23:09:43 17-уми Июни 2025 сол

ТАВСЕЪАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҲИНД

Сафири Ҳинд дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш омода аст дар бозомӯзии кормандони фурӯдгоҳи низомии Айнӣ дар ҳаволии шаҳри Душанбе саҳим бошад. Ин диплумоти ҳиндӣ афзуд, ки кишвараш дар бозсозии ин фурӯдгоҳ саҳм дошт, вале шеваи истифода аз ин фурӯдгоҳ танҳо ба дӯши Тоҷикистон, соҳиби он, хоҳад буд. Амар Синҳа, сафири Ҳинд дар Тоҷикистон, ки маъмурияташ дар ин кишвар ба поён расидааст, рӯзи чаҳоршанбеи 7 июл бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоте анҷом дод.

 

Оқои Синҳа баъд аз анҷоми ин мулоқот ба хабарнигорон дар мавриди ҳамкориҳои низомии кишвараш бо Тоҷикистон гуфт: "Бозсозии фурӯдгоҳи низомии Айнӣ яке аз самтҳои аслии ҳамкориҳои Ҳинд ва Тоҷикистон аст. Бо кумаки Ҳинд бисёре аз таҷҳизоти фаннии ин фурӯдгоҳ таъмир ва навсозӣ шудааст. Ҳоло мо омода ҳастем, ки дар бозомӯзии ҳайъати кормандон ва низомиёни ин фурӯдгоҳ саҳим бошем. Аммо фурӯдгоҳ моликияти Тоҷикистон аст ва наҳваи истифода аз онро мақомоти ин кишвар ҳал хоҳанд кард."

 

Дар гузашта бархе аз расонаҳои ҳиндӣ навишта буданд, ки қарор аст Ҳинд дар оянда аз фурӯдгоҳи Айнӣ дар ҳаволии пойтахти Тоҷикистон истифода кунад, вале мақомҳои Душанбе ин иддаъоро ҳамвора такзиб кардаанд. Русия низ қаблан гуфта буд, ки аз ин фурӯдгоҳ ба таври муштарак бо Тоҷикистон истифода хоҳад кард, вале дар бораи шароити истифода аз он миёни ду кишвар иттилоъе дар даст нест. Ҳарчанд оқои Синҳа дар мавриди сармояе, ки барои бозсозии ин фурӯдгоҳ масраф шудааст, иттилоъи дақиқе надод, вале гуфта мешавад, ки Ҳинд барои таъмири фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 20-километрии ғарби Душанбе, беш аз 20 милюн дулор ихтисос дода буд.

 

Дар ҳоле ки коршиносони тоҷик мегӯянд, ки дар чанд соли гузашта, яъне дар муддати маъмурияти Амар Синҳа дар Тоҷикистон ҳамкориҳои Ҳинд бо Тоҷикистон, бавижа дар заминаи омӯзишу парвариш, афзоиши назаррасе кардааст, аммо оқои Синҳа ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар арсаи кишоварзӣ миёни кишвараш ва Тоҷикистон таъкид кард. Оқои Синҳа мегӯяд: "Ду ширкати мо дар вилояти Хатлон дар ҳоли омода кардани шароит барои таъсиси корхонаҳои тавлиди шакар ҳастанд. Ҳамчунин, мо дар садади рушди тавлиди масолеҳи кишоварзие ҳастем, ки тавонем онро дар оянда аз Тоҷикистон ба Ҳинд содир кунем."

 

Дар гузашта тавассути Ҳинд ва Тоҷикистон чанд корхонаи муштарак, аз ҷумла корхонаи коркарди мева дар шаҳри Душанбе, ифтитоҳ шуда буд. Коршиносони иқтисодӣ бо назардошти наздик будани ин ду кишвар ба афзоиши сармояи ширкатҳои хусусии Ҳинд дар иқтисодиТоҷикистон таъкид мекарданд. Аммо бархе аз соҳибназарон фасоди молиро яке аз мавонеъи аслӣ дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон хонда ва мегӯянд, ки сармоягузорони ҳиндӣ аз бими фасод ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин кишвар алоқа надоранд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2627-2010-07-07-15-57-47.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ