01:06:43 17-уми Июни 2025 сол

СОХТМОНИ ДУ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДӢ БО КӮМАКИ МОЛИЯВИИ ИМА

Сафири ИМА, Сюзан М. Эллиотт, аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳи сарҳадиро таҳвил дод.

/images/stories/2012/11/11_1-didbongoh-111112.jpgДар ин маросими расмӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шерали Мирзо ширкат варзид. Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар наздикии маҳаллаҳои Рибхоз ва Сайёди Вилояти Хатлон сохта шуда истиқоматгоҳи аскарон, ошхона,утоқҳои маъмурӣ, истиқоматгоҳи афсарон, иншоотҳои техникӣ ва сагхонаҳоро дарбар мегиранд.

Дидбонгоҳҳои мазкур омодагии марзбонони минтақаро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии кишвар аз қочокчиёни маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигар ба амниятро тақвият медиҳанд.

/images/stories/2012/11/11_2-didbongoh-111112.jpgСафир Эллиотт иброз дошт: «Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷузъи касбӣ ва содиқи низоми амнияти Тоҷикистон мебошанд. Ман ифтихор дорам, ки муборизаи шуҷоатноки марзбононро зидди қочоқи маводи мухаддир ва баҳри таҳкими марзҳои худ дастгирӣ мекунам».

Сафир афзуд, ки сохтмони дидбонгоҳхои сарҳадӣ иқтидори марзбонии Ҳукумати Тоҷикистонро таври назаррас тақвият медиҳад ва ба таҳким додани фаъолияти марзбонони минтақа низ кӯмак мерасонад.

Ин инъоми Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пешкаш гардидааст. Аз соли 1992  мардуми Амрико барои  барномаҳои кӯмакдиҳандаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ,  ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

«Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 salim 12.11.2012 14:59
amerika ham baroi xud pas az rassia karidor boz kard? haha. bale tjk kadom ruz parchami bozori siyohro az afghoniston meruboyad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ