16:12:11 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 24 25 26 27 28
29 30 31        
Ошибка
  • Копирование не удалось

САЙФУЛИСЛОМ, ПИСАРИ ҚАЗЗОФӢ АЗ ХУД ДАРАК МЕДИҲАД

Фарзанди диктатори сарнагуншудаи Либия дар дуввумин паёми худ пас аз марги падараш таҳдид кардааст, ки дар Либия хуни тоза ба роҳ меандозад ва фурӯдгоҳҳову чоҳҳои нафти Либияро ба оташ мекашад.

/images/stories/2011/10/26_sayfulislam_gaddafi_2011.jpgТибқи хабаргузории “Форс” Сайфулисломи Қаззофӣ - фарзанди диктатори сарнагуншудаи Либия дар паёми ҷадиди худ таҳдидоти шадид, ҳатто алайҳи НАТО ва нерӯҳои инқилоби Либия матраҳ карда ва гуфтааст, ки хуни ҷадид дар Либия ба роҳ хоҳад андохт. Ӯ гуфтааст, ки азодорӣ барои падар ва бародарашро низ то поёни нақшаҳояш ба таъвиқ хоҳад андохт, ҳатто агар ин раванд 50 сол тӯл бикашад.

Сайфулисломи Қаззофӣ, ки тибқи манобеи иттилоотӣ барои фирор аз Либия ба марзҳои Нигерия рафтааст, дар паёме ба хабаргузории “Seven days” гуфтааст: “Ман ба хонавода, модар ва бародаронамон итминон медиҳам, ки ҳолам хуб аст ва ҳамон тавре, ки медонед, ҳаргиз ба хати маши падарам хиёнат накардаам, чӣ бирасад ба ин ки вай мурда бошаду васият карда бошад”.

Вай дар ин паём афзудааст: “Бархе хаёл мекунанд, ки ҳама чиз ба поён расидааст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳама чиз аллакай шурӯъ шуда, ман ба дифоъ аз Либия ва интиқом аз душманони он эътиқод дорам. Ва ҳатто агар ин ақидаро низ надошта бошам, боз ҳам раванди ҳаводис ба тавре аст, ки дар ин роҳ гом бархоҳам дошт”.

Вай таҳдид кардааст, ки зиндагиро барои инқилобиён ба ҷаҳаннам табдил мекунад ва маргро барои онон рақам мезанад. Ӯ бо ин иддао, ки афроди зиёде ҳастанд, ки дар ғами аз даст додани Қаззофӣ бо вай шарик ҳастанд, аз онҳо хост то барои интиқом аз хуни Қаззофӣ қиём карда ва шарофати аз даст рафтаи Либияро ба он бозгардонанд.

Сайфулислом дуввумин фарзанди Муаммар Қаззофӣ аз ҳамсари дуввуми вай аст, ки баъд аз Қаззофӣ қудрати зиёде дар хонаводаи вай дошт. Коршиносон аз вай ба унвони ҷонишини Қаззофӣ ном мебурданд. Вай дар замони оғози инқилоби Либия низ таҳдидоти шадидеро алайҳи инқилобиён ва нерӯҳои НАТО матраҳ карда буд.

Вай ҳамчунин бо ин иддао, ки Қаззофӣ дар муқобили хостаи вай дар тахриби чоҳҳои нафт ва фурӯдгоҳҳо муқовимат карда буд гуфт, ки дигар касе нест, ки дар баробари ин тасмимҳои вай муқовимат кунад ва ба мардум раҳм кунад. Ӯ таҳдид кардааст, ки ин марказро ба оташ хоҳад кашид, то модараш аз вай розӣ гардад.

Ин дар ҳоле мебошад, ки гузоришҳои иттилоотӣ ҳокӣ аз он аст, ки Сайфулислом ба марзҳои Либия бо Нигерия рафта ва худро барои убур аз марзҳо ва рафтан ба Нигерия омода мекунад. Ин гузоришҳо таъкид доранд, ки вай ҳанӯз аз марз убур накардааст. Гуфта мешавад раиси дастгоҳи ҷосусии собиқ Либия бо ӯ ҳамроҳ мебошад.

“Рӯзгор”



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 27.10.2011 08:03
Бовари дорам зархаридони НАТО, ки бо бо кумаки бомбахои бегонагон халки худро генотсид карданд, чазои сазовор хоханд гирифт. Зинда бо Шери Африко-Каззофи. Нест бод империализми котил.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi