ВАҲҲОБ ВОҲИДОВ: "СССР-РО ХОИНҲО ВАЙРОН КАРДАНД" - Qismati 2
ВАЗЪРО ДАР БАЪЗЕ КИШВАРҲО БА ТАВРИ СУНЪӢ ТАЙҒИР МЕДИҲАНД
-Парокандашавии СССР-ро, ки воқеан як давлати абарқудрат буд ва худи Шумо, ки дар сари вазифа ҳам будед, чӣ гуна таҳаммул кардед?
-Бовар дорам, барои бештари нафароне, ки сари вазифа буданд, он вақт ин як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Ҳарчанд ки заминаро дар худи давлати Русия чанд сол пеш омода карда буданд. Албатта, ин ҷо нарасидани маҳсулоти ғизоӣ, холӣ будани бозору мағозаҳо ҳам сабаб шуданд. Худи русҳо корро ташкил карда натавонистанд ва ниҳоят қисми ками аҳолӣ ҳам бошад гурӯҳе аз мардум зидди коммунистон шуд. Ин ҷо нақши русҳову роҳбарони коммунистҳо хеле калон аст. Ҳама ҷо холӣ шуда буд ва дар хотирам ҳаст, ки дар шаҳри Маскав як шиша арақ пайдо кардан проблема гардид. Дар Тоҷикистон мо дидем, ки солҳои 94-95 мардум барои як дона хлеб гирифтан занозанӣ мекарданд. Аҳолӣ дигар ба ҳамаи ин тоқат карда ҳам наметавонист.
Таҳти шиори озодӣ зиддиятҳои зиёд пайдо шуданд. Имрӯз низ вазъ дар баъзе кишварҳо ба таври сохта тағйир дода мешавад. Либияро бинед, ки яке аз давлатҳои пешрафтатарини ҷаҳон буд ба чӣ ҳол гирифтор карданд? Путин дар Дания рӯирост гуфт, ки кӣ ба роҳбарони баъзе давлатҳо ҳуқуқи несту нобуд кардани давлатҳои дигарро додааст. Ҳарбиёнро мефиристанд, бомбаборон мекунанд. Кӣ ҳуқуқ дод? Маҳсулоти умумидохилии давлати Либия ба ҳар як сари аҳолӣ 14 250 долларро ташкил мекунад. Дар давлати мо, масалан, 700 доллар.
Дар давлати пешрафтатарини ИДМ Қазоқистон нӯҳ ҳазор аст. Русия 3,5 ҳазор. Чин бо ин қадар қудраташ 4,5 ҳазор. Акнун бубинед, фарқро, ки аз то куҷо то ба куҷост. Дар Либия газ, барқ, об, маориф, табобат, хона бепул аст. Ва ба ҷавонон дар рӯзи ақди никоҳ 67 ҳазор доллар аз тарафи давлат ҷудо карда мешавад. Барои кӯдаки аввал 7 000 доллар ва агар мошин харад бо нархи 50 дарсад аз бозор арзон медиҳанд. Он ҷо вазиру вазорат нест. Гурӯҳи олимону мутахассисон ва шахсони обрӯманди маҳал якҷо шуда пешниҳод мекунанд.
"ҲАНӮЗ ДАР БУНБАСТ ҚАРОР ДОРЕМ"
-Ба ҳар сурат аслан интизор набудед, ки СССР пош мехӯрад?
-Ман дар қатори 90 дарсади аҳолӣ ба ин бовар надоштам. Чунки давлате буд, ки Америка аз он метарсид. Вақтҳои охир аз комёбиҳову муваффақиятҳои замони Истиқлол зиёд мешунавем. Махсусан дар бораи роҳсозӣ мегӯянд, ки ҳатто СССР чунин роҳҳоро сохта натавонист. Мегӯянд, ки мо пеш дар муҳосира будем, дар бунбаст қарор доштем ва ҳоло ба ҳама манотиқи кишвар васл ҳастем. Аммо аз ёдашон бурдаанд, ки ба нархи 15 рубл билет харида бо ҳавопаймо аз Душанбе ба ноҳияи Панҷакент мерафтед ва ё бо 6-уним сӯм ба ноҳия Айнӣ ва ё 15 рубл ба самти Самарқанд. Роҳкирои автобус ва поезд боз ҳам арзонтар буд. Бо ин ҳама таърифу ситоишҳои дур аз воқеият фикр мекунед, киро гӯл заданӣ ҳастанд, дар ҳоле ки дуруст ҳоло дар муҳосира қарор дорем.
Ба ақидаи ман, ҳамчун яке аз роҳбарони собиқи Тоҷикистон озодиро мо доимо ҳис мекардем. Ҳар сол мо 170 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба дигар давлатҳои Шӯравӣ - Русия, Қазоқистон ва Туркманистон мефиристодем. Аз он тараф барои мо таҷҳизот, техника, чӯбу тахта ва маводи сӯхт мефиристоданд. Бале, проблемаҳо ҳам буданд. Масалан, ба давлатҳои арабӣ мусофират кардан номумкин буд. Аммо ҳеҷ изолятсия набуд. Баръакс мо сарҳад надоштем. Танҳо ба самти Узбакистон ҳар рӯз ду ҳавопаймо мепарид. Бо шиносномаи СССР дар тамоми ҷаҳон мегаштӣ, оила месохтӣ, рафтуомад мекардӣ, мушкилӣ вуҷуд надошт. Арзонӣ буд, маош то ба охири моҳ мерасид. Як халта орд 13 ва як кило шакару як кило равған 80 тин буд.
Маош барои як хонаводаи иборат аз 5-6 нафар баҳузур мерасид. Роҳи Помирро кӣ сохт? Роҳҳое, ки ҳамин ҳоло мумфарш мешавад, кӣ ва кай сохта буд? Ҳамин роҳҳои Анзобу Шаҳристонро чӣ? Ин ҳама нақшаҳоро СССР омода карда буд. Оё Шумо метавонед як корхонаеро номбар кунед, ки он дар замони Истиқлол сохта шуда бошад. Ин роҳҳое, ки мебинед ва ҳар рӯз аз болои онҳо мегузарем, кӣ сохт? Бинобар ин ин ҳама муқоисаҳо бемаъноанд. Замони охири ҳукумати Шӯравӣ, солҳои 1989-90 ҷангу ҷидолҳо оғоз ёфтанд. Аз вилояти Фарғонаи Узбакистон сар шуд, масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ миёни арманиҳову озариҳо, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва дар Қафқози шимолӣ низ ҷангҷолҳои зиёде рух дод. Дар Тоҷикистон низ чунин шуд, дар Қирғизистон то ҳол муноқиша давом дорад. Ман, албатта, ҳеҷ шакке ҳам надорам, ки дар давоми Истиқлолият мо ба муваффақиятҳои калон нойил шудем."
ХРУШЕВ, ӮЛҶАБОЕВ ВА "МОЙ СЫН"
-Обрӯву эътибори мардуми тоҷик миёни дигар халқҳои СССР ва махсусан дар сатҳи роҳбарии давлати Шӯравӣ дар Маскав чӣ гуна буд?
-Аз рӯи тақсимот миёни 15 давлати бародари Шӯравӣ ҳар як давлат соҳиби ҷойгоҳу эътибори худ буд. Дигар ин ки аз ҳисоби аҳолӣ Русия, Украина, Белорус, Озарбойҷон ва давлатҳои соҳили Балтик, ба ҷуз Эстония, мақомашон муайян мешуд. Ҷойгоҳ аз рӯи маҳсулоту масоҳату аҳолӣ таъйин мешуд. Мо аз Туркманистон пеш меистодем. Ҳатто Қирғизистон аз мо бештар рушд кард ва бештар маҳсулот истеҳсол мекард. Бинобар он дар вақти баромадҳо, суханрониҳо дар марказ ва ё бо иштироки намояндаи марказ аз рӯи ҳамин принсип навбат дода мешуд.Вале гоҳ-гоҳе ин «муқаррарот» риоя намешуд.
Масалан, дар шастсолагии Никита Хрушев, вақте ҷаласаро ифтитоҳ мекунанд ва мепурсанд, ки кӣ баромад мекунад, Турсун Ӯлҷабоев, котиби аввали КМ ҲКТ, аввал шуда суханронӣ мекунад. Хрушев таъриф карда мегӯяд, ки бубинед давлатҳои хурд чӣ гуна тараққӣ кардаанд. Ба ҷойи он ки аввал маро аъзои политбюро баромада табрик кунанд, Ӯлҷабоев ин корро анҷом дод. Хрушев Ӯлҷабоеваро «мой сын мегуфт». Аз рӯи қоида аввал Хрушевро мебоист намояндаи давлати Украина, баъди он Белорус ва давлатҳои соҳили Балтик ва Қазоқистону Узбакистон табрик мекарданд, аммо Ӯлҷабоев аввал баромад кард.
БАРТАРӢ БА РУСИДОНҲО ДОДА МЕШУД...
-Оё ҳарфи аввалу охирро дар худи Тоҷикистон ҳам русҳо мегуфтанд? Чун Шумо аз он нороҳатӣ кардед, ки русҳоро аз Русия мефиристоданд то болои мардуми Тоҷикистон як навъ роҳбар бошанд. Оё миёни роҳбарони тоҷик мисли Шумо аз ин иқдомҳои Маскав эътирозе ҳам мешуд?
-Ин ҷо ба худи шахс вобаста буд. Масалан, ман агар медонистам, ки дар кори худам ҳақ ҳастам, дар Бюрои КМ ҲКТ дуруст кор карда истодаам, суханронии сахт мекардам. Баъзан Қаҳҳор Маҳкамов намегузошту мегуфт «все, все понятно.» Петкел, Сухов ва Лучинский ҳам узви бюрои КМ буданд. Ман натарсида ҳарфи худамро мегуфтам, баъзеҳо худдорӣ мекарданд. Ёд дорам дар яке аз маҷлисҳои Госагропроми Тоҷикистон, ки Михайлин низ он ҷо ҳузур дошт, як раиси воҳиди кишоварзӣ аз ноҳияи Кофарниҳон суханронии сахт кард, ки Михайлин нороҳат шуду луқма партофт. Ман гуфтам, «товарищ Михайлин прекратите разговоры, пусть он выскажет свою точку зрения». Ҳол он ки баъзеҳо бо Михайлин ҳатто аз гапзанӣ ҳарос мекарданд. Ба ҳар сурат он вақт бартарӣ пеш аз ҳама ба забони русӣ ва шахси русидон дода мешуд.
-Имрӯзҳо мардуме аз Истиқлолият меболанд, ки пеш ҳеҷ хоҳони он набуданд. Онҳо аз чӣ ин қадар меболанд, ба фикри Шумо?
-Истиқлолият дар ҳақиқат ин ғалабаи калони Тоҷикистону тоҷикон аст. Забони тоҷикиро забони давлатӣ мақоми давлатӣ додан пирӯзӣ аст. Пирӯзии дуюми мо ин аст, ки то замони Истиқлолият ягон нафар тоҷик аз минбарҳои калони ҷаҳонӣ суханронӣ накарда буд. Дар ин бист сол президенти кишвар 12 маротиба баромад кард ва аз проблеммаҳои тоҷикон, мубориза бо маводи нашъаовар, терроризму экстремизм, вазъияти Афғонистон сухан гуфт. Пештар фикрҳои зиёд буданд, аммо онҳоро озодона гуфта намешуд.
"ФИКР МЕКУНАНД, ИН ҲАМА ҚАСРУ МОШИН, КИ ДОРАНД КАМ АСТ"
-Оё фикр намекунед, ки аз ин Истиқлолият танҳо гурӯҳе бурд кард? Ҳамарӯза сафи муҳоҷирон афзоиш дорад. Оё бо ин ки мо нишону парчам дорем, дар ҳоле ки дар замони Шӯравӣ ҳам инҳо буданд, метавон мушкилоти мардумро кам кард?
-Он замон аз болои ҳар як роҳбар боз назорати ҷиддӣ сурат мегирифт. На танҳо дар мо дар кишварҳои соҳили Балтик ва ҳамсоядавлатҳо низ вазъият чунин буд. Мо корҳои асосиро ҳатман ба Маскав маслиҳат мекардем. Ягон маҷлису конференсия ё тантанаеро бидуни ризоияти Маскав баргузор намекардем. Ман ҳам имрӯз аз Истиқлол меболам, чун дигар мо озод шудем. Бале, камбудиҳо низ зиёданд. Инро ҳам инкор кардан наметавон, ки аз он бештар як гурӯҳ манфиат бардоштанд. Гурӯҳи тоҷикони нав мегӯем, ки барояшон чунин менамояд, ки ҳоло ҳам ин ҳама қасрҳорову мошинҳову занҳо, ки доранд кам аст. Инҳоро президент ҳам медонад ва гоҳо ишораҳо ҳам мекунанд. Давраи гузариш дар давлатҳои Аврупо ҳам даҳсолаҳо давом кард. Мо акнун баъди фурӯ рафтани СССР бистсола шудем ва вақт дорем, ки дар оянда аз камбудҳо пок шавем, рӯ ба як зиндагии арзанда ниҳем. Мо бояд якҷоя кор кунем, то соҳиби музаффариятҳо шавем дар оянда.
- << Қаблӣ
- Баъдӣ
Шарҳҳо
Ва давлатдорон ва бойхо парвои синфи КОРГАРУ ДЕҲҚОН надоранд !
RSS Обуна