08:26:43 01-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/26_iaea_2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/26_iaea_2147_1'

ЭРОН МУДИРИ КУЛЛИ ОҶОНСРО БА ҶОНИБДОРӢ АЗ ҒАРБ МУТТАҲАМ КАРД

Али Акбар Солеҳӣ, раиси созмони энержии атомии Эрон, Юкиё Амано - мудири кулли Оҷонси байналмиллалии энержии атомиро ба ҷонибдорӣ аз Ғарб ва фароҳам кардани «баҳонаи лозим» барои ҳамла ба Эрон муттаҳам кардааст. Оқои Солеҳӣ ин матлабро ба як ҳафтаномаи олмонӣ баён доштааст. Вай дар гуфтугӯе бо ҳафтаномаи «Spiegel”, ки рӯзи душанбе мунташир мешавад дар ин бора гуфтааст : «Оқои Амано бояд муроқиб бошад, ки ба хотири ҷонибдорӣ аз як тарафи хос, машрӯъияти худро аз даст надиҳад».

 

Оҷонс сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эронро таъид намекунад

Раиси созмони энержии атомии Эрон ҳамчунин бо ишора ба охирин гузориши мудири кулли ожонси байналмиллали энержии атомӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон гуфтаааст, Амано «иттҳомҳои қадимӣ» алайҳи Эронро такрор мекунад ва давлати ҷумҳури исломӣ «ин гуна бархурдҳо»-ро намепазирад.

 

Чанде пеш ва дар остонаи баргузории нишасти давраии шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии атомӣ, Амано дар охирин гузориши худ дар бораи барномаи ҳастаи ҷумҳурии исломӣ, Теҳронро муттаҳам карда буд аз тариқи мамониъат аз вуруди бархе аз бозрасонони бо таҷриба, масъалаи таҳқиқ дар мавриди барномаи ҳастаии худро «печида» мекунад.

 

Дар ин гузориш ҳамчунин омада буд, Эрон ба раванди тавлиди уронюми бо ғинои поин ва низ бо ғинои болотар идома дода ва аз посух додан ба пурсишҳои ожонс дар мавриди «абъоди низомии эҳтимолӣ»-и барномаи ҳастаии худ худдорӣ мекунад.

 

Мудири кулли ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ҳамчунон нисбат ба фаъолиятҳо эҳтимолии ҷумҳурии исломӣ барои «тавсиъаи мушакҳои дорои кулоҳаки ҳастаӣ» ибрози нигаронӣ карда ва аз Теҳрон хоста буд то «бидуни таъхир» иҷозаи дастраси ба ҳама маконҳо, таҷҳизот ва афроди вобаста бо ин барномаро ба бозрасони ожонс бидиҳад.

 

Амано дар суханронии ифтитоҳии худ дар ҷараёни нишасти шӯрои ҳукком низ бори дигар ҷумҳурии исломиро ба ҳамкори накардан бо бозрасони ожонс муттаҳам карда ва гуфта буд, ожонси байналмиллалии энержии атомӣ наметавонда сулҳомез будани фаъолиятҳои Эронро тайид кунад.

 

Эрон боз даҳ маркази ҳастаии ҷадид месозад

Охирин гузориши мудири кули ожонси байналмиллалӣ дар бораи Эрон бо вокуниши тунди мақомҳои Эрон рӯбарӯ шуда буд, ки вайро ба « нусхабардорӣ» аз қатъномаи шӯрои амният дар гузориши худ муттаҳам карда буданд. Шӯрои амнияти СММ то кунун бо тасвиби чаҳор қатъномаи таҳримӣ ва ду қатъномаи дигар, аз ҷумҳурии исломӣ хоста аст фаъолиятҳои ҳасоси ҳастаии худро, ки қобилияти корбурд дар сохти ҷангафзорҳои ҳастаиро дорад, мутаваққиф кунад.

 

Аз сӯи дигар ИМА ва Исроил, ки барномаи ҳастаии Эронро ба унвони таҳдиде барои амнияти миллии худ арзёбӣ мекунанд, эълом кардаанд ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эронро ҳамчунон ба унвони як гузинаи эҳтимоли барои худ маҳфуз хоҳанд дошт.

 

Дар ин миён Али Акбар Солеҳӣ аз ин бобат ибрози нигаронӣ кардааст, ки Амано бо «ҷонибдории худ аз Амрико ва Исроил» таваҷҷуҳи лозимро барои ҳамлаи эҳтимолии ин ду кишвар ба Эрон фароҳам кунанд. Раиси созмони энержии атомии Эрон дар ин бора гуфтааст: «Оё оқои Амано мехоҳад барои ҳамла ба Эрон ба дасти касе баҳона бидиҳад?»

 

Вай ҳамчунон дар бахши дигаре аз суханони худ бо баёни ин, ки кишвараш даҳ макони дигарро барои сохти марокизи ҳастаии ҷадид шиносоии карда, афзудааст таъсисоти ҷадид дар муқобили ҳаргуна ҳамла «эмин» хоҳанд буд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3215-2010-09-26-10-29-57.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ