23:58:04 02-уми Июни 2025 сол

ПУТИН ГУФТ, “ТОҶИКИСТОН БОЯД ИНТИЗОР ШАВАД”

Владимир Путин гуфт, Тоҷикистон танҳо баъд аз Қирғизистон метавонад узви Иттиҳоди гумрукӣ бишавад. Сарвазири Русия дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои Шӯравии собиқ дар Санкт-Петербург гуфт, дарҳои Иттиҳоди гумрукӣ барои кишварҳои дигар низ боз аст, вале Тоҷикистон ба маҳзи надоштани марзи мустақим бо аъзои кунунии ин ду иттиҳод танҳо баъд аз Қирғизистон метавонад ба онҳо бипайвандад.

/images/stories/2011/10/20_putin_tajikistan_2011.jpgИн дар ҳолест, ки Тоҷикистон ду рӯз пеш дар Петербург дар радифи 8 кишвари пасошӯравӣ ба созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ имзо гузошт. Ҳадафи Душанбе ба даст овардани шароити боимтиёз дар тиҷорат бо кишварҳои Шӯравии собиқ аст. Ба хусус бо Русия, ки аз соли 2010 рӯи содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ андохт ва ин боиси афзоиши башиддати нархи бензин дар Тоҷикистон шуд.

Иттиҳоди гумрукии кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ дар ҳоли ҳозир аз се кишвар - Русия, Белорус ва Қазоқистон иборат аст. Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукии кишварҳои Муштаркулманофеъ имкон хоҳад дод, ки иқтисоди ин ҷумҳурӣ ба пешравиҳои назаррас ва қобили мулоҳиза даст ёбад.

Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, узвият дар ин Иттиҳодия аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон муҳим аст, ки монеаҳои мавҷуди сарҳадӣ барои гардиши мол ва доду ситад аз байн меравад. Афзун бар ин, мизони болои молиёт ва боҷҳои гумрукӣ дар марзҳо коҳиш ёфта, имкон фароҳам хоҳад овард, то ба бозорҳои Тоҷикистон маҳсулот арзонтар ворид шавад.

Аммо бархе аз иқтисоддонҳои тоҷик бо ин ки узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳодияро як амри зарурӣ ва ногузир меҳисобанд, ба ин нукта низ таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон бояд бо шартҳои худ вориди ин созмон шавад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик, мегӯяд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукии кишварҳои ИДМ дар дарозмуддат барои Тоҷикистон муфид хоҳад буд. Зеро бар пояи шароити ин Иттиҳодия кишварҳои пешрафтаи он муваззафанд, ки кишварҳои ақибуфтодаро барои таъмин бо фанновариҳои муосир кӯмак кунанд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 29.10.2011 16:57
e mardumi azizi tojiki man . shumo bidoned ki rassia hij vakt dar fikri obodii tjk nabuda va hargiz nest . magar hamin gesi roghune ki mo mexostem bisozem chi baloho rasia ba sari mo ovard? bastani rohi ohan dar uzbakiston kori kist? mardumi kambaghali mo hamai korhoi kasifi rassiaro anjom medihad tualet kani va tualet ruvi va rahruvivu musur partoi va dar mukobil oyo ba on yo pul bidihand yo nadihand va kori 100 dolariro dar 10 dolar anjom medihand oyo ba nazari shumo boz ham rassia mexohad mo peshraft kunem? oyo mexohad kishvarash be ghulom monad . mardumi russ fakat arak xurdanro medonad .oyo rassia boz ham mexohad tjk obod shavad ? oyo mexohad tojikoni ghulom dar rassia ozod shuda va dar vatan puldor shavad va kishvarashon obod shavad? mardum bedoru hushyorand tavarish putin.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854