01:02:28 03-уми Июни 2025 сол

ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АВРУОСИЁ ДАР МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТҲОИ ИҚТИСОДӢ

Масоили ҳамкорӣ дар амри мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, меҳвари гуфтугӯи ҷониби Тоҷикистон ва ҳайати Авруосиё будааст. Дар ин мулоқот раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари иҷроияи котиботи Дафтари гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм, муовини вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Даниел Гласер ҳамкории ҷонибҳо дар ин самтро зарур шуморидаанд.

mashvarat-78596.jpgРаисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки "Таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон аст."

Ҷониби Тоҷикистон ба ин нуқта ишора кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм ва бо тавсияҳои ин созмон, ин кишвар иқдомоти ҷиддиеро дар ин росто анҷом додааст.

Ба гунаи мисол дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Раёсати назорати молиявӣ таъсис ёфтааст, ки мақсади он мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мебошад. Ҳамчунин ишора шудааст, ки дар ин замина қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм» таҳия ва қабул гардидааст.

Даниел Гласер, раҳбари ҳайати гурӯҳи Авруосиё дар навбати худ изҳори боварӣ намудааст, ки "нақшаи мушаххаси тадбирҳои минбаъдаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти  мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм таҳия ва қабул шуда, охири моҳи июни соли равон дар ҳамоиши Гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор мегирад."

Ҷонибҳо мубодилаи доимии таҷрибаю иттилоот, кӯмакҳои техникӣ ва омӯзишу бозомӯзии мутахассисонро зарур шумурдаанд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.06.2011 15:25
agar janob oli koshi muboraki xudro bolo bardorand mebinand ki jinoyat koroni iktisodi kiho hastand .agar dar pai adolat ast az xonavodai xud shuru kunad .xijolat ovar ast magar saroni muboriza dar on majlis namedonand ki fosid hoi iktisodi dar tjk kist? xohishan chop kuned.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854