18:28:15 01-уми Июли 2025 сол

МУАММАР ҚАЗЗОФӢ: КАНОРАГИРӢ НАМЕКУНАМ

kazafi Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либӣ дар суханронии худ, ки дақоиқе пеш аз тариқи телевизиюнии Либӣ пахшу шуд, гуфт ки тарсуҳо ва хоинон мехоҳанд тасвири як кишвари ошӯбзада аз Либӣ тарсим кунанд ва душманони Либӣ қасд доранд бар ин кишвар латма ворид кунанд. Сарҳанг Қаззофӣ гуфт, ки ӯ як раҳбари инқилобӣ аст ва ин ба маънои фидо кардани худ то охирин лаҳзаи зиндагӣ аст. Ӯ таъкид кард, ки канорагирӣ намекунад. Раҳбари Либӣ ҳамчунин худро чангҷӯи рустоӣ хонд, ки барои кишвараш ифтихор ба ҳамроҳ овардааст ва афзуд, ки ҳозир аст дар кишвараш шаҳид шавад.

 

Сарҳанг Қаззофӣ бо ишора ба бумбгузорӣ, ки Омрико пештар дар Тароблис карда, мегӯяд абарқудратҳо медонанд, ки онҳо ҳам наметавонанд ӯро ба пойин бикашанд. Ӯ ки бо ҳаяҷон сухан мегуфт эълом кард, ки қудрат дар Либӣ дар дасти мардум аст. Сарҳанг Қаззофӣ, ки бо мушти гиреҳкарда ва бо садои баланд сухан мегуфт аз ҳаводоронаш хост ба хиёбонҳо биёянд. Ӯ ҳамчунин ихтор кард, ки дар сурати ниёз бо таваҷҷуҳ ба қавонини байналмиллалӣ аз зӯр истифода хоҳад кард.

 

Нишасти ШӮрои Амният

Шурои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои баррасии буҳрони Либӣ ҷаласаи изтирорӣ ташкил додааст. Ин ҷаласа ба дархости Иброҳим Дабошӣ, муъовини намояндаи Либӣ дар Созмони Миллали Муттаҳид ташкил шудааст. Иброҳим Дабошӣ дархост кардааст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз бумборони ҳавоии мардум тавассути касоне, ки ӯ онҳоро "муздурони хориҷӣ" хонд, осмони Тароблисро минтақаи мамнуъаи парвозӣ эълон шавад.

 

Ҳамзамон Иттиҳодияи Араб ҳам барои баррасии вазъияти буҳронии Либӣ ташкили ҷаласа додааст. Новӣ Пилой, кумисори олии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид ҳам хостори таҳқиқ дар бораи куштори таҳозуркунандагон дар Либӣ шудааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд аз ҳаликуптер ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ барои ҳамла ба тазоҳуркунандагони муътариз истифода шудааст. Новӣ Пилой дар мавриди эҳтимоли иртикоби ҷиноят алайҳи башарият дар Либӣ ҳушдор додааст.

 

Таниш дар Тароблис

Аз худи Либӣ тозатарин гузоришҳо ҳокӣ аст, ки фазои шаҳри Тароблис бисёр танишолуд аст ва дар хиёбонҳои шаҳр ба ҷуз сафи утумубил дар муқобили пумпи бензин ва мардум дар муқобили нонвоиҳо, фарди дигаре дар хиёбонҳо дида намешавад. Бано бар гузориши хабарнигори Бибисӣ дар Тароблис дар чанд хиёбон нишонаҳои шуриш ва оташсӯзӣ дида мешавад, вале ҳузури нерӯҳои низомӣ чашмгир аст. Дар Бенғозӣ, дувумин шаҳри Либӣ ҳам мардум хиёбонҳо ва истгоҳҳои родюиро ба тасарруф даровардаанд, аммо артиш ҳанӯз кунтрули фурудгоҳ ва ҳумаи атрофро дар даст дорад, гарчи вазири хориҷаи Миср гуфтааст, ки фурудгоҳи Бенғозӣ ба куллӣ вайрон шуда ва ҳавопаймоҳо қодир ба фуруд омадан дар он нестанд.

 

Дар пайи гузоришҳое, ки аз ақибнишинии горди марзии Либӣ интишор ёфт, шурои олии низомии Миср эълом кард, ки нерӯҳои низомии худро дар атрофи гузаргоҳи аслии марзии ин кишвар бо Либӣ тақвият кардааст. Гуфта мешавад ки ҳазорон тан аз шаҳрвандони Либӣ саъй доранд аз ин гузаргоҳ убур кунанд ва вориди Миср шаванд. Артиши Миср ду бемористони саҳроӣ дар атрофи марз ташкил додааст то ба мудовои маҷруҳин ва беморони либиёӣ бипардозад. Бо вахомати авзоъ дар Либӣ бисёре аз кишварҳо хориҷ кардани атбоъи худро аз Либӣ оғоз кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4503-muammar-kazofi-kanoragiri-namekunam.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ