ВАҲҲОБ ВОҲИДОВ: "СССР-РО ХОИНҲО ВАЙРОН КАРДАНД"
Сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод бо Ваҳҳоб Воҳидов, котиби собиқи КМ ҲКТ ва вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон
Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 11-уми июни 1940 дар оилаи косиб таваллуд шуда, соли 1956 мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм мекунад. Факултаи иқтисодиёти кишоварзии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх ба анҷом расонидааст.
Фаъолияти кориаш аз воҳиди кишоварзии ба номи Ленини ноҳияи Конибодом оғоз мешавад. Сипас, котиби якуми кумитаи комсомол ва депутати шаҳрӣ интихоб мешавад. Соли 1969 дар кумитаи марказии комсомоли Шӯравӣ дар шаҳри Маскав ба ҳайси нозири комсомоли ҷумҳурии Белорус кор мекунад. Дертар ба Тоҷикистон бармегардад ва дабири аввали комсомоли вилояти Ленинободи собиқ таъйин мешавад.
Аз соли 1997 барои кор ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даъват мешавад ва ба ихтиёри ӯ мудири шӯъбаи кишоварзиро мегузоранд. Соли 1986 Котиби Кумитаи марказии ҲКТ интихоб мешавад. Соли 1988 ҷонишини якуми раиси Совети вазирон ва раиси Госагропроми Тоҷикистон таъйин мегардад. Чанд навбат аз ноҳияҳои Ашту Конибодом депутати халқии СССР интихоб ва соли 1991 вазири кишоварзӣ таъйин шудааст.
Ҳоло бознишаста аст. Доктори илмҳои иқтисодӣ. Соҳиби чаҳор фарзанд.
-Ҳоло дар расонаҳо дар бораи 20 соли суқути Шӯравии пешин матолиби зиёд чоп мешавад. Афроди дар он замон масъул низ хотироти худ дар бораи он ҳодисаро баён медоранд. Дар сӯҳбате, ки бо Ваҳҳоб Воҳидов доштем, пурсидем, ки суқут ва ё аз байн рафтани СССР-ро раҳбарони вақти Тоҷикистон чӣ гунна пазируфтанд?
-Пеш аз он ки дар бораи азҳампошии давлати абарқудрати СССР сухан ронем, мехоҳам як нуктаро ёдовар шавам. Дар моҳи марти соли 1991 бо қарори Анҷумани депутатҳои халқии СССР барои бақои ин кишвар як раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд. 73 дарсади аҳолии СССР барои ҳифзу бақои он раъй доданд. Танҳо камтар аз чиҳил дарсади аҳолии ҷамоҳири назди Балтика аз идомаёбии СССР ҳимоят карданд. Дар Тоҷикистон қариб 93 дарсад ҷонибдори СССР буданд. Аммо бо вуҷуди дастгирии мардум дар натиҷаи вохӯрии хоинонаи роҳбари се ҷумҳурӣ -- Русия, Украина ва Белорус дар Беловежские Пуши, дар вилояти Брест дар наздикии сарҳади Полша, созишномаи сегона баста шуд, ки он давлати абарқудрати СССР-ро пароканда эълон кард. Онҳо давлати сегона ташкил карданӣ буданд. Давлати сегонаи славянӣ. Дар ин санади давлати сегона президенти Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев мебоист имзо мекард, ки нарафту накард.
ГОРБАЧЕВУ ЕЛТСИН ҲАМКОРӢ КАРДАНД
Дар бораи парокандашавии СССР таҳлилу тахминҳо зиёданд. Ҳамчун собиқ депутати халқии СССР иштирокчии ҳама маслиҳатҳо будам. Воқеият ин буд, ки дар байни тақрибан панҷ ҳазор депутатҳои халқии СССР ҳам ягонагӣ вуҷуд надошт. Ба ҳамаи мо мавқеи Михаил Горбачев низ ошкор набуд, ки ӯ аз кадом тараф бозӣ мекунад. Дар дувоздаҳ маҷлиси васеи депутатҳои халқии СССР дар шаҳри Москва иштирок кардам ва мушоҳида мешуд, ки мавқеи Горбачев оҳиста-оҳиста дигар мешавад ва вай ба тарафи парокандасозии СССР ҳаракат дорад. Ҳарчанд имрӯз мегӯяд, ки ман накардам ва намехостам, ин воқеа яку якбора рух дод, аммо ҳаракатҳои ӯ баръакси гуфтаҳояш буд.
Горбачеву Елтсин душмани қаттоли якдигар буданд, аммо барои вайрон кардани СССР ҳардуяшон як мавқеъ доштанд. А.Яковлевро, ки 17 соли ахир сафири СССР дар Канада буд, даъват карда оварданд. Ӯ узви Бюрои сиёсӣ ва котиби КМ КПСС баргузида шуд. Ҳамчунин Э.Шеварднадзе, ки ҳоло дар Олмон ба сар мебарад, вазири хориҷӣ ва узви Бюрои сиёсӣ интихоб шуд. Ҳамин гуна хоинҳо пайдо ва ҷамъ шуда як давлати абарқудратро пароканда ва нобуд карданд. Қувваи ГКЧП хост, ки сохторро дигар кунад. Бисёре аз шахсиятҳову роҳбарони онвақтаи ҷаҳон аз ҷумла роҳбарони ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба он муносибати мухталиф доштанд. Роҳбарияти Тоҷикистон бо сарварии Қаҳҳор Маҳкамов тарафдори ГКЧП шуданд.
Ман он вақт мудири шӯъбаи кишоварзии Комитети марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон будам. Бюрои КМ ҲКТ ин масъаларо дида баромадааст ва баъд мо низ хабардор шудем, ки онҳо тарафдори ГКЧП ва нигоҳ доштани давлати абарқудрати СССР бо роҳбарии роҳбарони ҳамонвақта Янаев будаанд. Г. Янаев он вақт дар мақоми ноиби президенти СССР кор мекард. Азбаски бо ҳамроҳии ман ҳам дар Кумитаи марказии комсомол кор карда буд, ӯро мешинохтам, вале ҳеҷ боварам намеомад, ки ӯ ин қадар қудрати бузург доштааст. Дар ҳақиқат пас аз се-чаҳор рӯз маълум шуд, ки на, онҳо ҳеҷ қудрате надоштаанд, баръакс давлатро идора карда натавонистанд. Онҳоро бо роҳбарии Елтсин дастгир карданд ва ба ҳабс гирифтанд.
"ХИДМАТ"-И СРУ ДАР СУҚУТИ ШӮРАВӢ КАМ НЕСТ...
Аммо дар инҷо дар Осиёи Миёна ва Қафқоз аксари роҳбарони кишварҳо ГКЧП-ро дастгирӣ карданд, албатта, ба ғайр аз давлатҳои Прибалтикаву Украина ва Белорус. Воқеият ин буд, ки он вақт беш аз ҳафтод ва дар баъзе ҷумҳуриҳо навад дарсади аҳолии СССР гумони вайрон шудани он ва шикаст хӯрдани сотсиализмро надошт. Нерӯҳои махсус пайдо шуданд, қувваҳои давлатҳои хориҷӣ, ба мисли СРУ-и Амрико дар пароканда ва суқути СССР кам нест, нақши калон низ бозид. Хоинҳо рӯи об баромаданду зидди давлати шӯравӣ шуданду онро вайрон карданд. Дигар илоҷ намонд, дигар аз дасти касе барнаомад, ки пеши роҳи онҳоро бигирад.
ДУШАНБЕ: ДАР ҲАР КӮЧА ЯК БОЗОР
-Оё имкон дошт, ки давлати Шӯравӣ суқут накунад?
-Албатта, бубинед давлати Белорус дар алоҳидагӣ то ба имрӯз он сохторро нигоҳ медорад. Ҳарчанд онро давлати сотсиалистӣ нагӯед ҳам, аммо сохтори давлати Шӯравӣ, аз ҷумла колхозу совхозҳоро пурра нигоҳ доштааст. Корхонаҳо ва фурӯшгоҳҳои давлатӣ фаъолият мекунанд. Чанд нафар аз рафиқон, ки он ҷо сафар доштанд, бо таассуроти хеле хуб бозгаштанд ва таърифи зиёд карданд. Як мисол. Дур намеравем, дар худи Душанбе чанд бозор буд? Ҳоло бинед, ки дар ҳар кӯча як бозор амал мекунад. Чунки корхонаҳо кор намекунанд. Имрӯз ҳам кор намекунанд. Сохтор он сохторест, ки он зуд барқарор мекунад ва ба пеш мебарад. Хуб шояд, дар масъалаи озодиҳо пешравӣ бошад.
ТАРАФДОРОНИ ШӮРАВӢ КОРГАРУ ДЕҲҚОН БУДАНД
-Вале ба ҳар сурат чӣ тавр мумкин буд, ки Шӯравӣ пойдор бимонад?
-Тарафдори давлати Шӯравӣ аҳолии оддӣ, пеш аз ҳама синфи коргару деҳқон ва зиёиёни ҷавон буданд. Ҳозир ҳам дар Русия садҳо олимон узви Ҳизби коммунистанд, тақрибан сад нафар олимони бузург, аз он ҷумла Жозеф Алферов, ки чанд соли пеш барандаи ҷоизаи Нобелӣ шуд ва яке аз физикдонони маъруфи ҷаҳон аст. Чунин шахсиятҳо имрӯз низ ҳастанд. Лекин дар давоми ин бист сол аҳолӣ дигар ба сохтори нав одат кард. Дигар парвои онро надоранд, ки кӣ талаву тороҷ мекунад.
"ҲАР ҚАДАМИ МО АЗ БОЛО НАЗОРАТ МЕШУД"
-Дар Шӯравӣ мардум на ҳама вақт аз сиёсати замона розӣ буд. Махсусан дар мавриди риоят нашудани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар бораи набуди озодиҳои мазҳабӣ нигарониҳо ва норозигиҳо зиёд буданд. Оё аз ин вазъ роҳбарон огоҳ буданд ва онро баррасӣ мекарданд?
-Албатта. Як масъалаи хеле муҳим аст, ки мардуми оддӣ ва шояд журналистон низ ба он он қадар аҳамият намедиҳанд. Давлати абарқудрати СССР, хусусан ҷамоҳири бародарӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар зери назорати сахттарини КПСС қарор дошт. Масалан, ман котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон будам. Ҳар як қадами мо аз боло назорат мешуд. Соли 1985, вақте Раҳмон Набиев рафтанду Қаҳҳор Маҳкамов омаданд, аз Маскав супориш омад, ки 25 нафар ҷавони серғайрати рус бояд дар вазифаи котиби дуюми райкомпартияҳои Тоҷикистон ба кор ҷалб шаванд.
Мо розӣ набудем ва гуфтем, ки мо дар худи Тоҷикистон русҳоро дорем ва барои овардани русҳо аз Русия зарурат нест. Мисол як нафар буд бо исми Лунов. Вай дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо дар вазифаи котиби дуюми райком кор кард ва сипас котиби якуми ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Ӯ забони тоҷикиро медонист. Аммо мо илоҷе надоштем. 26 нафар ҷавони 28-30-сола омаданд ва ҳама дар тамоми ҷумҳурӣ дар вазифаи котиби дуюми райкомпартия ба кор пардохтанд. Баъд аз як-ду сол ҳатто бархе аз онҳо котиби аввал ҳам баргузида шуданд. Ин гуна муносибат, албатта, бар зарари кор буд, аммо мо овоз надоштем, гапи моро касе гӯш намекард.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>
Шарҳҳо
Ва давлатдорон ва бойхо парвои синфи КОРГАРУ ДЕҲҚОН надоранд !
RSS Обуна