01:21:19 02-уми Июли 2025 сол

МИРЗОМУҲАММАДИИ НАВИД: "КАБИРӢ МАРО ГӮШ НАКАРД" - Qismati 2

"ҚАВМУ ҚАБИЛАПАРАСТӢ НАДОРАД..."

-Зиёд мешунавем, ки Кабирӣ Ҳизби наҳзати исломиро ҳам хонаводагӣ кардааст. Манзур хешовандони худро зиёд ҷалб мекунад. Оё ин сарусадоҳо сиҳат доранд?

-На. Онҳое, ки ин овозаҳоро мепарокананд, ғараз доранд. Ман инро надидам. Дар вуҷуди раҳбар ин чизҳо набояд бошад. Кабирӣ ҳам надорад. То ҳадде ки медонам, як бародарашон ҳаст, ки вазифаи боло надорад. Як хоҳарашон ҳам ҳастанд, ки низ масъулияти баланд надорад. Аммо чаро дар кори ҳизб хешовандони раҳбар ҷалб нашаванд, агар истеъдод дошта бошанд? Кори бад нест. Хулоса, Кабирӣ қавму қабилапарастӣ надорад.

-Шумо ба сафарҳои хориҷии ҷаноби Кабирӣ чӣ назар доред? Оё хуб мекунад, ки бештари вақти худро дар хориҷа мегузаронад?

-Даъват шудани ҷаноби Кабирӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ғайридавлатии мамолики хориҷ на аз дӯст доштани Кабирӣ ва ҳизби ӯст. Ва дигар ин ки «бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме.

НАМЕГӮЕМ, КӢ МУВАФФАҚ АСТУ КӢ НЕ

-Мегӯянд, ҷаноби Нурӣ пас аз ҷангу сулҳ тавонистанд барои Ҳизби наҳзати исломӣ дар парлумон ду ҷой гиранд, Кабирӣ ҳам дар замони осоишта ду ҷой гирифт. Интихоботи ахири парлумонӣ, ба қавли манобеъи ғайрирасмӣ, як гуна бо бартарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамом шуд. Ҳатто афроде ба ин ҳизб раъй додаанд, ки аз ақидаи исломӣ хеле дуранд. Ба гунае Ҳизби наҳзати исломӣ дар набард барои дилу дидаҳо пирӯз ҳам омад. Ва ин чунин маъно дорад, ки Кабирӣ як раҳбари дарвоқеъ муваффақ буд. Шумо чӣ назар доред?

-Ман дар ин бора ҳанӯз сӯҳбат накардаам, ки Кабирӣ раҳбари муваффақ аст ё не. Ҳатто гуфтам, ки он кас дар фазои ҳозира хеле мувофиқ ҳастанд. Он чӣ марбут ба парлумон аст, ин як анъанаест, ки аз замони устод то ба имрӯз идома дорад. Дар интихоботи гузашта агар Устод Нурӣ зинда мебуд, Ҳизби наҳзат чаҳор ҷой мегирифт ё ки бештар.

ИХТИЛОФ ДАР ДОХИЛИ ҲНИТ ВОҚЕИСТ?

-Мегӯянд, дар Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам мухолифатҳо ва ҳатто гурӯҳҳо ҳастанд ва ин ҳол эҳтимолан, бахусус дар арафаи Анҷумани навбатӣ шояд рӯшантар шаваду тафриқа ҳам дар ҳизб ба вуҷуд ояд. Ин дуруст аст?

-Ихтилофи назарҳо бояд дар ҳама ҷо бошад ва ин табиист. Намешавад, ки 50-60 нафари дар як ҷо буда, ихтилофи назар надошта бошанд. Аммо ин ки онҳо ба ҷудоиву тафриқа хоҳанд кашид, инро ман эҳсос намекунам. Нерӯи сиёсӣ ва ҳам амали як ҳизб дар он ҳолат эҳсос мешавад, ки дар дохили худ иттиҳод ва якпорчагӣ дошта бошад. Ин як қоидаи мусаллам аст. Агар дар дохил нифоқ ба вуҷуд ояд, пойдории ҳизб зери хатар мемонад. Ман бовар дорам, ки бо Ҳизби наҳзат ҳамчунин нахоҳад шуд.

ДУ МОҲ ИНТИЗОРӢ КАШИДАМ...

-Шумо як намояндаи аршади ҲНИТ ҳастед, ки ҳизбро тарк мекунад. Оё ин кори Шумо бархеи дигарро дар ҳизб таҳрик намедиҳад?

-Ман тасмими таъҷилӣ нагирифтам. Ду моҳ интизорӣ кашидам. Бо бародарони аршад дар ҳизб ҳам сӯҳбатҳо кардам. Агар як сабаб ин аст, ки ман шояд дар ҳизб нолозим ҳастам, сабаби дигар ҳам дигар корҳо ва вазъи сиҳатии ман аст. Сабабҳо маълуманд. Аммо комилан ҷонибдори он нестам, ки бархе бародарони фурсатталаб, агар бошанд, аз ин вазъ истифода бурда, маъракае алайҳи ҲНИТ ва роҳбарияти он роҳандозӣ кунанд. Боз мегӯям, ки ман раҳбарони ҳизбро эътироф мекунам, аммо иззати нафси худро болотар медонам.

-Шуморо бо ҲНИТ шинохтанд. Обрӯятон ҳам ба он сахт бастагӣ дорад. Маҳз узвияти Шумо дар ин ҳизб сабаби ба муовинати вазири фарҳанг расидани Шумо шуд. Мешуд, ки агар аз Раёсати олии он рафтед, ҳадди ақалл узвияташро ҳифз мекардед?

-Шукргузор ва сипосгузор ҳастем, ки ба ин роҳи рост ҳидоят шудем. Ҳоло ҳам дар хориҷ шудан нуқсон аз мо набуд. Истихораҳо ҳам карда, ахиран рафтам. Ба ҳар ҷо ки расидем, аз Худо медонем. Вале мо низ як шахси тасодуфӣ дар ҳизб набудем. Мо ҳам коре кардем барои ҳувият ва устувории ин ҳаракат.

КӢ ҲАЛҚАИ ИСЛОМРО АЗ ГАРДАН ГИРИФТ?

-Гуфтед, ки роҳи ҳизб роҳи рост аст. Акнун Шумо аз ин роҳ баромадед?

-Худо аз он нигоҳ дорад, ки аз роҳи рост бароем. Баъзе бародарон масал заданд, ҳатто хеле дағалона, ки «шумо ҳалқаи исломро аз гардан гирифтед». Ин бадеҳист, ки ҳизб дин нест. Ҳизби наҳзат асли диёнат, ки нест. Ин як ҳаракати сиёсӣ, сохти башарӣ аст дар чаҳорчӯбаи қонун. Ҳадаф ҳадафи шаръӣ аст. Ҳизб як василаи расидан ба ҳадаф аст. Ин чорчӯбаро инсон сохтааст. Бо воситаи ариза ба раис дохил мешаванд ва ҳамин тур хориҷ мешаванд. Ин сохти инсонӣ аст. Ва мо дар роҳи сиротулмустақим ҳастем. Умеди савоб доштем, он ҷо будем. Дигар роҳҳои хайр ҳам баста нестанд.

ҲНИТ ЧӢ МЕХОҲАД?

аноби Навид, сухан дар бораи роҳ рафт. Ҳизби наҳзат бо кадом роҳ меравад? Ҳадафаш бунёди ҷумҳурии исломист ё чӣ? Шумо ба чӣ бовар доштед?

-Дар ин бора чанд сол аст, ки ҷаноби Кабирӣ посухҳои мантиқиву хуб ҳам гуфтанд. Ин, ки дар коғаз менависед, ҷумҳурии исломӣ месозем, воқеъбинӣ нест. Дар замони ҳозира, мутаассифона, қонунҳои башарӣ қавитар аз қонунҳои шаръӣ шудаанд. Ҳарчанд ки «башар қонунгузориро нашояд ва қонуни башар бе шарр нест», вале ҳар низом бояд аз рӯи Сарқонун амал кунад. ҲНИТ барои сохтани ҷомеаи исломӣ мекӯшад. На бо тариқи зӯр, балки тариқи мутамаддин — интихоботу нишасту конфронсҳо дигар роҳҳо. "Исломӣ" унвон кардани давлат муҳим нест. Муҳим ҷомеа исломӣ бошад, меъёрҳои шаръ риоя шавад. Ҳаминро ҲНИТ ташвиқ мекунад, зеро бештар аз 95 дарсади мардуми кишвар мусалмонанд.

-Оё фикр намекунед, ки интихоби устод Нурӣ сари Кабирӣ хато буд ва оё воқеан васияти асосгузори ҳизб дар бораи раҳбари нав вуҷуд дошт ё хайр?

-Бо назардошти шахсиятҳо ва фазои пасазҷангӣ интихоби Кабирӣ аз сӯи устод сад дар сад дуруст буд. Васияташ ҳам буд. Бо ин вуҷуд, дар давоми чаҳор сол, фикр мекунам, шахсияти Кабирӣ ҳанӯз кушода нашудааст.

КАБИРӢ МЕРАВАД Ё МЕМОНАД?

аноби Навид, 24-уми сентябр Анҷумани навбатии ҲНИТ баргузор мешавад ва раиси нав ҳам интихоб хоҳад шуд. Фикр мекунед, Кабирӣ меравад ё мемонад? Назаратон дар бораи омадани Муҳаммадҷон Нурӣ ба раҳбарии ҳизб чист?

-Дар марҳалаи ҳозир агар Кабирие, ки хеле таҷриба андӯхтааст, бимонад, беҳтар аст. Муҳаммадҷони Нурӣ ҳоло ҷавон аст ва рӯзгорнодида ва таҷриба ноандӯхта. Агар дар вуҷудаш қобилият ва истеъдоди роҳбарӣ бошад, ояндаҳо дар пешанд.

аноби Навид, ҳоло шумо як корманди давлатӣ ҳастед, сарварии Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба зимма доред. Хоҳ-нохоҳ мардум аз ин ба баъд хоҳанд гуфт, ки бо ишораи ҳукумат тарки ҳизб кардаед. Чӣ посух хоҳед гуфт?

-Шояд аз камҳавсалагӣ бошад, ҳаргиз дар орзу, ҳавас ва ҷунбуҷӯши расидан ба мансабе набудам. Роҳҳои машрӯъ ва ғайримашрӯи расидан ба мансабро шинохта будам, чун муовини вазири фарҳанг будам. Агар бо чанд нафари дигар муқоиса кунед, аслан ҳамин сифатро надорам. Ва расидан ба мансабро мақсади зиндагӣ қарор надодаам. Алҳамдулиллоҳ, ки ба қадри имконоти зеҳниам аҳли қалам ҳастам. Бо навиштани китобҳои худ аҳли китоб ҳам ҳастам. Барои ман муҳим заҳматҳои зеҳниам ҳаст. Ба хотири ин ки аз ҷомеа низ берун набошам, муддати зиёд аст, ки дар ин марказ кор мекунам. Имрӯз тасмим гирифтам, ки аз ҳизб равам, аммо инак, панҷ сол мешавад, ки сарвари Маркази тоҷикшиносӣ ҳастам.

"БОЗИЧАИ ДАСТИ ДИГАРОН НАБУДААМ..."

-Бубинед, ҳукумати Тоҷикистон дар асл хоҳони обрӯ гирифтани ҲНИТ нест. Ҳар фурсате ҳам истифода шуд, ки ин ҳизбро дар ҷомеа тундгарову террорист муаррифӣ кунанд. Агар аз Шумо хоҳанд, ки бештар зидди Кабириву ҲНИТ сӯҳбат кунед, қабул хоҳед дошт?

-Дар ҳеҷ давру замон, Худоро шукр, бозичаи дасти дигарон набудам. Мантиқеро ҳам дар ин намебинам, ки истифода шавам. Кабирӣ соҳиби ном аст, матраҳ аст. Аз худ дифоъ карда метавонад. Дар бораи ӯ аз худ чизе гуфтан боғараз аслан маъно надорад, зеро Кабирӣ шахси пинҳонӣ нест ва дар ҷомеа ошкор аст. Ҳоло ҳам агар дар дохили доираҳои расмиву ғайрирасмӣ ашхосе ҳастанд, ки раҳбарону аҳзоби сиёсиро бадном кардан мехоҳанд, ғалат мекунанд. Ин бар зарари миллат  ва оромии ҷомеа аст. Душманони дохиливу хориҷии зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд ба Ҳизби наҳзат алқобе, ба монанди террористу экстремистро часпонанд. Аммо ҲНИТ исбот кард, ки як ҳизби мӯътадил, амалгаро, ҳадафманд, миллатшинос ва сирф миллӣ-мазҳабӣ аст.

-Агар Шуморо дубора даъват кунанд, ё ягон нафари дигар раҳбар шавад, бармегардед?

-Ҳоло дар ин бора фикр накардаам. Чун рафтам, ҳадафҳои дигар ҳастанд, ки дунболи онҳо хоҳам рафт.

-Бо чӣ кор машғул хоҳед шуд?

-Инсон дар як марҳалаи умраш бо ҳодисае дучор меояд, ки фикраш дар бораи зиндагӣ дигар мешавад. Шахсияти худро ба гунаи дигар мебинад. Мехоҳад ислоҳ шавад. Бемории ман, ҳамин тавр, чашми маро кушод. Аз ин пас барои такмили шахси худ мекӯшам. Ин як. Дигар ин ки чанд китоби нашрношуда дорам ва китобҳое ҳам ҳастанд, ки бояд нависам. Ва боз чанд кори муҳими дигар. Пушти онҳо хоҳам шуд.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 16.08.2011 15:38
лозим аст ки (очистка) ва аз инсонхо но устувор дар Дин ва тасодуфи ! Ки ин кор –ро Сардори нави ин хизб Исломи на
Мухиддин Кабири ичро карда метаовнад баъди интихоб шуданаш , на Мухиддин Кабири Ки чой додаст инсонхое ба монанди бо номи Абдуллои Рахнаммо (сиёсат шиноси ) зар хариди Дуняви ва дигарон (секулор-хо-ро) !!! Ки ин хатар аст дар ин Хизби Исломии Точикистон ! ба Мо лозим аст ки чунин Сарвароне ба Монанди Абдуллохи Нури ва дигар Олимони Мо !Бале рост гуфтед бародар Zafar бале натавонист аз ухдаи корхо баромада натавонист пас бояд ки иваз шавад ва хатман ягон бародари Дар Ислом Устувор ва Донишманди ин Дини Поку Бузург аз чумлаи Олимони Ислом пешвоёни Ислом Домуллохо на Дунявихо ба монанди Муҳиддин Кабирӣ Бас аст, акнун раисиаш дар Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ бас аст, натавонист коррхоро пеш барад , боз Дигар гунихо лозим аст дар ин Хизба Исломи , як Марди кави ирода ва Мусалмони хакики лозим аст ....
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ