00:03:49 03-уми Июни 2025 сол

ЛУКАШЕНКО ХОСТОРИ ИХРОҶИ ӮЗБАКИСТОН АЗ СПАД ШУД

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус, хостори ихроҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шудааст. Оқои Лукашенко ин мавзӯъро дар дидор бо руасои порлумони кишварҳои узви СПАД дар пойтахти Белорус матраҳ кардааст.

/images/stories/2011/10/26_lukashenko_spad_2011.jpgВай хабар додааст, ки ахиран дар номае ба Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, низ хостори ихроҷи Ӯзбакистон аз ин созмон шудааст. Оқои Лукашенко рӯзи чаҳоршанбеи 26 октябр дар ҷамъи раисони порлумонҳои кишварҳои узви СПАД аз ҷумла гуфтааст, ки аъзои порлумонҳои кишварҳои узв бояд мавзӯъи бознигарӣ дар идомаи узвияти Ӯзбакистон дар ин созмонро баррасӣ кунанд.

Ба эътиқоди раҳбари Белорус, ҳоло “Ӯзбакистон бозии сегоник анҷом медиҳад ва ба ин далел наметавонад узви СПАД бошад.” Вай мушаххасан дар бораи “бозиҳои сегоники” Ӯзбакистон тавзеҳ надода, вале ишораи ӯ зоҳиран ба тавсеъаи равобити Ӯзбакистон бо Ғарб аст, ки бисёреро дар СПАД нороҳат кардааст. Оқои Лукашенко афзудааст: Ӯзбакистон баъди дубора ба СПАД пайвастанаш то ҳол ҳеҷ яке аз асноди ин созмонро тасвиб накардааст ва узвияташ самбулик (рамзӣ) аст.”

Зимнан, СПАД, ки ба эътиқоди бархеҳо, васвасаи рақобат бо НОТУ-ро дорад, дар соли 1992 аз сӯйи давлатҳои Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таъсис шуда буд. Соли 1999 Гурҷистон ва Озарбойҷон аз ин созмон берун рафтанд. Ҳамон сол Ӯзбакистон низ узвияти худро дар СПАД муттавақиф кард, вале соли 2006 дубора ба он пайваст.

Фаъъолияти Ӯзбакистон дар ин созмон пайваста мавриди интиқоди мақомоти бархе аз кишварҳои узви СПАД қарор гирифтааст. Дар тобитсони осли ҷорӣ Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, аз ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Остонаи Қазоқистон худдорӣ кард.

Дар пайи ин амр, бархе аз манобеъ дар бораи эҳтимоли ихроҷи Ӯзбакистон аз СПАД изҳори назар карданд. Вале Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, изҳор дошт, ки Ӯзбакистон узви н созмон боқӣ мемонад. Константин Затулин, як узви Думои Русия, он замон ба хабарнигорон гуфта буд, ки Ӯзбакистон ҳарчанд узви СПАД аст, вале аз имзои куллияи асноди ин созмон худдорӣ мекунад. Вай афзуд: “Ихроҷи Ӯзбакистон аз СПАД душвор ба назар мерасад. Зеро ин амр метавонад ба вазъи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ асароти манфӣ бар ҷой гузорад.”

Ба эътиқоди оқои Затулин, дар Ӯзбакистон масоили зиёде вуҷуд дорад, вале ин кишвар метавонад барои бархе дигар аз кишварҳои минтақа низ дардисарзо бошад. Ба унвони мисол, Ӯзбакистон ба манзури таъмини нуфузи худ дар минтақа аз бесуботӣ дар Тоҷикистон "ба сурати ошкору ниҳон ҳимоят мекунад."

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, дар дидораш бо руасои порлумонҳои кишварҳои узви СПАД ҳамчунин гуфтааст, ки ҳалли масъалаи таҷдиди назар дар мавриди узвияти Ӯзбакистон дар ин созмон хеле муҳим аст.

Вай гуфтаст: "Ин мавзӯъ хеле ҷиддист, мо шӯхӣ намекунем. Вазъияти байналмилалӣ ноором аст ва мо бояд тасмимоти рӯшане бигирем ва касеро ҳам наранҷонем. Ҳеч кас хоҳони ихроҷи Ӯзбакистон аз СПАД нест, вале агар шумо мехоҳед узви ин созмон бошед, пас, лутфан, шароити ин созмонро бипазиред."

Оқои Лукашенко ҳушдор додааст, ки дар ниҳоят давлати Ӯзбакистон ба ин натиҷа хоҳад расид, ки узвияташ дар СПАД қабл аз ҳама ба суди ин кишвар аст: "Мутмаиннам, ки дар оянда кишварҳои узви Анҷумани Иқтисодии УруОсиё низ шомили СПАД хоҳанд шуд."

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, мегӯяд нахустин бор нест, ки оқои Лукашенко дар бораи узвияти Ӯзбакистон дар СПАД чунин изҳори назар мекунад. Вале вай афзуд: "Ин пешниҳод ҷиддӣ нест, зеро сиёсати худи Белорус ҷиддӣ нест. Чунин вокунишҳои оқои Лукашенко паёмаде нахоҳад дошт ва ин мавзӯъ ҳатто мавриди баррасии расмии кишварҳои узви СПАД қарор нахоҳад гирифт."

Зимнан, ин изҳороти оқои Лукашенко дар бораи Ӯзбакистон дар остонаи сафари қарибулвуқӯъи ӯ ба Тоҷикистон, кишвари ҳамсоя ва рақиби Ӯзбакистон, мунташир мешавад. Дар авохири ҳафтаи ҷорӣ раиси ҷумҳурии Белорус бо як сафари серӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд ва баъид нест мавзӯъи таҷдиди назар дар узвияти Ӯзбакистон дар СПАД дар мулоқоти ӯ бо Президент Раҳмон низ матраҳ шавад.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 27.10.2011 07:58
"Ин пешниҳод ҷиддӣ нест, зеро сиёсати худи Белорус ҷиддӣ нест..." Сиёсати хизби шумо чидди нест, огои Собиров.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854