ДАР РӮЗҲОИ ИД НЕРӮИ БАРҚ МАҲДУД КАРДА НАМЕШАВАД
04.11.2011 20:03
1366
Бо супориши Ҳукумати ҶТ Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Конститутсия (Сарқонун) ва Иди Қурбон тасмим гирифтааст, ки аз соати 14.00-и 5 ноябр то соати 22.00-и 6 ноябр сокинони ҷумҳуриро бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин намояд.
ПАЁМИ ТАБРИКИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН
04.11.2011 12:25
1110
Рўзи шашуми ноябр иди саиди Қурбон фаро мерасад. Воқеан, он яке аз санаҳои фархунда дар тақвими дини ислом ва суннатҳои неку писандидаи тамоми мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният мегўям.
СОДИРОТБОНК МАСЪУЛИЯТШИНОС НЕСТ
03.11.2011 18:58
1466
Гурӯҳе аз устодони мактаби таҳсилоти умумии №7 шаҳри Кӯлоб шикоят аз он доранд, ки дар гирифтани музди меҳнати ҳармоҳаашон аз содиротбонки шаҳри Кӯлоб мувоҷеҳи мушкилот гаштаанд. Муовини аввали директори мактаб Қаҳрамон Мирзоев шикоят аз кортҳои ...
ТАСВИБИ ҚОНУНИ БУДҶАИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2012
02.11.2011 13:40
1069
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе қонуни будҷаи давлатӣ барои соли 2012-ро ба тасвиб расонд. Ҳукумати Тоҷикистон ин тарҳро рӯзи 30 сентябр тасвиб карда буд. Қисми дахли будҷаи кишвар барои соли оянда 10 миллиарду 160 миллион ва қисми харҷаш 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ муқаррар шуда, касри будҷа 180 миллион сомониро ....
ҲАФТАИ АВРУПО 2011 – "ҶАВОНОН МОРО НАЗДИК МЕСОЗАНД"
02.11.2011 09:54
1136
Имрӯз, 2-юми ноябр, бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷашни ҳарсолаи фарҳангии "Ҳафтаи Аврупо" дар шаҳри Душанбе шурӯъ ба кори худ карда он то 15 ноябр идома мекунад. "Ҳафтаи Аврупо – 2011" якчанд чорабиниҳоро дар бар мегирад ...
ЛАГЕРИ “ҶАВОНОН БАРОИ ҶОМЕАИ БЕҲТАР” БА КОРИ ХУД ШУРӮЪ КАРД
02.11.2011 09:51
1156
Якумин лагери ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар” аз сӯи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Сӣ нафар ҷавони синну солашон аз чордаҳ то бистсола бо ҳамроҳии даҳ нафар кормандони милитсия ва сарварони ҷомеа ...
6 НОЯБР - РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН ДАР ТОҶИКИСТОН
01.11.2011 20:44
1087
Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи баргузории Иди Қурбонро шашуми ноябр муқаррар кардааст. Эшони Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ин тасмим дар нишасти рӯзи сешанбеи аъзои ин шӯро гирифта шудааст.
ШОҲЗОДА ОҒОХОНИ IV, ПЕШВОИ ИСМОИЛИҲО ДАР ДУШАНБЕ
31.10.2011 13:06
1645
Шоҳзода Оғохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз (31 октябр) Оғохони чаҳорум ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат мекунанд.
АЛМОСБЕК ОТАМБОЕВ - РАИСИҶУМҲУРИ НАВИ ҚИРҒИЗИСТОН
31.10.2011 13:04
1575
Баршумурдани баргаҳои раъй дар интихоботи президентии Қирғизистон ба охир расид. Бар пояи иттилои муқаддамотии Кумиссюни марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихобот аз номзадии Алмосбек Отамбоев каме бештар аз 63 дарсади раъйдиҳандаҳо пуштибонӣ кардаанд.
ДАР ПОКИСТОН ҲУКМИ БОЗДОШТИ ПАРВИЗ МУШАРРАФ СОДИР ШУД
30.10.2011 19:03
1662
Додгоҳи Кветта дар Покистон ҳукми боздошти генерал Парвиз Мушарраф ва Шавкат Азиз раисҷумҳур ва нахуствазири собиқи Покистонро ба ҷурми қатли Акбари Багтӣ, яке аз раҳбарони қабилае дар иёлоти Балуҷистонро содир кард.
РАҲМОН РАИСОНИ ДУ НОҲИЯРО АЗ КОР РОНД
29.10.2011 20:00
1784
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз раисони ду ноҳияро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард.
ТОҶИКИСТОН АЗ БЕЛОРУС 1100 ТРАКТОР МЕХАРАД
29.10.2011 19:59
1344
Мақомоти расмӣ мегӯянд, Ҷумҳурии Белорус соли оянда ба Тоҷикистон 110 трактор ворид хоҳад кард. Қарордод дар ин замина зимни сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон бо арзиши 22 миллион доллар имзо шудааст.
ДАР КОБУЛ 13 САРБОЗИ АМРИКОӢ КУШТА ШУД
29.10.2011 19:58
1664
Дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул, як бомбгузори маргталаб рӯзи шанбе бо инфиҷори мошини бомбгузоришудааш дар назди корвони нерӯҳои байналмилалӣ 13 сарбози амрикоиро куштааст.
АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО БА ДУШАНБЕ ОМАД
28.10.2011 15:05
1265
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус рӯзи панҷшанбе дар раъси як ҳайати баландпоя вориди Тоҷикистон шуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонони белорусиро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар мақомоти расмӣ истиқбол карданд.
САФОРАТИ ИМА МАКТАБРО БАРҚАРОР МЕКУНАД
27.10.2011 22:03
1180
27 октябри соли 2011 майор Арнел Девид, командири корҳои шаҳрвандӣ ва Уэсли Стронг, сардори гурӯҳи кӯмакрасонии ҳарбӣ-шаҳрвандӣ аз сафорати ИМА дар маросими ифтитоҳи мактаби аз нави таъмиршудаи рақами 10-и деҳаи Лоҷирки ноҳияи Тавилдара...