| ПРЕЗИДЕНТ ҲАДАФҲОИ МУҲИМИ ДАВЛАТРО ЭЪЛОН КАРД |
| Мақолаҳо - Сиёсат | |||
| 09.09.2010 06:25 | |||
|
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионии бахшида ба 19-умин солгарди истиқлолият таъмини истиқлолияти энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро аз ҳадафҳои муҳими давлат эълон кард.
Ҷаноби Раҳмон бори дигар пайгирии давлати Тоҷикистон аз сиёсати «дарҳои боз»-ро ёдовар шуд ва гуфт, ин шеваи ҳамкорӣ густариши равобит бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷиро таъмин хоҳад кард. Ӯ баргузории нишасту ҳамоишҳои байнулмилалӣ дар Душанбе, аз ҷумла Ҳамоиши ҷаҳонии «Об барои ҳаёт», нишасти Созмони Конфронси Исломӣ ва бузургдошти Имоми Аъзамро нишоне аз афзоиши эътибори байнулмилалии Тоҷикистон унвон кард.
Президент дар бораи вазъи забони давлатӣ низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, истиқлолият барои эҳё ва рушди забони давлатӣ ҷойгоҳ ва шароити мувофиқ муҳайё кардааст. «Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрўз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад», - гуфт президент дар паёми телевизионии бахшида ба 19-умин солгарди истиқлолияти кишвар.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3075-2010-09-09-01-26-57.html
|





