00:03:52 03-уми Июни 2025 сол

ВОКУНИШ БА "САФОРАТИ ИНТЕРНЕТӢ"-И АМРИКО БАРОИ ЭРОНИЁН

Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон суханони вазири умури хориҷии Амрико дар мавриди роҳандозии сафорати интернетӣ ё маҷозии ин кишвар барои эрониёнро "заъфи сиёсӣ"-и Иёлоти Муттаҳида донист. Оқои Лориҷонӣ дар изҳороте, ки мунташир кард, гуфтааст, ки ин гуна ҳарфҳо мӯҷиби ваҳдати миллии бештари эрониён мешавад.

/images/stories/2011/10/27_lorijoni-clintob_2011.jpgҲилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дар гуфтугӯ бо телевизионҳои форсизабони "Садои Амрико" ва "Би-би-сӣ" гуфт, Вошингтон дар садад аст, ки сафоратхонаи маҷозӣ ё интернетӣ боз кунад. Вай афзуд, аз ин роҳ шаҳрвандони эронӣ метавонанд, ки дархостҳои худ барои дарёфти виза ё раводидро матраҳ бикунанд. Ҳамчуноне, ки хонум Клинтон гуфт, ин вебсайт то поёни соли ҷорӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Амрико афзуд: “Мо хостори беҳбуди равобит бо Эрон ҳастем ва мехоҳем аз гузашта дур шавем. Ман ақида дорам, ки ҳар ду тараф аз он чӣ дар панҷоҳ соли гузашта рух додааст, мутаассиф ҳастем. Мо моилем, ки бинои як робитаи хубро пайрезӣ бикунем.”

Хонум Клинтон ҳамчунин гуфт, “мо талош хоҳем кард, ки бо мардуми Эрон, бахусус бо донишҷӯёни Эрон, тамос бигирем ва ман онҳоро ташвиқ мекунам, ки биёянд дар Иёлоти Муттаҳида ба таҳсилоти худ идома бидиҳанд. Мо ҳамчунин дар сададем, иртиботи миллат бо миллатро барқарор кунем, то равобити ду кишвар беҳбуд ёбад. Ман фикр мекунам, ин равобит миёни миллатҳои Амрико ва Эрон барои қарни бисту якум аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст.”

Дар ҳамин ҳол, Ҳилларӣ Клинтон дар посух ба пурсиши шабакаи "Би-би-сӣ" дар хусуси талошҳо барои барқарории робитаи байни Амрико ва Эрон гуфт: "Барак Обама майли худро барои гуфтугӯ бо раҳбарони Эрон эълом кард, аммо сохтори ҳукумати Эрон гиҷкунандда аст ва маълум нест, ки чӣ касе тасмимгиранда аст. Мақомоти Эрон ҳатто аз он ки бо мақомоти амрикоӣ дидор бикунанд, парҳез доранд."

Вазири умури хориҷаи Амрико дар хусуси далоили ҳимоят накардани Амрико аз "Ҷунбиши сабз" дар даврони эътирозҳо пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт: "Аз даруни ҷунбиши эътирозӣ ин садо шунида мешуд, Амрико бояд мувозиб бошад коре накунад, ки худро омил ва ҳомии аслии ин ҷунбиш ҷилва кунад, чун эътибори ҷунбиш ва амнияти ҳаводорони он ба хатар меуфтад."

Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин гуфтааст, "Масалан, дар Либия мухолифони Қаззофӣ эълом карданд, ки аз ҳар гуна ҳимояти хориҷӣ истиқбол мекунанд ва мо ҳам ҳимоят кардем. Аммо раҳбарони эътирозоти Эрон чунин истиқболе намекунанд."

“Фикр мекунам, агар дубора ин иттифодқ биуфтад, "Ҷунбиши сабз" ва ё ҳар ҷунбише дигар дар Эрон, ҳушмандона хоҳад буд, агар эълон бикунад, мо мехоҳем ҳама дунё аз мо ҳимоят бикунад. Коре, ки мухолифони давлат дар Либия карданд”,-афзудааст ӯ.

Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин дар хусуси тарҳи тавтеаи террори сафири Саудӣ дар Амрико гуфтааст, “Эрон қавонини байнулмилалиро зери по гузоштааст ва бояд бо Созмони Милал дар мавриди ҳодисаи террористии ахир ҳамкорӣ бикунад.”

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 30.10.2011 21:19
charo amerika ham dar nal mezanadu ham dar poshna . manzur in ast ki az yak taraf dasti dusti daroz mekunad haminki nomai dusti ba eron narasida ast eronro ba tuhmatu iftiro mebandad. shumo bibined in bozii kudakonae ki amriko nisbat ba eron kardast. oxir terori safiri saudi baroi eron chi lozim ast. har jo teror surat bigirad poi xudi amerika dar onjo hast . namunash hamin regi ast ki ba dasti in fard amerika sadho tan az mardumi begunoh va rahguzari eron ro ba katl rasonid .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854