02:11:09 03-уми Июни 2025 сол

ТАЪКИДИ ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОН БА ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМӢ

Тоҷикистон ва Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаи ҳарбӣ ва техникӣ таъкид кардаанд. Ин нуқта дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм дар шаҳри Теҳрон баён шудааст.

presidents-ir-tj_22.jpgСарони Тоҷикистон ва Эрон инчунин тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳангро баррасӣ намудаанд. Аз ҷумла ҷонибҳо ба  рафти иҷрои созишномаҳои аз пеш ҳосилшуда, аз ҷумла доир ба анҷоми бунёди нерӯгоҳи Сангтўда- 2 ва бунёди дигар нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, масъалаи густариши ҳамкориҳои бештари фарҳангӣ байни се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон таъкид шудааст. Кӯмак ба истиқрори суботу оромӣ дар Афғонистон ва таъмини амният дар ин кишвари ҳамзабон аз мавзӯъҳои  дигари гуфтугӯи раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон будааст.

Лозим ба ёддоварист, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми июн дар раъси як ҳайати давлатӣ озими Теҳрон шуда буд ва қарор аст дар конфронси байналмилалии мубориза алайҳи терроризм, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми июн дар пойтахти Эрон баргузор мегардад, ширкат намояд.

Пешбинӣ мешавад, ки дар нишасти байнулмилалӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи масоили муҳиме чун мубориза алайҳи даҳшатафканӣ ва роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони Афғонистон суханронӣ кунад.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 26.06.2011 12:14
агар чумҳури Худо хоха Иншоаллох Тоҷикистону Эрону Афғонистон бародарон хамаги як шаванд Як давлат Бузуги Форс ! ин хам ба пешрави хам дар Чахони навин ( Мудерн) як Давлати пу кудрати Таърихи (Персиан) боз аз нав ташакул меёбад ! Ман бовари дорам ки ниятхо дар дилу фикри афкори Сарварони Тоҷикистону Эрону ва Афғонистон хаст ! ва хам сари ин Масъала хам фикрхое хам аст ! боваридорам ки ин ба халку халкиятхои Мо бисёр манфият овар ва оянда дор аст - ба танхои хеч чиз аз дастамон намеояд ин аст Вахдат -Вахдати Милли бузурги халки Форс !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854