17:35:30 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/14_--01-a-aaaaaachinaquakeap_-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/14_--01-a-aaaaaachinaquakeap_-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/14_--01-a-aaaaaachinaquakeap_-2.jpg'

ЗИЛЗИЛА ДАР ЧИН ҶОНИ ДАСТИКАМ 400 НАФАРРО ГИРИФТ

 

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки бисёре аз сокинони минтақа ҳанӯз дар зери овор ҳастанд, интизор меравад шумори кушташудагон афзоиш ёбад Гузоришҳо аз Чин ҳокӣ аст, ки дастикам 400 нафар бар асари зилзилае, ки рӯзи чаҳоршанбе манотиқе аз устони Чингҳой дар ғарби ин кишварро ларзонд, кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол шумори маҷруҳони ин зилзила то ин лаҳза 10 ҳазор нафар гузориш шудааст.

 

Манобеъи чинӣ бузургии ин зилзиларо 7.1 дар миқёси риштер тахмин задаанд. Ин зилзила соъати 7:49 дақиқаи субҳи чаҳоршанбе (14 апрел) ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Галмуд дар наздикии марзи Тибет иттифоқ афтод ва маркази баррасии додаҳои заминшиносии Омрико конуни зилзиларо дар умқи 10 килуметрӣ аз сатҳи замин ташхис додааст. Дар замони вуқӯъи зилзила ҳанӯз бисёре аз мардуми ин минтақа дар хонаҳояшон ба сар мебурдаанд.

 

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки иддаи зиёде дар зери овори сохтмонҳо мадфун шудаанд ва амалиёти кумакрасонӣ ҳам бакундӣ дар ҷараён аст, таваққуъ меравад шумори кушташудагони ин зилзила басуръат афзоиш ёбад. Гуфта мешавад, маркази ин заминларза дар кӯҳҳое қарор доштааст, ки устони Чингҳойро аз Тибет ҷудо мекунанд. Пеш аз вуқӯъи зилзилаи аслӣ, то он лаҳза се пасларза дар ин минтақа эқсос шудааст.

 

Тасовири телевизиюнӣ аз Чин гурӯҳҳои наҷот ва имдодрасониро нишон медиҳад, ки бо истиқрор дар наздикии сохтмонҳои фурӯрехта дар талошанд, то мардумро аз зери овор наҷот диҳанд. Расонаҳои давлатии Чин гузориш додаанд, ки нерӯҳои артиши ин кишвар ба минтақае эъзом шудаанд. Аммо яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ дар Чин мегӯяд, ки эҳтимолан ба далели дур будани ин минтақа, амалиёти кумакрасонӣ бо душвориҳое ҳамроҳ хоҳад буд.

 

Ҳамчунин гуфта мешавад ба далели дурафтода будани минтақа фосилаи наздиктарин фурудгоҳ ба он бисёр зиёд аст, ки ин мавзӯъ ирсоли кӯмак ба осебдидагонро бо мушкил мувоҷеҳ кардааст.

 

Хабаргузории Фаронса ба нақл аз яке аз мақомоти маҳаллӣ эълом кардааст, ки беш аз 85 дарсад аз сохтмонҳо дар наздикии конуни зилзила вайрон шудаанд. Яке аз шоҳидон ба хабаргузории Би-би-сӣ гуфтааст, ки бештари сохтмонҳои яктабақа дар минтақа фурӯ рехтаанд ва осори шикофҳои бузурге дар сохтмонҳои баландтар ба чашм мехӯрад.

 

Албатта вуқӯъи зилзила дар минтақаи фалоти Тибет амре нисбатан оддӣ аст, аммо маъмулан ба далели кам будани ҷамъияти сокин дар ин минтақа хисороти чандоне ба бор намеояд ва шумори қурбониён чандон зиёд нест. Бар асари зилзилае, ки дар соли 2008 дар минтақаи Сичуони Чин рух дод, 90 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2112--400-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854