01:20:47 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бӯи хун дар эътисобу тазоҳуроти мардумӣ дар Туркия

Ҳукумат ва мардум дар фосила қарор доранд ва ин дурӣ боис шуда, ки касе аз мақомот талош надоранд бо тазоҳуркунандагон забон ёбанд. Эрдуғон таҳдид мекунад, аммо Гул мегӯяд дар ҳифзи демократия ва озодӣ бояд буд.

protest-erdughan 140613Дар Туркия ҳамоно тазоҳуроти мардумӣ мавҷ мезанад. Ду ҳафта ба ин ҷониб дар ин кишвари мутараққии исломӣ, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ ҳам ғарбиву ҳам шарқист, сокинонаш аз сиёсатҳои иштибоҳии давлат ва ҳукумат эътироз мекунанд. То ин замон садҳо мошину мағозаҳоро издиҳоми ғазабнок ба оташ кашиданд, нерӯҳои амниятӣ ҳазорҳо танро ба ҷурми даст доштан ба беназмиҳои оммавӣ дастгир карданд ва ба зиндон андохтанд.

Аммо ҳамаи ин иродаи мардумро натавонист бишканад. Ҳамоно бо шиорҳо ва плакатҳо, даъватҳо, ҳангомаҳо худро ба кӯчаву хиёбон мезананд ва аз талаби лағви тасмими харобсозии боғ ба истеъфои ҳукумат гузаштанд. Ва боз чӣ шиорҳои таҳқиромез ба Эрдуғон дар кӯчаву хиёбонҳо овехта мешаванд, ки баъзе ҳатто ба органҳои таносулии сарвазир дахл доранд.

Нӯшбодеро ҳамагон дар як мавзеъи пурҷамъияти майдони Тақсим дидаанд:  "Мо барои ҳамсари ту менӯшем".  Хитобаҳое чун: "Диктатор!", "Фашист!", "Тайип - духтараки ман!" (ба маънои фаҳшо) як чизи маъмулианд, ки сари ҳар қадам вомехӯранд. Дар баъзе плакатҳо ӯро ба сурати Ҳитлер ва дар баъзеи дигар чун хуношом (вампир) кашидаанд.

Касе ба касе намехоҳад гузашт кунад

Тазоҳурот миёни мардум ва ҳукумат тухми нобоварӣ кишт. Ҳукумат омода нест гузашт кунад, мардум омода нестанд аз майдонҳо берун раванд. Ҳатто ба ҳадде, ки ахиран Раҷаб Тайип Эрдуғон тазоҳуркунандагонро "ғоратгарон" номид.

Консули пешини Озарбоҷойн дар Туркия, ноиби президенти Palmali Иброҳим Набӣ-уғлӣ ба ин натиҷа расидааст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Туркия сиёсат вуҷуд надорад, он чӣ ба мушоҳида мерасад, ин норозигии мардум аст. Ва ӯ суханони Эрдуғонро дар фурудгоҳи Истамбул иқтибос меорад, ки мегӯяд: "Ман ба зӯр ҷонибдоронамро нигоҳ медорам".

Дипломат аз суханони сарвазир ин гуна маънӣ мекашад, ки Эрдуғон бо истифода аз он имтиёз, ки ҳизбаш дар интихобот аксари овозҳоро дарёфт кардааст, омода аст эътирозоти мардумиро пахш кунад. "Ва  агар таҳлил кунем, ки ҳатто президент Гул зидди ин гуна изҳори назари сарвазир аст, шарҳ зарурат надорад", - мегӯяд ӯ.

Раҷаб Тайип Эрдуғон на аз он сарваронест, ки аз гузаштаи худ ва аз кори анҷомдодаи хеш дар тӯли даҳ соли охир ифтихор накунад. Вай замоне сари қудрат омад, ки меъёрҳои дунявии отатуркӣҷомеаи сиёсатзадаи Туркияро ба танг оварда буд, талошҳои озодиҳои динӣ ба ҷое намерасиданд, ҷомеа торафт ба фасоди ахлоқӣ меғӯтид.

Ҳизби Адолат ва Тарққиёт, ки бо ҳамон ормонҳои исломӣ сари кор омад, дар интихобот пирӯз шуд. Аммо қабл аз ин Эрдуғон чун шаҳрдори Истамбул даст ба ислоҳот зада буд. Вай аввал маъракаи зидди нӯшокиҳои спир–тӣ ва тамокуро роҳандозӣ кард ва эҳсос намуд, ки мардум хостори ин гуна таҳаввулотанд. Аз сӯи дигар ин зидди арзишҳои отатуркӣ буд, ки ҷомеаи по ба фасоди Туркия муддати бештар аз 90 сол тибқи он зиндагонӣ мекард.

Баъди ба қудрат расидан Эрдуғон даст ба тасмимҳои дигар зад. Вай бо ҳар роҳу восита таъсири ҳарбиёнро дар фазои сиёсии кишвар коҳиш дод, дар донишгоҳҳо ҳозир шудан бо пӯшиши исломиро иҷозат дод, муаззинҳо иҷозаи бо садои баланд азон доданро дарёфт карданд.

Аммо маҳдудиятҳо дар озодии интихоби тарзи ҳаёт низ бештар шуданд. Нархи нӯшокиҳо боло рафтанд, мағозаҳои китоб лабрез аз кутуби дин шуданд, барномаҳои сиёсӣ дар шабакаҳои телевизионӣ зери назорати қатъӣ даромаданд, сериёлҳо дар шабакаҳо афзуданд. Ба дигар маънӣ давлат мекӯшид ба ҳаёти шахсии инсонҳо бештар дахолат дошта бошад. Бино ба навиштаи коршиносон дар Туркия болотарин андоз дар миёни кишварҳои аврупоист. Ва тадриҷан ин ҳама монеъагузориҳо ва дахолатҳо мардумро бо ҳар баҳона ба майдонҳо кашид. 

Пас чӣ бояд кард?

Туркия як кишвари босуботи минтақа буд ва зарфи бештар аз даҳ соли охир, аз замони талошҳои исломгароён ба ҳокимият ва сари қудрат омадани Раҷаб Тайип Эрдуғон танҳо аз рушди босуботи он гузориш мерасид. Дар сиёсатҳои хориҷӣ Эрдуғон аз муваффақтаринҳо буд. Бахусус, дар муносибат бо давлати Исроил ва ҳимоят аз ҳуқуқҳои фаластиниён ягон роҳбари минтақа дар пояи Эрдуғон набуд ва нест.

Вале он чӣ имрӯз мегузарад, нишони он аст, ки сарвазир саргарми комёбиҳо дар сиёсатҳои хориҷӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ ба масъалаи иртибот бо мардум хеле кам таваҷҷӯҳ кардааст. Таҳлилгароне, ки рӯйдодҳоро басо мушикофона пайгирӣ кардаанд, халои азиме миёни мардум ва ҳукумат дидаанд.

Ғурури Эрдуғон ба ҳаддест, ки дар ҳар тасмим худро мухтор медонист ва ҳатто замоне, ки пули Босфорро тарроҳӣ мекард ва мехост он бунёд шавад, ҳеҷ андешаи дигар мавриди пазиришаш набуд. Ва имрӯз ҳам вай омода нест гузашт кунад, ин дар ҳолест, ки сиёсати пойдор дар пояҳои гузаштҳо қоим аст. Ва Иброҳим Набӣ-уғлӣ ҳам бар ин назар аст, ки Эрдуғон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз мардуми Туркия пузиш хоҳад.

"Агар бахшиш пурсад, пас ӯ Эрдуғон нест. Вай мардест, ки сиёсатро хуб дарк мекунад. Пузиш хостан роҳи ягонае нест, ки мардуми Туркияро ором созад ва сарвазир хуб медонад, ки дар остонаи интихобот аз тадбирҳои дигар бояд кор гирифт. Дар як рӯзи эътисоби сартосарӣ кишвар миллирадҳо долларро аз даст дод ва ин ба иқтисоди мамлакат хатари бузург дорад".

Ва боз ҳам ҳоло танҳо дар мисоли Туркия метавон дид, ки дар кабинаи вазирон ва умуман ҳукумати ин кишвар на ҳама мувофиқ ба Эрдуғонанд, ки ғояи саркӯбии тазоҳуротро дар сар мепарварад. Масалан, ноиби аввали сарвазир Бюлент Аринч, ки аз аввалинҳо шуда назди тазоҳуркунандагон рафт ва бо талабҳои онҳо аз наздик ошно шуд, мегӯяд ба ҷои он ки зидди ин мардум гази ашковар ва дигар воситаҳои фишор истифода шавад, хуб мебуд, ки бо ишон вориди гуфтушунид гарданд.  

Президент Абдулло Гул, ки низ узви ҳизби Эрдуғон аст, назари комилан мухолиф бо сарвазир дорад. Вай мегӯяд "демократия фаротар аз интихобот аст ва афкори гуногунро бояд эҳтиром кард. Таҳлилгарон ҳам дар мухолифати ақидатии ду сарвари сатҳи олии кишвар дурнамои ҳодисаҳоро ҳадс мезананд ва мегӯянд ҳама чиз вобаста аз он аст, ки кадоме аз қаноти муқовимат боло мегирад.

Оё Туркияро ҳам "баҳори арабӣ" таҳдид мекунад?

Аксари коршиносони масоили байналмилалӣ ҳангомаҳои матбуотии шурӯъи инқилобе назири инқилобҳои арабиро дар Туркия нодида гирифтани вақеъият медонанд. Яъне, кулли таҳлилгарон ҳоло сари ин нуқтаи назар иттифоқ доранд, ки ин на он марҳилаест, ки ҳукумат дар Туркия иваз карда шавад. Зеро диктотураи исломии Эрдуғон ҳоло на ба он ҳадде расидааст, ки аз роҳандозии инқилобе сухан дар миён  оварда шавад.

Аммо Эрдуғон ва кобинаи вазирони ӯ яқинан бардошти хубе мекунанд ва муҳимтарин нукта он хоҳад буд, ки дар остонаи интихоботи парламонии соли 2014 Эрдуғон сахт ба андеша дода мешавад. Ба дигар маънӣ, тазоҳурот ва хушунат алайҳи эътирозгарон муҷиби он мегардад, ки ҳизби ҳоким обрӯи худро дар ҷомеа аз даст диҳад. Ва дарси дигар барои ҳукумат: ҷомеа диктатураро дигар таҳаммул надорад. Аз сӯи дигар мардум ҳам ба ин натиҷа расиданд, ки бо эътироз метавон ҳукуматро водор кард ба ҳарфашон гӯш диҳад. 

Елена Маркина, таҳлилгари пажуҳишгоҳи стратегии Русия дар қиёс ба он чӣ дар Туркия мегузарад ва он чӣ аллакай дар Русия гузаштааст, менависад, ки сабаби шикасти тазоҳуроти Болотний мавҷуд набудани ғояи воҳид миёни мухолифони давлат буд. Парешонии ақидатӣ муҷиби он градид, ки мухолифон маҷрои эътирозоти густардаи мардумро натавонистанд ба нафъи ғояи худ истифода баранд. Дар натиҷа он ба шикасти комил мувоҷеҳ гардид. Аммо ин таҳлилгар дар Туркия андешаи воҳидро дидааст ва мегӯяд мухолифон дар ин кишвар ҷиддитаранд ва медонанд, ки чӣ бояд кунанд.

Наметавон ба андешаиҳои қиёсии Маркина мувофиқ буд. Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз тазоҳуроти мардумӣ дар Туркия ҳамоно мушаххас нест, ки аслан мардумро кӣ ба майдон кашид ва паси ин тазоҳурот кадом қувва пинҳон аст ва онро кӣ идора мекунад.

Вале иттиҳоду ҳамбастагии мардумро касе наметавонад инкор кунад. Масалан, вақте дар майдони Тақсим 3G қатъ карда шуд, касоне, ки дар наздикии майдон хона, дафтари корӣ доштанд, ба тазоҳуркунандагон рамзҳои wi-fi-ро доданд, то алоқа мушкил надошта бошад. Духтурон телефонҳои иртиботии худро дар ихтиёри мардум гузоштанд. Ҳамчунин корро вакилони мудофеа анҷом доданд. Ва ҳамаи ин кӯмакҳо ройгон буданд. Ҳатто дар фоҳишахонаҳои расмӣ ҳама дарҳо боз буданд ва фоҳишаҳо касонеро, ки аз газ зарар дида буданд, бо таъмини об кӯмак мерасониданд.

Яъне, ба назар мерасид дар муқовимат бо ҳукумат касе бетараф набуд. Ягон нашрия дар Туркия ва ҳатто шабакаҳои телевизионӣ аз рӯйдодҳо матлабе нашр намекарданд. Гоҳ-гоҳе ҳам агар гузорише аз шабакаи сартосарӣ пахш мешуд, вале он ҳам ноқису пур аз таҳриф буд. Воқеъияти майдонҳоро танҳо шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои интернетӣ акс мекарданд.  

Анҷом

Ба сурати умум метавон гуфт, ки дурии ҳукумат аз мардум ва нодида гирифтани эътирози даҳҳо ҳазор сокини як кишвар худ зояндаи бесуботӣ аст. Эрдуғон ҳоло кореро мекунад, ки ду сол пеш Қаззофӣ дар Либия карда буд ва ҳоло Асад дар Сурия мекунад. Дар ин ду рӯйдод Эрдуғон нақши қозигӣ дорад ва дар мавридаш ҳушдорҳое ба ин ду сарвари ҳамсоя додааст, то ба арзи мардум гӯш диҳанд. Аммо худ имрӯз пайи ҳамон иштибоҳот меравад. Ҳарчанд ҳоло вазъи Туркия на шабеҳи Либия ва на Сурия аст, вале дар оғоз ин ду кишвар ҳамин марҳиларо, ки Туркия тай мекунад, пушти сар гузоштаанд.

«Рӯзгор» 



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: Бӯи хун дар эътисобу тазоҳуроти мардумӣ дар ТуркияGuest 14.06.2013 13:45
Так плоха это мой лубими город (Туртция).
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi