21:02:40 01-уми Июли 2025 сол

ҲУСНӢ МУБОРАК АЗ СИМАТИ ХУД ИСТЕЪФО ДОД

Телевизиюни давлатии Миср эълом кардааст, ки Ҳуснӣ Муборак аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо додааст. Умар Сулаймон, муъовини раиси ҷумҳурии Миср, бо қироати баёнияе дар телевизиюни Миср хабари канорагирии оқои Муборакро аз қудрат эълом кард.

 

mubara_47Ба гуфтаи оқои Сулаймон, ихтиёроти Ҳуснӣ Муборак ба шӯрои олии артиш вогузор мешавад. Садҳо ҳазор нафар, ки аз 18 рӯз қабл ба ин сӯ дар маркази Қоҳира даст ба тазоҳурот задаанд, бо хушҳолӣ аз истеъфои оқои Муборак истиқбол карданд. Дар Қоҳира мардум бо такон додани парчам ва ба садо даровардани бӯқи мошинҳо хушҳолии худро аз истеъфои оқои Муборак нишон доданд. Дар шаҳри Искандария низ саҳнаҳои шодмонии мардум ба чашм мехӯрд.

 

Оқои Муборак камтар аз 24 соъат қабл гуфта буд, ки ҳозир нест истеъфо бидиҳад. Ин ки ихтиёри умур дар Миср дар дасти артиш бошад, бо қонуни асосии ин кишвар муғоират дорад. Хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд мушаххас нест, ки оё дар сари қудрат будани шӯрои олии низомӣ мӯътаризонеро, ки хоҳони як давлати ғайринизомии ҷадид ҳастанд, қонеъ хоҳад кард ё на.

 

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, вазъияти Миср дар ҳоли ҳозир бисёр шабеҳ ба як кудетои низомӣ аст ва Миср ба сӯйи ояндае бисёр номутмаин пеш меравад. Пештар эълом шуда буд, ки Ҳуснӣ Муборак Қоҳираро ба мақсади истироҳатгоҳи соҳилии Шармушшейх тарк кардааст. Телевизиюни давлатӣ эълом карда буд, ки иттилоъияе муҳим аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ мунташир хоҳад шуд.

 

Дар ҳамин ҳол, Ҳисом Бадровӣ, дабири кулли ҳизби демукротики миллӣ, ҳизби ҳокими Миср, гуфт, ки пеш аз нутқи телевизиюнии оқои Муборак дар шомгоҳи панҷшанбе аз ин мақом истеъфо дода буд. Оқои Бадровӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки иқдоми дуруст барои раиси ҷумҳурӣ ин аст, ки канорагирӣ кунад. Дар Искандария ва Суэз низ имрӯз тазоҳурот баргузор шуд.

 

Авоили рӯзи ҷумъа телевизиюни давлатии Миср матни баёнияи раҳбарони артишро пахш кард. Дар ин баёния омада буд, ки артиш тазмин мекунад, агар вазъияти кунунӣ дар кишвар хотима ёбад, вазъияти фавқулъода дар Мисрро лағв кунад. Дар ин баёния ҳамчунин омада буд, ки ба дунболи тағйироти лозим дар Қонуни асосии Миср артиш тазмин мекунад, ки интихоботи озод ва одилона баргузор кунад, то Миср битавонад ҷомеъае озод ва демукротик шавад.

 

Артиш дар баёнияи худ афзуд, ки касоне ки ба фасод эътироз карда ва хостори ислоҳот будаанд, таҳти таъқиб қарор нахоҳанд гирифт. Оқои Муборак дар нутқе телевизиюнӣ, ки панҷшанбешаб (10 феврал) эрод кард, гуфта буд, ки қасд дорад то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи сентябр дар сари қудрат бимонад, аммо бахше аз ихтиёроти худро ба Умар Сулаймон, муъовинаш ва раиси созмони иттилоъот ва амният, вогузор мекунад.

 

Самир Ризвон, вазири дороии Миср, субҳи ҷумъа ба Би-би-сӣ гуфт, ки вазъияти кунунӣ наметавонад идома ёбад ва аъзои шӯрои олии артиш дар ҳамин иртибот ҷаласа доштаанд. Таҳлилгарон мегӯянд то эроди нутқи оқои Муборак дар шомгоҳи панҷшанбе интизори умумӣ бар ин буд, ки ӯ канорагирӣ кунад, вале ба ҷойи он, суханронии раиси ҷумҳурӣ боъис шуда, ки Миср дар билотаклифӣ ва сардаргумӣ қарор бигирад.

 

Дар бораи Муборак

Ҳуснӣ Муборак ба муддати се даҳа зимоми умури Мисрро дар даст дошт. Оқои Муборак баъд аз касби муваффақиятҳое дар артиши Миср ба унвони муъовини раиси ҷумҳурии ин кишвар баргузида шуд ва дар пайи терури Анвар Содот дар соли 1981 раиси ҷумҳурии Миср шуд. Вай сиёсати оқои Содот дар ҳимоят аз муъоҳидаи сулҳ бо Исроилро идома дод ва ба ҳамин далел, аз муттаҳидони аслии Омрико дар минтақа шуд ва ҳар сол милёрдҳо дулор кумаки низомӣ аз Омрико дарёфт мекард.

 

Ҳуснӣ Муборак дар талош барои ҳифзи суботи Миср дар муқобила бо ифротиюни исломӣ вазъияти фавқулъода эълом кард ва фаъолияти Ихвон-ул-муслиминро мамнӯъ кард. Гурӯҳҳои ғайримазҳабӣ низ аз вай ба далели рафторҳои хушунатомези пулис, фасоди идорӣ ва истибдод интиқод мекарданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4419-mubarak-az-simati-khud-istefo-dod.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ