01:00:59 02-уми Июли 2025 сол

СИЁСАТИ ОБАМА ДАР ЗАМИНАИ ЭРОН ШИКАСТ ХӮРДААСТ

Як нависанда ва таҳлилгари барҷастаи Англис, дар гузорише бо ишора ба номуваффақ будани сиёсатҳои давлати Амрико возеҳ кардааст, ки президенти Амрико дар робита бо Эрон шикаст хӯрдааст.Ба гузориши «Форс» Патрик Сил, нависандаи барҷастаи Англис дар умури Ховари миёна ва нависандаи асари «Асади Сурия», дар гузорише, ки CNN мунташир намуда навишт:

oboma0101021.jpg«Дар ҳоли ҳозир ба тарзи густарда ин мавзӯъ мавриди пазириш қарор гирифтааст, ки Барак Обама президенти Амрико ба тарзи ваҳшатноке дар талош барои барқарори сулҳи миёни Фаластин ва Исроил ба шикаст мувоҷеҳ шудааст. Аз он ҷое, ки Барак Обама тавассути Бенямин Натаняҳу – нахаствазири режими саҳюнистӣ, дӯстони Исроил дар Амрико, лобиҳо, қонунгузорон ва муҳофизакорон мағлуб шудааст, дар ин замина ба соддагӣ таслим шуд».

Обама дар робита ба Эрон шикаст хӯрдааст

Масоиле, ки камтар ба он таваҷҷӯҳ мешавад, ин аст, ки Обама дар бахши умдаи дигаре аз сиёсати хориҷии худ, ки он барқарори робита бо Эрон аст, дучори шикаст шудааст. Обама вақте садоратро бар ӯҳда гирифт, муттаҳид шуд, ки ба Ҷумҳурии Исломии Эрон таъамул мекунад, аммо ин аҳдофи вай хеле зуд ҷойи худро ба сиёсати таҳдид, таҳрим ва эҷоди тарс ва ваҳшати Эрон дод ва тамоми ин иқдомоти бо ҳадаф ҷудо кардани Эрон, вожгун кардани иқтисоди Эрон ва сарнагунии давлати Эрон сурат гирифтааст.

Исроил ба дунболи сенарияи машобаи ҳамла ба Ироқ, ҳамла ба Эрон аст

Режими саҳюнистӣ ба ҳамроҳии дӯстони худ, маъракаи алайҳи Эронро роҳбарӣ карданд ва ин кишварро ба унвони таҳдиде барои башарият ҷилва доданд ва Амрикоро низ маҷбур карданд, то онҳоро дар ин масир ҳамроҳӣ кунад. Режими саҳюнистӣ ба таври доим ва ошокоро таҳдид кардааст, ки тайи сиёсати ҳастаии Эрон ҳамла мекунад ва тамоми талоши худро ба кор гирифтааст, то Амрикоро дар ҷанг алайҳи Эрон бо худ ҳамроҳ созад, ба ҳамон шакле муҳофизакорони Пентагон ба қавли маъруф барои водор кардани Амрико барои ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 иттилоотеро алайҳи Ироқ дастакорӣ карданд, ки ин иқдоми онҳо паёмадҳои мусибатбореро ба ҳамроҳ дошт.

Бо чӣ далел онҳо чунин коре карданд? Иқдоми онҳо ба ин далел буд, ки нигарон буданд, ки Саддом Ҳусейн - президенти вуҷуднадоштаи Ироқ, пас аз ҷон дарбадан аз ҷанги 8-солаи Ироқ ва Эрон, эҳтимолан таҳдиде барои Исроил маҳсуб мешавад ва бинобарин бояд сарнагун мешуд. Тони Блэр собиқ нахуствазири Англия, дар он замон ба андозае аҳмақ буд, ки аз ӯ даъват карданд, то дар ҷанги Ироқ, Амрикоро ҳамроҳӣ кунад ва ин ҷанг ба таври комил ба беобрӯии ӯ анҷомид.

Ҳамлаи Амрико ба Ироқ баҳонае барои идомаи ҳамлаи Вашингтон ба кишварҳои дигар буд

Замоне, ки бо Саддом Ҳусейн бархӯрд шуд, онҳо гуфтанд, ки мехоҳанд аз артиши Амрико бори дигар ва борҳои дигар барои ислоҳи Сурия, Ҳизбуллоҳ ва Эрону Фаластин ва ҳатто Миср ва Арабистони Саудӣ низ истифода кунанд.

Иддаои ҳамлаи Исроил ба Эрон блуфе  (дурӯғе) барои аъмоли фишори бештари Амрико ба Эрон аст

Ба гуфтаи Патрик, режими саҳюнистӣ ва дӯстонаш пас аз он ки ба шикасти барномаи Ироқ сарпӯш гузоштанд, ҳамакнун дар ҳоли идомаи фаъолиятҳои худ ҳастанд. Дар ҳафтаи ахир гузоришоти ногаҳонӣ дидаем, ки режими саҳюнистӣ дар назар дорад, таъсисоти ҳастаии Эронро дар сентябри соли ҷорӣ бомбаборон кунад, ки дар воқеъ ин як блуфе аст, ки ба возеҳ қасд дорад ба Амрико аъмоли фишор кунад, то иқдомоти сахтгиронатаре алайҳи Эрон таҳмил кунад, ба тавре ки ниёзе ба ҳамлаи Исроил ба Эрон набошад.

Муҳофизат аз нафти Эрон  танҳо ҷурми Моссадиқ барои барканорӣ тавассути Амрико буд,

Ба ин нигоҳ накарда, чунин иқдомоти таблиғотии режими саҳюнистӣ, дар ду соли гузашта бисёр ба ин масоил эътиқод оварданд, ки ин режим дар пушти қатли донишмандони ҳастаии Эрон қарор дорад. Соли гузашта ду донишманди ҳастаии Эрон ба қатл расиданд ва яке аз онҳо ба шиддати захмӣ шуд ва моҳи гузашта низ як донишманди ҳастаии Эрно террор шуд.

Бартарии барномаи ҳастаии Эрон аз тариқи вируси «Astaksnt» мавриди ҳамла қарор гирифта ва ҷойи тааҷуб надорад, ки Теҳрон ҳамакнун Амрико ва режими саҳюнистиро ба унвони як душман  қаламдод мекунад. Кишварҳо, ҳофизаҳо муддати тӯлонӣ доранд. Нафрат ба соддагӣ аз даҳан пок намешавад. Амрико ва дар ҳадди кӯчактар Англия ҳанӯз товони сарнагунии Муҳаммад Моссадиқ - нахуствазири собиқи Эрон дар соли 1953-ро мепардозад, зеро танҳо ҷурми вай ин буд, ки ба дунболи муҳофизат аз нафти Эрон дар муқобили ғоратгарони империалист буд.

Исроил дар тавҳим аст, ки Эрон бузургтарин таҳдид маҳсуб мешавад

Ба чӣ далел Натаняҳу дар талош аст то барномаи ҳастаии Эронро ба унвони бузургтарин таҳдид барои зиндагии мардуми яҳуд аз замони Гитлер то кунун ба тасвир бикашад? Ӯ бояд бидонад, ки ин танҳо як тавҳим ва хаёл аст. Эҳуд Барак – вазири ҷанги режими саҳюнистӣ бо доро будани анборҳои васеъи ҳастаӣ, дорои лавозимоти бисёр зиёде барои боздории ҳаргуна ҳамла аст.

Исроил ба делели боздории рақибони худ ба бадгӯӣ аз Эрон ва Ҳизбуллоҳ мепардозад

Аммо Эрони ҳастаӣ, агар рӯзе ба ин марҳала бирасад, дар воқеъ як чолиши мутафовит барои Исроил ба ҳамроҳ дорад: Барномаи ҳастаии Эрон, ҳастаии Исроилро таҳдид намекунад, балки озодии ин режим барои ҳамлаи дилхоҳ ба ҳамсоягонашро маҳдуд мекунад. Исроил ҳамеша ба дунболи ҷилавгирӣ аз дастёбии ҳамсоягони худ ба қобилияти боздорандагӣ будааст. Ин режим мехоҳад, ки аз Теҳрон то Кособланка ба унвони як қудрати низомӣ бидуни рақиб бошад ва ба ҳамин далел чунин иқдомотеро муртакиб мешавад.

Исроил ба дунболи сӯистифода аз эътирозоти Сурия аст

Дар ҳафтаҳои ахир, эътирозоти Сурия дар воқеъ режими саҳюнистӣ ва дӯстони ин режимро тарғйиб кардааст, то ба дунболи эҷоди изтироб бошанд ва агар мумкин шуд, харобкорӣ кунанд. Меҳвари Теҳрон, Димишқ, Ҳизбуллоҳ дар воқеъ гегемонияи минтақаи Исроил ва Амрикоро ба чолиш мекашад. Муассисаи сиёсати Ховари наздики Вашингтон дар матраҳ кардани иддаҳои алайҳи тамоми ин се меҳвар фаъол аст. Мэтю Левитт яке аз аъзои ин муассиса моҳи гузашта дар мақолаи доғ, Ҳизбуллоҳро ба унвони яке аз бузургтарин ҷинояткорони ҳирфаӣ дар ҷаҳон номид.

Ҳизбулло ба далели муқовимат дар муқобили Исроил ба чолиш кашида мешавад

Ҷурми ҷунбиши муқовимати Лубнон ин буд. ки режими саҳюнистиро водор карда буд, ки пас аз як ишғолгарии 18 сола, аз соли 1982 то 2000 аз ҷануби Лубнон хориҷ шавад ва қобилияти андаке барои боздории хушунатҳои бештари режими саҳюнистӣ, ҳамчунин ҳамлаи 2006 ин режим, ки мунҷар ба кушта шудани 1600 лубнонӣ шуда буд, эҷод кунад.

Бидуни ҳимояти Эрон Амрико наметавонад коре дар Афғонистон ва кишварҳои дигар пеш барад

Амрико хазинаҳои зиёде аз ҷумлаи хазинаҳои инсонӣ, молӣ, ифтихорӣ барои ҷангҳои худ дар Ироқ, Афғонистон ва Покистон сарф кардааст. Ва дар театри ҷанги Афғонистон ва Покистон гирифтор шудааст. Ин кишвар бояд бидонад, ки бидуни ҳимояти Эрон, ҳеҷ гунна оромиш дар Афғонистон барқарор намешавад ва бо андохтани нигоҳи мурур ба як нақшаи ин масъала тайид мешавад.

Ахиран Дэвид Коэн – муовини вазорати хазинадории Амрико дар умури марбут ба терроризм, бидуни ҳаргуна исботе Эронро муттаҳам кард, ки кишвари ҳомии терроризм аст. Коэн эълон кард, ки Теҳрон бо Алқоида тавофуқномаи махфиёна доштааст, то ин шабакаи террористӣ аз қаламрави Эрон барои интиқоли пул ва афрод барои ҷанг дар Покистон ва Афғонистон истифода кунад. Чунин равиш ба тарзи ваҳшатноке шабеҳ ба равише аст, ки навмуҳофизакорон барои таваҷчӯҳи ҳамлаи 2003 Амрико ба Ироқ аз он истифода карданд.

Амрико бояд аз равиши асари мутақобила дар муқобили Эрон истифода кунад

Амрико дар муқобили чунин таблиғоти режими саҳюнистӣ беҳтар аст, ки ба Туркия ва Бразил гӯш фаро диҳад ва бо эҳтиром ва дарк ба Эрон наздик шавад, зеро ин ду омиле дар моҳи майи соли гузашта ба инъиқоди қарордоди мунтаҳӣ шуд, ки тибқи он бахши аъзами урониюми кам ғанишудаи Эрон дар муқобили дарёфти сӯхт барои реактори таҳқиқотии Теҳрон табодул мешуд ва агар бар ҳаққи Эрон густариши барномаи ҳастаӣ сулҳомез таъкид мекард, асоси тавофуқи ҷаҳонӣ ҳосил мешуд.

Обама аз рӯи бемулоҳизагӣ чунин равиши умедбахшро нодида мегирад ва таслими мушовирони худ мешавад ва барои даври ҷадид аз таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал алайҳи Эрон аъмоли фишор кард, аммо душмани Эрон будан ба соддагӣ суратҳисобҳоеро, ки Амрико бояд дар Афғонистон ва бидуни шак дар Ироқ ва дигар кишварҳо бипардозад, афзоиш медиҳад.

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 14.08.2011 11:34
118. Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ зараре дар ҳаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед!
119. Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китоб имон овардаед. Чун шуморо бубинанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба шумо доранд, сарангушти хеш ба дандон газанд. Бигӯ: «Дар кинаи хеш бимиред! Ҳар ойна Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст».
 
 
0 #1 Guest 14.08.2011 11:32
100. Эй касоне, ки имон овардаед, агар гурӯҳе аз аҳли Китобро итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд.
102. Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз ӯ битарсед ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред.
120. Агар хайре ба шумо расад, андӯҳгин шаванд ва агар ба мусибате гирифтор оед, шодмон гарданд. Агар сабр варзед ва парҳезгорӣ кунед, аз макрашон ба шумо зиёне нарасад, ки Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, иҳота (огоҳии комил) дорад!
153. Эй касоне, ки имон овардаед, аз сабру намоз мадад ҷӯед, ки Худо бо сабркунандагон аст.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ