02:34:39 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Раҳоии собиқ муҳофизи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз боздоштгоҳ

Убайдулло Ғаффоров, афсари пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе боздошт шуда буд, озод шудааст. Яке аз наздикони ӯ дар таъйиди ин хабар ба мо гуфт, мавсуф дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд ва се рӯзи қабл раҳо шудааст.

saldat-4578899Убайдулло Ғаффоров, ки бо лақаби «Убайди Зард» маъруф аст, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мебошад. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 аз рӯи саҳмияи 30 – фоиза ба сафи нерӯҳои амниятӣ пайваст. Соли 1998 дар вазорати амният (ҳоло КДАМ) фаъолият кард ва унвони прапоршикӣ дошт.

Қаблан бародараш Раҳматулло Ғаффоров ба мо гуфта буд, ки бародараш дар авоили моҳи ноябри соли 2012 аз Русия ихроҷ шуда буд, вале ҳангоми фуруд омадан аз ҳавопаймо, дар бинои фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда ва як моҳ дар боздоштгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат бидуни айбнома нигоҳдорӣ мешуд. Аммо бо сабабҳои номуайян аввали моҳи декабр ба Душанбе интиқол дода шуд.

Аммо бино ба манобеъи дигар, Убайдулло Ғаффоров дар авоили моҳи ноябри соли 2012 дар шаҳри Челябинск боздошт ва ба Душанбе истирдод шудааст. Вай бо амалҳои ғоратгарӣ, одамрабоӣ, ғайри қонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва гаравгонгирӣ муттаҳам мешуд.

Аммо наздиконаш мегӯянд, бар пояи Қонуни авфи соли 1999 дар рӯйхати 5 ҳазор размандаи авфшудаи ИНОТ номи Убайдулло Ғафуров низ ворид шуда буд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таври расмӣ боздошти Убайдулло Ғаффоровро рад мекарданд ва ҳоло низ раҳоии ӯро рад мекунанд.

Убайдулло Ғаффоров то солҳои дуҳазорум яке аз муҳофизони Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи кишвар ва собиқ муовини сарвазири кишвар буд. Рӯҳонии маъруф инро рад мекунад.

Убайдулло Ғаффоров, ҳамроҳи Абдулвосит Латипов (Қорӣ Восит), фармондеҳи дигари собиқ иттиҳодияи мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳон, ҳоло ноҳияи Ваҳдат фаъолият дошт. Соли 2001-ум ба Русия рафт ва давоми ёздаҳ сол дар ин кишвар зиндагӣ дошт.

Зимнан, расонаҳо дар бораи истирдоди Абдулвосит Латипов (Қорӣ Восит) низ ба Тоҷикистон иттилоъ пахш карда буданд. Аммо то ба ҳол сарнавишт ва маҳалли иқомати ӯ маълум нест.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi