01:06:39 11-уми Июни 2025 сол
ҲАВОИ НИМААБРӢ ВА ДАР ХОРУҒ БОРОНИИ 20 ОКТЯБР 20.10.2011 07:10 1044
Ҳавошиносон барои имрӯз, 20 октябр, дар Тоҷикистон ҳавои нимаабрӣ ва дар Хоруғ ҳатто ҳамроҳ бо борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ мекунанд.
НИЗОМИ ИМТИҲОНИ ВОҲИД ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН 20.10.2011 07:09 1016
Тоҷикистон қасд дорад, то 3 соли оянда дар донишгоҳҳояш низоми имтиҳони воҳиди дохилшавиро ба роҳ андозад.
ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ МУХАДДИР ҲАМБАСТАГӢ МЕБОЯД 20.10.2011 07:07 878
18 октябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ширкати  масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти сарпарастии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал - полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони васоити ахбори бурунмарзӣ ва ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
ГУЗАРГОҲИ "КОКУЛ" АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД 19.10.2011 20:57 1183
Гузаргоҳи «Кокул» воқеъ дар ноҳияи Фархор, ягона гузаргоҳи расмӣ, ки навоҳии минтақаи Кӯлобро бо Афғонистон мепайвандад, аз фаъолият бозмондааст. Ин наздиктарин гузаргоҳ барои кишоварзони минтақаи Кӯлоб буд, ки барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ аз он истифода мекарданд.
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ОБИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДУШАНБЕ 19.10.2011 20:56 1018
Дар шаҳри Душанбе ҳамоише ҷиҳати баррасии масоили обии Осиёи Миёна оғоз ба кор кард. Дар ин ҳамоиши дурӯза, ки бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва СММ доир мешавад, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД 18.10.2011 19:50 1089
Вазири умури хориҷии Амрико дар доираи сафари минтақавии худ, рӯзи 20-уми октябр аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.
ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК – ҚАҲРАМОНИ ГӮШТИИ КАМАРБАНДИИ ҶАҲОН 18.10.2011 12:21 1093
Маҳмудҷон Миров, паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии камарбандӣ гардид. Ин сабқати ҷаҳонӣ бо ширкати 160 гӯштигир аз 19 кишвар дар пойтахти Қирғизистон-шаҳри Бишкек баргузор шуд.
"БРИТАНИЯ АЗ ШАРИКОНИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО АСТ" 18.10.2011 12:18 1089
Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» хонд. Ин ҳарфи раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе зимни мулоқоти ӯ бо Алан Данкан, Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ садо дод.
МУЗОКИРОТ ДАР БОРАИ ГУШОИШИ ХАТТИ ҲАВОИИ ХУҶАНД-ТАБРЕЗ 17.10.2011 20:44 1064
Як ширкати ҷаҳонгардии шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон икдоме барои гушоиши хатти ҳавоӣ бо шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд кардааст. Дар ин бора, ба Би-би-сӣ Бобоҷон Икромов, раиси дафтари иқтисодии Эрон дар шимоли Тоҷикистон иттилоъ дод.
ҲУКМИ ЗИНДОНИ “АМИР” ВА СЕ АЪЗОИ ҲИЗБИ ТАҲРИР 17.10.2011 10:54 1103
Додгоҳи Cуғд чаҳор узви Ҳизби Таҳрирро, ки тобистони имсол боздошт шуда буданд, аз 20 то 22 соли зиндон маҳкум кард. Абдунабӣ Абдулқодиров, Иброҳимбек Маҳмудов, Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев ва Талъат Мавлонов барои "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ" ...
ҚАРЗИ ХОРИҶИИИ ТОҶИКИСТОН КАМЕ АФЗУДААСТ 16.10.2011 19:51 1181
Мақомоти расмӣ мегӯянд, қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябр ба 2 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки назар ба аввали сол 8 дар сад зиёд аст.
БОЗДОШТИ ДУ АФСАРИ МИЛИСА ДАР ХАТЛОН 16.10.2011 19:50 1204
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ду афсари баландрутбаи милиса дар ҷануби кишвар бо иттиҳоми ришвахор ва сӯистифода аз мақом ва талош барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.
ДАР ЭРОН СЕ НАФАРРО БА ДОР ОВЕХТАНД 16.10.2011 19:49 1215
Дар Эрон имрӯз ду нафарро бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир як тани дигарро бо гуноҳи таҷовузи ҷинсӣ ба дор овехтаанд.
БЕ РАББОНӢ. САРНАВИШТИ АФҒОНИСТОНУ МИНТАҚА ЧӢ ХОҲАД ШУД? 15.10.2011 14:20 971
Гурӯҳи коршиносон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе ин мавзӯъро ба баҳс гирифтанд. Сарнавишти Афғонистону минтақа баъд аз шаҳодати устод Бурҳонуддини Раббонӣ чӣ хоҳад шуд? Б​​арои посух ёфтан ба ин суол Анҷумани байнулмилалии “Афрӯз” ва нашрияи мустақили “Миллат” ҳамоишеро баргузор ва гурӯҳи бузурги коршиносону намояндагони сафоратхонаҳоро гирди ҳам оварданд.
ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН БА АНВАР ЮНУСОВ 15.10.2011 13:23 1179
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи як маҷмаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ба Анвар Юнусов, муштзани тоҷик мошини сабукрав тақдим кард. Анвар Юнусов ҳафтаи гузашта дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку, маркази Озарбойҷон, соҳиби медали биринҷӣ шуд ва ҳамзамон роҳхат ба Олимпиадаи Лондон–2012-ро ба даст овард.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854