08:58:59 29-уми Апрели 2025 сол

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ГАҲВОРАИ ТАМАДДУН

Сентябри соли 2011 мардуми Тоҷикистон 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Вақти он расид, ки бо фахри баланд аз дастовардҳои дар чунин як муддати кӯтоҳ ба даст овардаи мардуми тоҷик, аз қабили сохтмони давлати соҳибистиқлол, рушди устувори иқтисодиёт, таъсиси қӯшунҳои пурқувват, пойдории ҷомеаи соҳибадолат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ муроқиба намоем.

/images/stories/2011/08/25_anton_karagea_25.8.2011.jpgБояд тазаккур сохт, ки таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мавқеъ ва нақши худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд, тамаддун ва санъати тоҷик ҳамчун нигини мероси таърихи башарият шинохта шуд ва давраи нави рушду нумӯъ дар таърихи кишвар таъмин карда шуд. Ба даст овардани чунин комёбиҳо аз қаҳрамонии бузурги роҳбари кишвар дарак медиҳад.

Алалхусус ноил шудан ба чунин дастовардҳо дар як минтақаи чигил ва гиреҳпеч бидуни маданияти бузург, анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ, тамаддуни дурахшон ва таърихи бойи тоҷикон номумкин буда, исботи он аст, ки мардуми тоҷик бунёдкори ҳунар ва санъати зебо мебошад. Таърихи Тоҷикистон ва халқи он бо 20 соли охир маҳдуд нест. Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон - ин макони тавлиди “Oxus”, яъне Амударё – ганҷе, ки мероси Империяи Форс ва санъати гузаштагони тоҷикро нишон медиҳад.

Тоҷикистон инчунин маконест, ки дар он дини Зардуштӣ ба вуҷуд омада, империяи оташпарастон бунёд ёфтааст ва айни замон эътиқоди маънавии олии ӯ аз Тоҷикистон то ба Покистони ҳозира ва баҳри Миёназамин паҳн шудааст. Танҳо ном бурдани он империяҳои бузург, ба монанди Империяи Сомониён, Ғазнавиён, Қара-Хитой, Муғулон, Хоразмиён, Темуриён ва дигарон, ки маркази сиёсӣ ва фарҳангиашон дар Тоҷикистон ҷойгир буд, хеле муассир аст.

Дар ин бобат хонандаи мӯҳтарам метавонад муфассал аз китоби «Санъати амалию ороишии тоҷикон: дар масири қарнҳо», ки дар он пайи дурахшон гузоштани тоҷикон ба мероси таърихи инсоният тасвир ёфтааст ва маълумот дар бораи он, ки халқи тоҷик яке аз асосгузорони пешбари санъате, ки ба гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми муҳим гузоштааст, дарҷ ёфтааст, бархӯрдор шавад.

Китоби зикршуда ҳамзамон тасвири муфассали илмию публитсистии санъату маҳорат ва кашфиёти таърихии мардуми созандаи тоҷик, маҷмӯи тасвири анъана ва таъсири таърихии касбу ҳунари тоҷикон бар маданият ва тамаддуни Осиёи Марказӣ мебошад. Дар боби 19–уми ин шоҳасари илмию тадқиқотӣ хонанда ҳамчун дар қолини парвозкунанда аз санъати таъсирбахши тамаддуни мардуми тоҷик бархурдор мешавад.

Китоб дорои дастоварди нодир аст - таҳлили аксҳои таассурпазир бо тасвири возеҳи на танҳо санъати тоҷик, балки таъриху ҷуғрофиёи кишвар, ки ба он робита дорад. Боби «Зардӯзӣ» шуморо бо гулдӯзиҳои мураккаб ва зебои тоҷикӣ, ки бо рангҳои бой ва тилло ороиш дода шудаанд, ошно месозад. Мехостам диққати хонандаро ба намунаҳое, ки таъсири санъати тоҷикро ба санъати Хоразмӣ (асрҳои ХII-XIII) ва «Сафавид-Форсҳо» нишон медиҳанд, ҷалб намоям, вақте ки шӯҳрати санъати тоҷик аз соҳилҳои Амударё то ба баҳри Каспӣ ва халиҷи Форс паҳн шуда буд.

Зардӯзии тиллоӣ ва ҷавоҳироти заргарӣ исбот месозад, ки касбу ҳунари тоҷикон ва шакли онҳо ҳокимони ҷаҳонро мафтун намуда буд. Аз қасри Ҳомеидҳо дар Бағдод то ба қасри императори чиноиҳо маснуоти зебою қиматбаҳои санъаткорони тоҷик дар қасрҳои императорони Осиё ҷой мегирифтанд, ки аз маҳорати баланди ҳунармандони тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Дар китоби «Санъати амалию ороишии тоҷикон: дар масири қарнҳо» ба тасвири муфассали аксҳои либосҳои миллӣ, кулоҳҳо ва пойафзолҳои тоҷикон таваҷҷӯҳи махсус дода шудааст. Ҳамзамон ин фаслҳо ба хонандагон ташбеҳ будани либосҳои миллии халқи тоҷикро бо нақшу нигори халқҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Бояд ба маҳорати халқи тоҷик қоил шуд, зеро ҳунармандони тоҷик доимо медонистанд, ки барои фарқ кардани нақшу нигори беназири дарахти ҳаёт, акси офтоб, «Қаро-Хитоӣ»-и бошукӯҳ бояд чӣ тадбирҳо андешид.

Бодиққат эзоҳҳои таърихӣ ва этнографии ин китобро хонда, аз расмҳои дурахшон мафтун шуда, дар ҳайрат мондан мумкин аст, ки чӣ тавр ба халқи тоҷик муяссар шудааст, то аз санъати оддии коркарди маснуот ва ороиши хонаҳо ба санъати тасвирии бузург, ба ороиш додани қасрҳо, бӯстонсароҳои ҳукуматӣ ва санъати меъмории ороишӣ гузарад.

Ман наметавонам меросеро, ки ба тамоми ҷаҳон пешкаш шудааст, ба монанди мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб арзёбӣ накунам: меъмории ин мақбара далели озодии тасаввурот, дониши васеи меъморони тоҷик ва истифодаи тарҳҳои мураккаб ҷиҳати нақшу нигори он мебошад. Ҳамчунин бояд нигори биҳишти исломиро, ки дар меъмории он тасвир шудааст, қайд кард.

Яке аз дастовардҳои муҳими китоб муттаҳид сохтани мероси гузашта бо эҷодиёти ҳунармандон ва санъатшиносони муосири тоҷик мебошад ва ин далели он аст, ки маҳорати гузаштагон гум нашудааст ва ҳатто имрӯз халқи тоҷик метавонад шоҳасари сатҳи ҷаҳониро тавлид намояд.

Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» ва бӯстонсарои ҳукуматии беруназшаҳрӣ дар дараи Варзоб хусусияти таъсирбахш доранд ва аз он дарак медиҳанд, ки санъати тоҷик аз нав давраи рушд, шӯҳрат ва эътирофро гузаронида истодааст. Истеъдоди ҳамгироӣ намудани ёдгориҳои санъат яке аз комёбиҳои калидии тоҷикон дар санъат ва устувории онҳо дар давоми асрҳо мебошад ва қасри Варзоб рамзи он аст, ки ин истеъдод аз даст нарафтаасту он дар дили ҳар як устои тоҷик ҷой дорад. Чойхонаи машҳур дар Хоруғ, ки ҳунари чӯбтароширо ба дараҷаи олӣ таҷассум мекунад, бо зебогии худ ҳар як санъатшиносро дар ҳайрат мегузорад.

Китоби «Санъати амалию ороишии тоҷикон: дар масири қарнҳо» метавонад барои эътирофи байналмилалии санъати тоҷикон ҳамчун намуна барои тамоми олам ва қисми бузурги мероси башарият муваффақона даъво кунад.

Ин китоб тӯҳфаи беҳтарин барои 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон буда, ба тамоми ҷаҳон эълон мекунад, ки Тоҷикистон макони мероси фарҳангӣ буда, таърихи зиёда аз 2500-соларо дорост, инчунин кишварест, ки ба мероси башар саҳми арзанда гузоштааст ва метавон бо сари баланд гуфт: “Тоҷикистон кишваре аст, ки доимо ҳамчун гаҳвораи тамаддун эътироф мешавад!”

Профессор, доктор Антон Караҷа, Раиси Шӯрои Аврупо оид ба муносибатҳои байналмилалӣ

АМИТ «Ховар»

Шарҳҳо   

 
+2 #1 RE: ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ГАҲВОРАИ ТАМАДДУНGuest 25.08.2011 14:14
Тоxикистон Ватани Мо ва Шумо аст ей Точикони тамоми чахон ва биёед ин ватани чоночонамонро обод карда дар вахдату як дигар фахми нигох дорем !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ