00:31:40 08-уми Июни 2025 сол

АМАЛИЁТИ БОЗДОШТИ ЗИНДОНИЁН ЯК КУШТА ДОД

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз кушта шудани як афсари Горди милллӣ дар амалиёти боздошти зиндониёи фирорӣ хабар медиҳанд. Ба ин тартиб гурӯҳи фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон бо шумули панҷ нафар аз зиндонбонҳо, масъули қатли шаш нафар аз нерӯҳои давлатӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ки ниҳодҳои интизомӣ ва низомӣ як гурӯҳи шашнафарии зиндониёни фирориро дар шарқи кишвар иҳота кардаанд, вале ин афрод шадидан муқобалаи мусаллаҳона мекунанд.

 

Ин манбаъ мегӯяд, эҳтимол дорад ин афрод шаҳрвандони Русия ҳастанд, ки шаби 23 август дар миёни гурӯҳи 25 нафарии зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор кардаанд. Манобеъи ниҳодҳои интизомӣ аз ироаи ҷузъиёти ин ҳодиса ба расонаҳо худдорӣ карда, вале таъид мекунанд, амалиёти боздошти фирориён аз субҳи рӯзи сешанбеи 7 сентябр дар манотиқи кӯҳистонии ноҳияи Ваҳдат, Файзобод ва дараи Ромит идома дорад. Ҳуввияти афсари кушташуда низ эълом нашудааст.

 

Рӯзи душанбеи 6 сентябр ниҳодҳои интизомӣ ба боздошти Абдурасул Мирзоев, як зиндонии фирорӣ дар ноҳияи Файзобод муваффақ шуданд. Шоми гузашта телевизиюни давлатии Тоҷикистон навореро аз амалиёти боздошти оқои Мирзоев ба намоиш гузошт. Дар авохири ҳафтаи гузашта Иброҳим Насриддинов, муллақаб ба “Қорӣ Иброҳим”, ки давлат ӯро аз мубтакирони фирори гурӯҳи зиндониён медонад, дар ноҳияи Ваҳдат боздошт шуда буд.

 

Ба гуфтаи коршиносон, ҳодисаи фирори гурӯҳи 25 нафарии зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи давлати амнияти миллии кишвар ба эътибори давлати Тоҷикистон латмаи ҷиддӣ ворид сохт. Ба ин далел ҳадс меравад, ки бештаре аз зиндониёни фирорӣ боздошт ва дубора муҷозот хоҳанд шуд, ҳарчанд, дар рӯзи нахустини фирор, маъмурони пулис ва низомиён дастури боздошт ё қатли фирориёнро гирифта будаанд.

 

Давлати Тоҷикистон куллия нерӯҳои худро барои боздошти ин зиндониёни фирорӣ истифода мекунад. Ба гуфтаи масъулони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, куллия нерӯҳои пулис, вазорати дифоъ, марзбонон, нерӯҳои амниятӣ ва Горди миллӣ дар "ҳолати омодабош" қарор дошта ва дар амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ ҷалб мешаванд.

 

Бо ин вуҷуд Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як гурӯҳи беш аз саднафарии низомиён барои ширкат дар тамриноти низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой (СҲШ) озими Қазоқистон шудаанд. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъ, қарор аст як воҳиди нерӯҳои вокуниши сареъи ин вазоратхона фардо ба вилояти Ҷанбули Қазоқистон сафар кунад.

 

Тамриноти кишварҳои узви СҲШ 9 сентябр оғоз шуда ва то 25 сентябр идома хоҳад ёфт. Интизор меравад, руасои ҷумҳури бархе аз кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Президент Медведев ба оғози ин тамринот назорат кунад. Вале гузориш шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ширкат дар ин тамринот худдорӣ карда ва Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ барои намояндагӣ аз Тоҷикистон дар ин тамринот муваззаф шудааст.

 

Бархе аз соҳибназарон далели худдории Президент Раҳмон аз сафар ба Қазоқистонро ба вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон рабт медиҳанд, ҳарчанд 9 сентябр дар Тоҷикистон аз Рӯзи истиқлоли ин кишвар низ ҷашн гирифта хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки фирори зиндониён, амалиёти боздошти онҳо, ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони пулис дар Хуҷанд ва инфиҷор дар дискои Душанбе мақомоти Тоҷикистонро сахт нигарон кардааст.

 

Вале бо эъзоми гурӯҳи вокуниши сареъи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба тамриноти Ҷанбул, ба назар мерасад, ки давлати Тоҷикистон барои идомаи амалиёти боздошти фирориён нерӯҳои кофӣ дар ихтиёр дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3067-2010-09-07-10-22-29.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854