00:42:07 17-уми Июни 2025 сол

КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА БА МАҚОМОТИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ НАШЪАОВАР

Сафири ИМА, Сюзан М. Эллиотт аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба воҳидҳои махсуси зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсиониро ба маблағи умумии беш аз ду миллион доллари ИМА тақдим намуд.

/images/stories/2012/11/11_kumaki-usa-111112.jpgДар маросими мазкур хотимаи бомуваффақияти марҳилаи якуми лоиҳаи ташаккули шабакаи байниидоравии коммуникатсионӣ қайд карда шуд. Ин шабака воҳидҳои махсуси мазкурро бо малакаҳои тамосгирӣ бо ҳамдигар ҳангоми амалиётҳои зидди маводи мухаддир ва терроризм, инчунин дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунад.

Сафир Эллиотт иброз дошт: «Ман бо камоли мамнуният нерӯҳои амниятии Тоҷикистонро ҷиҳати такмили қобилиятҳои коммуникатсионии онҳо дастгирӣ мекунам. Шабакаи мазкур аҳамияти бузурги худро ҷиҳати ҳамоҳангсозии амалҳои ҷавобии байниидоравӣ ба ҳодисаҳои воқеъии сатҳи ҷумҳуриявӣ исбот намуд.»

Сафир Эллиотт инчунин ба марҳилаи дуюми лоиҳаи ташаккулдиҳии шабакаи коммуниктсионии фарогирандаи минтақаҳои дигар ифтитоҳи расмӣ бахшид.

Инъоми мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки Сафорати ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъмин намудаст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои  барномаҳои кӯмакдиҳандаи ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, амният ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

“Рӯзгор”

Шарҳҳо   

 
0 #1 salim 12.11.2012 14:49
КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА БА МАҚОМОТИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. agar vogean hadafi amriko in boshad pas charo dar amriko marixuan ozod ast hatto bachahoi noboligh ba on mubtalo hastand? hamchunin xonandagoni aziz barnomahoi michail morr ro tamosho kunand bibinand ki in jurnalisti amrikoi xaridu furushi mavodi muxaddiro dar peshi xonai safedi amriko filmbardori kardaast. az mardum niz suoloti dar in robita kardaast ki mardum bo tijorati mavodi muxaddir dar nazdi koxi safed etirof dorand va az farzandoni xud nigaronand. charo amriko onhoro jamu jur namekunad? vogean dilsuzii amriko baroi az bayn burdani in mavoddi xatarnok ast yo gharazi digare dorad?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ