулов, барои боз як давраи дигар раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шудааст. Вакилони Анҷумани 4-уми Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҷаноби Қароқуловро берақиб ва барои боз панҷ соли дигар ба раҳбарии ин ҳизб баргузиданд.
М.ПЕШКОВ: "БАРОИ ЛАҒВИ ҲУКМИ САДОВНИЧИЙ ТАЛОШ ХОҲЕМ КАРД" 25.11.2011 19:47 1208
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, барои лағви ҳукми халабони рус талош хоҳанд кард. Максим Пешков, раҳбари департаменти кишварҳои ИДМ дар вазорати умури хориҷии Русия имрӯз ба хабарнигорон гуфтааст, ба ин манзур як қатор иқдомотеро рӯи даст гирифтаанд. Вале ҷаноби Пешков аз тафсилоти бештар худдорӣ кардааст.
РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР ХОРУҒ 24.11.2011 18:21 1288
Рӯзи 24-уми ноябри соли равон дар маркази шаҳри Хоруғ рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон қайд гардид. Бо иштироки тамоми кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ,сарбозони қисми ҳарбии шаҳри Хоруғ паради пуршукӯҳ гузаронда шуд.
ШАРҲИ МЕДВЕДЕВ ДАР БОРАИ ҚАДАМҲОИ БАЪДИИ РУСИЯ 23.11.2011 20:13 1532
Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, мегӯяд, дар сурати расидагӣ накардани Амрико ба нигарониҳои Русия дар мавриди истиқрори сипари ҳавоии дифоъи мушакиаш дар Аврупо, Русия мушакҳояшро ба сӯи ин сипар хоҳад гардонд.
САФИРИ РУСИЯ ЭЪТИРОФ КАРД, КИ МУНОСИБОТИ ДУҶОНИБА БАД ШУДААСТ 23.11.2011 20:12 1368
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон, эътироф кард, ки моҷаро ба сари халабонҳои рус ба равобити ду тараф латмаи ҷиддӣ задааст. Айни замон ӯ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, умедвор аст, раҳоии халабонҳо ин вазъро ислоҳ хоҳад кард.
"РУСИЯ ҲАМАСОЛА 200 ҲАЗОР МУҲОҶИРРО ИХРОҶ МЕКУНАД" 23.11.2011 20:12 1390
Дар Русия ҳамасола ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт ва ихроҷ мешаванд. Ин матлабро рӯзи чаҳоршанбеи 23 ноября Константин Ромодановский, раиси Идораи федероли муҳоҷирати Русия ба хабарнигорон эълом кардааст. Ба гуфтаи вай, ин рақам дар тӯли солҳои ахир тағйир наёфтааст.
ИХРОҶИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ РУСИЯ ИДОМА ХОҲАД КАРД 23.11.2011 13:51 1556
Мақомоти Русия мегӯянд, ихроҷи муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи ноябр боздошт шуданд, идома хоҳад кард. Константин Ромодановский, раиси Хадамоти Федероли Муҳоҷирати Русия, имрӯз дар ҳузури хабарнигорон гуфт ,,,
ҚИМАТИ БЕНЗИН ДАР ДУШАНБЕ АЗ 7 СОМОНӢ ГУЗАШТ 23.11.2011 13:51 1514
Қимати бензин дар Тоҷикистон дар як моҳи охир 8,9 фоиз боло рафта, аз марзи 7 сомонӣ барои як литр гузаштааст. Бино ба хабари “Азия Плюс”, як литри бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе ба 7 сомониву 20 дирам расидааст.
НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ 100 ДАРСАД ИҶРО ШУДААСТ 23.11.2011 13:49 1533
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 100 фоиз иҷро шудааст. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфт, бархе сарбозони  навдаъват алакай қасами ҳарбӣ ёд кардаанд.
ДАЪВАТИ СОЗМОНҲО АЗ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИКУ РУС 22.11.2011 11:52 1204
Се созмони хабарнигории Тоҷикистон аз рӯзноманигорони тоҷику рус даъват кардаанд, ки дар инъикоси қазияи халабонҳои рус ва муҳоҷирони тоҷик аз “баёни душманона” худдорӣ намоянд.
ҲИНД ДАР ТОҶИКИСТОН БЕМОРИСТОНИ НИЗОМӢ МЕСОЗАД 21.11.2011 19:37 1196
Ҳиндустон талош дорад, дар Тоҷикистон бемористони низомӣ бунёд карда, мавриди истифода қарор диҳад. Рӯзномаи англисизабони "The Times of India”, чопи Деҳлӣ, дар шумораи рӯзи душанбеи худ навишт, ин қарор як сол қабл иттихоз шуда ва талошҳо барои амалӣ шудани он идома дорад.
КАШФИ 90 КИЛОГРАММ МАВОДДИ МУХАДДИР ДАР ШӮРООБОД 21.11.2011 19:33 1129
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони ин ниҳод як сокини ноҳияи назди марзии Шӯроободро бо 90 килограмм маводди мухаддир боздошт кардаанд.
ОМБУДСМЕН: ВАЗЪИ СИҲАТИ ТИМОШЕНКО ХЕЛО ВАХИМ АСТ 21.11.2011 19:31 1116
Вазъи сиҳати нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко дар боздоштгоҳ хело вахим аст. Дар ин бора Нина Карпачева, ваколатдори ҳуқуқи башари Украина, ба телевизиони “Пятый канал” хабар додааст.