22:35:13 16-уми Июни 2025 сол

ҲХДТ: АНДЕШАҲО ПИРОМУНИ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ ВА СОЛЕ, КИ МЕОЯД

-Кадоме аз  воқеаҳои соли 2010-ро Шумо барои Тоҷикистон ва мардуми он муҳим арзёбӣ мекунед? Аз ҳама рӯйдоди хурсандибахш ва аз ҳама воқеаи ҳузнангези ҳаёти сиёсии кишварро дар соли 2010  лутфан номбар кунед ва шарҳ диҳед.

 

safarov- Дар соле, ки сипарӣ гашт, барои мардуми Тоҷикистон воқеаҳои муҳим ва хотирмони зиёде буданд. Аз ҷумла, рӯйдоди муҳими сиёсӣ ин баргузории интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад, ки он озоду шаффофу демократӣ гузашт. Бори аввал дар порлумони кишвар дар маҷмӯъ 5 ҳизби сиёсӣ соҳиби курсии вакилӣ шуданд. Чуноне, ки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз интихобот изҳор дошта буд, барои озоду шаффофу демократӣ гузаштани он кафолат медиҳад. Барномаи ҳизби ғолиб ҳамчун Барномаи ҳукуматӣ пазируфта мешавад ва нуктаҳои муҳими барномаҳои аҳзоби дигар низ омӯхта, амалӣ гардонда мешаванд.

 

Алҳол ин дастури мақомот мавриди амал қарор гирифта истодааст. Бо ташаббуси Фраксияи ҳизб дар парлумон як силсила қонунҳоро баррасӣ ва қабул карда истодаанд, ки аз Барномаи ҲХДТ бармеоянд. Аз ҷумла, лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки имрӯзҳо дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор дорад. Дар Барномаи ҲХДТ ҳар сол назар ба имкониятҳои буҷетӣ зиёд намудани андозаи нафақа пешбинӣ шудааст. Ё худ гирем, пешниҳодҳои барномавии аҳзоби мухолиф дар бораи ташкили шӯроҳои ҷамъиятӣ дар бораи назорати сарфу харҷи маблағҳои саҳмияҳои Роғун ва мубориза бар зидди коррупсия амалӣ шуда истодааст.

 

Рӯйдоди муҳими дигар ин аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардидани Наврӯзи Аҷам мебошад. Дар шаҳри Душанбе баргузор шудани як қатор саммитҳои сарони кишварҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ далели равшани он аст, ки мақоми Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидааст ва сухани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба инобат гирифта мешавад.

 

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо пешиҳоду ташаббусҳояш обрӯ ва манзалати хосаеро касб кардааст. Чанде қабл СММ боз як ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар бораи Соли 2013-ро ҳамчун Соли дипломатияи об қайд намудан пазируфт. Дар фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар соли гузашта тағйиротҳои ҷиддие ба амал омаданд. Дар роҳбарияти он дигаргуниҳои кадрӣ ва дар фаъолияташ ислоҳоти ҷиддӣ сурат гирифта, коргузорӣ ва усулҳои таблиғу ташвиқ дар сохторҳои он вусъати тоза пайдо кард.

 

Дар мавриди воқеаҳои ҳузнангез ба таъбири шумо зиёд ёдоварӣ накунем, хубтар аст. Аммо ин гуна рӯйдодҳо низ таърихи мо ҳастанд. Аз онҳо ҷои гурез нест. Мо танҳо ба он хотир номбар мекунем, ки дигар такрор наёбанд. Масалан аз ҷониби кишвари ҳамсоя монеа эҷод кардан дар мавриди интиқоли молу колои Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳан, воқеаҳои Рашт, Хуҷанд, Исфара, фирори 25 нафар маҳбус ва селу офати Кӯлоб аз қабили чунин рӯйдодҳои нохушоянд мебошанд.

 

- Дар соли 2011, ба фикри Шумо, чӣ пешомадҳое мардуми Тоҷикистонро интизор аст ва орзуву таманниёти Шумо ба халқи кишвар  дар соли нав чӣ гуна хоҳад буд?

 

- Аслан гирем, ман ҳамчун як шаҳрванд дар масъалаҳои пешомаду рӯйдодҳо хушбин ҳастам. Беҳуда нест, ки ҳини табрикот ба истиқболи Соли нав ва умуман ба ифтихори ҷашну маъракаҳо ба ҳар кас орзуву нияти хайр мекунему саломатию сарбаландӣ ва хонаободӣ мехоҳем.Соли 2011 барои мо аз он ҷиҳат соли махсус аст, ки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро ҷашн мегирем. Ҳар шахси худогоҳу миллатдӯсту ватанпараст талош менамояд, ки ба истиқболи ин ҷашни фархунда армуғоне таҳия намояд.

 

Дар ин сол Тоҷикистон раёсати давраии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро бар ӯҳда дорад ва дар моҳи сентябр дар пойтахти ватани азизамон-шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ барпо мегардад. Ҳамзамон ин созмони байналмилалӣ низ ҷашни мубораки 20-солагии таъсис дорад. Таҷрибаи ба муҳокимаи умумихалқӣ гузоштани лоиҳаи қонунҳо дар мавриди татбиқи меъёрҳои демократӣ ва рушду тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ беш аз пеш мусоидат менамояд.

 

Дар Соли нав ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ, хонаободӣ, файзу баракат, барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва ҳизбу ҳаракатҳо  муносибату муколамаи солиму созанда орзу мекунам. Барои сомонаи электронии «Ruzgor.tj» фазои озоду шаффофу фарогири иттилоотӣ ва барои кормандони он дар амри хизмат ба халқу ватан барору комёбиҳо мехоҳам!

 

Сафар Сафаров, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон

 

АНДЕШАҲОИ РАҲМАТИЛЛО ЗОЙИРОВ, РАИСИ ҲСДТ

АНДЕШАҲОИ МАСЪУД СОБИРОВ, РАИСИ ҲДТ

АНДЕШАҲОИ МУҲИДДИН КАБИРӢ, РАИСИ ҲНИТ

АНДЕШАҲОИ ИСМОИЛ ТАЛБАКОВ, МУОВИНИ АВВАЛИ РАИСИ ҲКТ

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4028-2010-12-31-10-56-01.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ