Ҳукми зиндони умрбоди Қурмонбек Боқиев
26.07.2014 10:02
812
Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва сарвазири собиқи ӯ бо ҷурми даст доштан дар куштори тазоҳургарон ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Ҳадафҳои стратегӣ ва сиёсати Россия дар Афғонистон - I
11.07.2014 11:44
912
Марҳилаи охири сиёсати Россия дар Афғонистон ба дахолати ИМА ба низоъи Афғонистон вобаста аст. Пуштибонӣ аз амалиётҳои низомии эътилофи зиддитерористӣ таҳти роҳбарии ИМА ба Россия имкон фароҳам овард, ки аз таҳдиди ташкили пойгоҳҳои ифротӣ ва террористии мазҳабӣ дар сарҳадоти давлатҳои Осиёи Марказӣ раҳо ёбад.
Афғонистон: Бунбаст дар шумориши овозҳо ба куҷо мекашад?
25.06.2014 16:32
1049
Бо гузашти даҳ рӯз аз даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон ҳанӯз ҳам пирӯзу мағлуби он эълон нашудааст ва Комиссиюни мустақили интихоботӣ, чуноне дар аксар кишварҳои олам аст, ҳатто пирӯзи эҳтимолиро ҳам аз рӯи шумориши муқаддимотӣ хабар надодааст.
Гуантанама – зиндони толибон
19.06.2014 12:06
907
Гуантанама ҷаҳҳанам! Гуантанама дӯзаху даҳшат! Дар бораи Гуантанама-зиндоне, ки амрикоиҳо баъди саркӯбии режими толибони Афғонистон соли 2012 дар Куба таъсис доданд, ҳанӯз чунин тасаввур боқӣ мондааст. Бале, зиндоне, ки роҳи он ба рӯйи ҳама баста, ҷаҳон то ба наздикиҳо иттилое дар бораи маҳбусони он...
Мардони ниқобпӯш 12 фармондеҳи гурӯҳи Толибонро эъдом карданд
06.06.2014 10:07
889
Мақомоти афғон аз фаъолияти як гурӯҳи машкук ва ниқобпӯш дар ҷануби шарқи Афғонистон хабар медиҳанд, ки то кунун ҳадафи аслиашон куштани фармондеҳони Толибон будааст.
Н.Бисвал: Равобити Осиёи Миёна бо Русия набояд истисноӣ бошад
04.06.2014 16:10
932
Ниша Бисвал, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо мо дар бораи равобити Вошингтону Душанбе, хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон, бӯҳрони Украина ва паёмадҳои Иттиҳоди иқтисодиии АвроОсиё сӯҳбат кард.
Каримов аз мақоми президенти Узбакистон рафтанӣ нест
17.05.2014 12:32
817
Раиси ҷумҳурии Узбакистон Ислом Каримов гуфт, ки ба ин наздикиҳо мақоми худро тарк карданӣ нест. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, раиси ҷумҳурии Узбакистон Ислом Каримов гуфтааст, ки ба ин наздикиҳо мақоми худро тарк карданӣ нест.
Украина: Референдум ба Қрим мебарад. Интихобот ба куҷо?
15.05.2014 17:33
903
Рӯзи якшанбеи гузашта дар ду минтақаи Украинаи шарқӣ: Донетск ва Луганск раъйпурсӣ баргузор гардид. Дар ин раъйпурсӣ мардуми ин минтақаҳо мебоист ба саволи он ки дар ҳайати Украина бимонанд ва ё давлати мустақил эълон шаванд, посух медоданд.
Эҳёи «Бозиҳои бузург» ва муътақидсозӣ
30.04.2014 23:25
1123
Ба Русия ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим сиёсати геополитикии кишварҳои абарқудратро ба куллӣ тағйир дод. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавонист то ҷойе Русияро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари ишғолгар муаррифӣ намояд ва ҳатто Иттиҳоди Аврупо аз он нигаронӣ нишон дод, ки Русия ба умури кишвари Украин мустақиман дахолат дорад.
Даври дуюми интихобот зери суол аст
30.04.2014 23:22
1122
Ахиран баъди беш аз се ҳафтаи раъйшуморӣ, Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон рӯзи 26 апрел натиҷаи сабқати 8 нафар номзадро дар ин маъракаи сиёсӣ эълон кард.
Музокироти Женева, куштор дар Славянск, сафари Ҷо Байден ба Киев
24.04.2014 12:22
1135
Баъди музокироти рӯзи 17-уми апрели вазирони хориҷаи Русия, Украина ИМА ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳояи Аврупо хонум Кетрин Эштон дар Женева вазъият дар Украина дар муқоиса бо вазъи қаблазмузокиротӣ зоҳиран оромтар ва оддӣ ба назар мерасад.
Интихоботи Афғонистон: Пирӯзии доктор Абдуллоҳ наздик аст!
17.04.2014 12:40
1020
Интихоботи президентии соли 2014-умро дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон таърихӣ меноманд, зеро бори аввал аст, ки беш 8 миллиён интихоботкунанда дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат намуданд.Таи ду моҳ дар 34 вилоят барои барпо гаштани интихобот омодагиҳо дида шуда, маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар бештари вилоёти кишвар ...
Интихобот дар Афғонистон хуб гузашт, аммо …
10.04.2014 21:00
854
Инак, бори аввал баъди суқути низоми коммунистии Наҷибуллоҳ дар Афғонистон маъракаи интихоботӣ бо шӯру шавқи беандоза оғоз ва ба анҷом расид.Замони қудрати Бурҳониддини Раббонӣ замони шаклгирии давлати муҷоҳидин буд, ки билохира баъди интригаҳои бегонапарастони Толиб ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
Кэтрин Эштон: Сиёсатмадори сабуквазн бо эътирофоти сифрӣ
03.04.2014 20:09
1350
Дар доираҳои таҳлилгарон ва дипломтаҳо аз хеле замонҳо мегӯянд, ки "вақте Аврупо ҳарфи гуфтанӣ надорад, Кэтрин Эштонро мефиристад, то ба ҷойи вай чизе бигӯяд". Ин начандон вазифаи мушкилест, ки Иттиҳодияи Аврупо ба комиссари умури хориҷӣ ва сиёсати амниятии худ, баронхонум Эштон оф Апхолланд ...
Интихоботи Афғонистон: Шерзай муқобили Карзай. Чаро?
03.04.2014 20:06
1172
То интихоботи президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. 5 апрел, баробар ба 15 ҳамал беш аз 13 миллиён интихобкунандагон ба пояҳои сандуқҳои раъйдиҳӣ омада, ба ҷонибдории номзадҳои хеш раъйи худро медиҳанд.