18:33:02 01-уми Июли 2025 сол

ИБРОЗИ НИГАРОНИИ ЭРОН АЗ ХАБАРИ ХУДКУШИИ АЛИРИЗО

asgariЭрон нисбат ба гузоришҳои ҳокӣ аз марги як мақоми аршади собиқи Ҷумҳурии Исломӣ дар Исроил ибрози нигаронӣ кардааст. Муҳаммадрауф Шайбонӣ, муъовини умури Ховари миёнаи Вазорати умури хориҷаи Эрон, интишори хабари даргузашти Алиризо Асгарӣ, муъовини пешини Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Исломӣ, дар яке аз зиндонҳои Исроилро нигаронкунанда дониста ва бори дигар Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаро ба рабудани ин узви собиқи Сипоҳи Посдорон муттаҳам кардааст.

 

Изҳороти оқои Шайбонӣ пас аз он интишор меёбад, ки рӯзи гузашта хабаре ба нақл аз наздикони Эҳуд Борок, вазири дифоъи Исроил, барои муддате дар сойтҳои интернетии ду рӯзномаи муътабари исроилӣ зоҳир шуд, ҳокӣ аз ин ки оқои Асгарӣ дар селули худ дар зиндони Оёлун дар Исроил худкушӣ кардааст.

 

Ба гузориши идораи кулли иттилоъот ва матбуъоти Вазорати хориҷаи Эрон, оқои Шайбонӣ бо муттаҳам кардани давлати Исроил ба рабудани Алиризо Асгарӣ ва ҳамкории Амрико дар ин одамрабоӣ, "иддаъои ахири дастгоҳи таблиғотии" Исроилро ба унвони мисдоқи боризи терурисми давлатӣ муъаррифӣ карда ва гуфтааст, ки чунин иқдоме "танҳо масъулияти онҳоро дар қиболи ҷон ва саломати вай сангинтар мекунад."

 

Муъовини Вазорати хориҷаи Эрон бидуни изҳори назар дар мавриди сиҳҳати хабари марбут ба худкушии оқои Асгарӣ, "ингуна иқдомот" аз сӯйи Исроилро башиддат маҳкум карда ва аз Созмонҳои байналмилалӣ хостааст, то барои равшан шудани вазъияти ин мақоми собиқи эронӣ талош кунанд. Муҳаммадрауфи Шайбонӣ гуфт, ки пеш аз ин ҳам Исроил ба иқдомоти мушобеҳе монанди рабудани чаҳор диплумоти эронӣ дар Ландан ва интиқоли онон ба зиндонҳое дар дохили Исроил мубодират кардааст.

 

Ишораи вай ба нопадид шудани чаҳор узви сафорати Эрон дар шимоли Лубнон дар июни соли 1982 ва замони ҷанги дохилии Лубнон аст, ки ба гуфтаи мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ тавассути шибҳенизомиёни муттаҳиди Исроил рабуда ва таҳвили он кишвар шуданд, ҳарчанд давлати Исроил расман ҳар гуна огоҳӣ аз сарнавишти ин афродро такзиб кардааст. Бархе манобеъи исроилӣ гуфтаанд, ки эҳтимолан гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Ҷумҳурии Исломӣ дар Лубнон, ин чаҳор нафарро куштанд ва дар Лубнон дафн карданд.

 

Муъовини Вазорати хориҷаи Эрон давлати Исроилро ба тафра рафтан аз посухгӯйӣ ба ибҳомоти марбут ба вазъияти ин чаҳор нафар муттаҳам сохт ва гуфт, ки масъулияти ҳифзи ҷони онон ба Исроил аст ва хостори иқдомоти фаврии "тамомии озодихоҳон ва соҳибони виҷдонҳои бедор" барои мушаххас шудани сарнавишти ин чаҳор нафар шуд. То кунун мақомоти исроилӣ нисбат ба хабари зиндонӣ будани Алиризо Асгарӣ дар Исроил ва худкушии ӯ дар зиндон вокунише нишон надодаанд.

 

Дар ҳамон ҳол, ба гузориши бахши инглисизабони хабаргузории давлатии Эрон - ИРНО - Зебо Аҳмадӣ, ҳамсари Алиризо Асгарӣ, дар тамос бо ин хабаргузорӣ, аз ниҳодҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар хостааст то барои рӯшан шудани вазъияти ҳамсараш ва бозгардондани ӯ ба Эрон талош кунанд.

 

Муъовини "рабудашудаи" Вазорати дифоъи Эрон

Сартип посдор Алиризо Асгарӣ, муъовини вазири дифоъ дар давлати Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳурии собиқи Эрон, дар моҳи феврали соли 2007 ҳангоме ки пас аз дидор аз Димишқ, пойтахти Сурия, ба Туркия сафар карда буд, нопадид шуд. Зоҳиран оқои Асгарӣ, ки ҳангоми нопадид шудан чиҳилу шаш сол дошт, пеш аз пайвастан ба давлати Муҳаммад Хотамӣ ба унвони яке аз нафароти Сипоҳи Посдорон ва пас аз он ба унвони яке аз маъмурони иттилоъотии Эрон маъмуриятҳоеро дар Лубнон бар уҳда гирифта ва бо гурӯҳҳои тарафдори Ҷумҳурии Исломӣ дар он кишвар дар тамос буд.

 

Бо интишори хабари нопадид шудани ин афсари собиқи Сипоҳи Посдорон, бархе манобеъи хабарӣ аз эҳтимоли паноҳанда шудани ӯ ба ғарб хабар доданд ва афзуданд, ки мумкин аст вай иттилоъоти судмандеро аз барномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ва ё ҳамкориҳои таслиҳотии ин кишвар бо гурӯҳҳои лубнонӣ ва фаластинӣ дар ихтиёри кишварҳои ғарбӣ ва Исроил қарор дода бошад.

 

Гузоришҳое низ дар ин маврид интишор ёфт, ки оқои Асгарӣ барои анҷоми як муъомилаи таслиҳотӣ ба Туркия рафта буд, аммо хонаводаи Асгарӣ бо радди ин гузоришҳо гуфтанд, ки вай пас аз канорагирӣ аз симати Вазорати дифоъ, ба тиҷорати рӯған иштиғол дошт ва сафари ӯ ба Сурия низ ба ҳамин манзур будааст. Хонаводаи оқои Асгарӣ ва мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора таъкид варзидаанд, ки ин узви собиқи Сипоҳи Посдорон дар ҳоле нопадид шуд, ки қатъан дар назар дошт аз роҳи Туркия ба Эрон бозгарданд ва бинобар ин ҳар навъ хабаре дар мавриди паноҳанда шудани ӯ ба хориҷро комилан беасос донистаанд.

 

Ба гуфтаи онон, Алиризо Асгарӣ тавассути дастгоҳҳои иттилоъотии хориҷӣ дар Туркия рабуда шудааст. Мақомот ва манобеъи хабарии давлатӣ дар Эрон дар мавриди авомили рабудани оқои Асгарӣ, мадорики мушаххасе матраҳ накардаанд, аммо маъмулан дастгоҳҳои иттилоъотии Амрико ва Исроил ва гоҳ Туркия ва кишварҳои дигарро ба даст доштан ё ҳамкорӣ дар рабудани вай муттаҳам сохтаанд.

 

Аъзои хонаводаи Алиризо Асгарӣ дар авохири соли 2007 бо таслими шикоятномае ба сафорати Туркия дар Теҳрон, хостори иқдоми фаврии давлати он кишвар дар бозгардонидани оқои Асгарӣ ба Эрон шуданд, аммо дар мавриди иқдоми эҳтимолии Туркия дар ин замина хабари дигаре дар даст нест. Мавзӯъи нопадид шудани оқои Асгарӣ соли гузашта пас аз эъломи хабари нопадид шудани Шаҳроми Амирӣ, як коршиноси ҳастаии Эрон, ҳангоми сафари зиёратӣ ба Арабистони Саъудӣ бори дигар аз сӯйи мақомоти давлатии Эрон мавриди таъкид қарор гирифт.

 

Онон зимни муттаҳам кардани дастгоҳҳои иттилоъотии Амрико ба "рабудани" оқои Амирӣ, хостори озодии фаврии ӯ ва ҳамчунин касби иттилоъоте дар мавриди вазъияти оқои Асгарӣ ва чанд эронии зиндонӣ дар Амрико шуданд. Авоили соли ҷорӣ таъйид шуд, ки оқои Амирӣ дар Амрико ба сар мебарад ва чанд моҳ пеш бо муроҷеъа ба дафтари ҳифозат аз манофеъи Эрон дар Вошингтун, ба Эрон бозгашт. Амрикоиён гуфтанд, ки Шаҳром Амирӣ довталабона ба Иёлоти Муттаҳида омада буд, аммо мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бар рабуда шудани ӯ тавассути Амрикоиён таъкид варзидаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4013-2010-12-29-14-55-23.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ