ПИСАРИ МУЪОВИНИ ВАЗИРИ АДЛИЯ - МАЗНУН ДАР ЯК СОНЕҲА
Писари муъовини вазири адлияи Тоҷикистон дар як сонеҳаи роҳ, ки се нафар захмӣ бар ҷой гузошта, мазнун аст. Манобеъи пулиси роҳи Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи 7-уми апрел дар хиёбони Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе, дар наздикии Боғи вуҳуш, як худрави "Лексус 300" ба се духтар бархӯрдааст, ки аз роҳи мошингард убур мекарданд.
Тибқи иттилоъи ин манобеъ, ронандаи худрави "Лексус 300" Фирдавс Шарипов, писари Иззатулло Шарипов, муъовини вазири адлия ва раиси Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон будааст. Дар пайи ин ҳодиса, духтарон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба бемористони “Қарияи Боло” мунтақил шудаанд. Мурод Сабуров, муъовини раиси ин бемористон, мегӯяд, ки баъд аз як ҳафтаи муъолиҷа ду духтари осебдида аз бемористон мураххас шудаанд.
Вале Таҳмина Ашӯрова, як духтари дигар, то ҳол дар бахши эҳёи ин бемористон таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад. Талошҳои мо барои дарёфти шарҳи ин ҳодиса дар ниҳодҳои интизомӣ натиҷае надод. Маҳмадалӣ Зайдуллоев, муъовини раиси пулиси роҳи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ вуқӯъи ин ҳодисаро таъйид кард, вале гуфт, ки дар бораи ҳувияти ронандаи ин худрав иттилоъ надорад.
Вай афзуд, ки таҳқиқи ин ҳодиса аз сӯйи бозрасони бахши пулиси шаҳри Душанбе идома дорад. Вале маъмурони ин ниҳод ҳозир нашуданд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Зимнан, рӯшан нест, ки дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё хайр.
Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 21 апрел дар як нишасти матбуъотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин бора гуфт, ки танҳо додгоҳ метавонад муҷрим будани як шахс дар тасодуфи роҳро собит созад.
Дар посух ба ин суол, ки оё гузориши бархе аз расонаҳо дар бораи мазнун будани фарзанди муъовини вазири адлия дар ин ҳодиса воқеъият дорад ё хайр, оқои Худоёров гуфт, ки "дар ин бора ман расман иттилоъ надорам." Зимнан, хабаргузории Tojnews бо такия ба манобеъи худ навиштааст, ки ронандаи худрави "Лексус" писари муъовини вазири адлия аст.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадӣ Муҳаммадиев, раиси бахши таҳқиқоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 20 апрел дар як нишасти матбуъотӣ хабар дод, ки алайҳи Фарҳод Абдуллоев, писари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Фарҳод Абдуллоев дар як сонеҳа, ки ба кушта шудани як шаҳрванди Чин дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе мунҷар шуд, мазнун аст. Вале ба гуфтаи оқои Муҳаммадиев, писари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон боздошт нашудааст. Ин масъули пулис афзуд, ки Фарҳод Абдуллоев на ба хотири писари раиси Додгоҳи олӣ буданаш боздошт нашуда, балки муқаррароти қавонини Тоҷикистон барои иртикоби чунин ҷароим ҳабсро дар назар надорад.
Зимнан, ба гуфтаи манобеъи огоҳ, Президент Раҳмон дар ҷаласае дар робита бо поёни баррасии умумии тарҳи қонуни ин кишвар дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон ба тасодуфе, ки писари раиси идораи умури зиндонҳо дар он азнун аст, ишора кардааст. Вале ҷузъиёти суханони вай дар ин бора рӯшан нест.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
Пас конун конун мегему - пас биёед бо ин аробахои худ бо номи Лексус BMV-Х6 Инфинити ва дигару вахо казо Халки дар рох баромадагихоро пахш карда гузаштан гирем конун нест ку Суд кунад ! ё НЕ :) Кани Адлу вазорат Адля ва Инсофу Судхо :(
Бигузор вай писари Раиси адлия хаст-ми, писари раиси идораи умури зиндонҳо хаст дар назди конун чавоб гуянд...Яъне ба чавобгари кашида шаванд. Аз дасти худи раиси идораи умури зиндонҳо хамаи хешу табори зиндониён ба дод омадаанд. Ин Раисони зиндонхо хешу табори зиндониёнро аз пулситония пуст кардаанд...Хатт о ба мо маълум хаст, ки хуроки зиндониёнро Раисон бо хешу таборонашон таксим карда мехуранд..А зиндонии бечораро бошад аз берун хешу таборхо хурок мебаранд...Кани корупсия як бор тафтиш карда барояд...мархам ат резултати тайёр...
Аз Раиси Чумхур хохиш менамоем, ки хамаи Раисони зиндонхои Точикистонро иваз намоянд...Аз Зоррои порахур сар карда то Давлати Бобою дигару дигар...Илтимос падари азиз Эмомали Рахмон.
RSS Обуна