00:12:45 03-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ ҚАЗЗОФӢ: ТАҚДИРИ ҲАМАИ ДИКТАТОРҲО ҲАМИН АСТ?

Хабари кушта шудани Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либӣ, аз сӯйи коршиносон ва сиёсатмадорон дар Тоҷикистон вокунишҳои зидду нақизе ба бор овардааст. Ҳарчанд бархеҳо аз усули "аз байн бурдани раҳбари як кишвар" норизоятӣ баён мекунанд, вале бархе дигар мегӯянд, ки сарҳанг Қаззофӣ "худ чунин тақдирро барои худ интихоб кардааст".

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукрот:

/images/stories/2011/10/21_libya_kaddafi_2011.jpg"Тақдири Муъаммар Қаззофӣ маълум буд, яъне бояд барканор мешуд, аммо вай набояд кушта мешуд. Вай бояд дар назди мақомоти додгоҳӣ ҷавоб медод. Ҳам ӯ ва ҳам фарзандаш бояд дар додгоҳ муҳокима мешуданд. Баъид медонам, ки пас аз ин ба танзим даромадани давлатдории Либӣ ва таъсиси низоме, ки дар он як раҳбар тавонад раҳбарӣ кунад, кори осон бошад. Бозгашти авлавияти қонун ба кишваре, ки дар он раҳбари пешин ба ин тарз аз байн бурда шуд, кори осон нест.

Қатли Қаззофӣ нишон медиҳад, ки мардум метавонад ба худ ҳар кореро иҷоза бидиҳад ва масъулияти онро ба гардан нагирад. Ба назарам, дар чунин кишваре авлавияти қонун то чанд муддати дигар аз худ дарак нахоҳад дод. Фарқе надорад, ки ин Қаззофӣ буд, ё як нафари дигар. Аз сари қудрат бо ин роҳ дур кардани як сиёсатмадор нодуруст аст ва қонун дар чунин кишваре наметавонад арзиш дошта бошад."

Маҳмадшариф Низомов, муъовини раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ:

"Дахолати кишварҳои хориҷӣ дар умури дохилии давлатҳои дигар бо усули демукросӣ рост намеояд. Ман зидди он ҳастам, ки мардумро аз берун, аз кишварҳои дигар ба бесаранҷомӣ ва мубориза бар зидди давлат даъват кунанд. Вале давлатҳое, ки худро демукротик меноманд, ба ин кор даст мезананд. Ин, ба назарам, ба қолаби ягон демукросӣ рост намеояд. Агар ин инқилоб экспортӣ (содиротӣ) намешуд, вазъият ранги дигар мегирифт.

Ба назарам, акнун вазъият дар онҷо аз ин бадтар мешавад, ба монанди Афғонистон. Акнун ҷомеъаи байналмилалӣ ягон кор карда наметавонад, агар метавонистанд, дар Афғонистон ё ин ки Ироқ ин корро мекарданд. Ҳоло мардум дар Либӣ ба монанди Афғонистон ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд ва ҷанги шаҳрвандӣ идома пайдо мекунад. Агар вазъияти кишварро аз берун идора карда мешуд, кишварҳои хориҷӣ ин корро дар Афғонистон ва Ироқ мекарданд. Онҷо рӯз ба рӯз ҳолат бад шуда истодааст, ки хуб не."

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари Ҳизби неҳзати исломӣ:

"Албатта, мардуми кишварҳои арабӣ, ки дар он ҷоҳо инқилоб шуд, худ бо давлатҳояшон мухолифат доштанд, аммо ҳеҷ васила барои мубориза бо давлатҳояшонро надоштанд, на низомӣ ва на институтҳои демукротик. Аммо Ғарб, ки дид ин кишварҳо хоҳ-нохоҳ қиём мекунанд, дарро барои ин мардумҳо каме боз кард. Агар Ғарб аз онҳо пуштибонӣ намекард, ҳам Ҳуснӣ Муборак ва ҳам раҳбари Тунис метавонистанд тазоҳуротро саркӯб кунанд.

Аммо агар ба таърих нигоҳ кунем, мебинем, ки мардумони кишварҳои арабӣ зимни инқилобҳо ҳамеша ҳайсияти миллии худро доштанд. Миллатҳо ҳамчун мусалмон мехостанд ҷомеъаҳои мусулмонии худро дошта бошанд. Вале Ғарб ана ҳаминро намехост. Ғарб мехоҳад демукросие, ки худаш мехоҳад, дар инҷо ҷорӣ шавад, на он демукросие, ки ҳар миллат ба тарзи худаш мехоҳад.

Ва назари ман ин аст, ки чунин услуби демукротисозӣ чандон қобили қабул нест ва танҳо шакли дигари зургӯйиро ба Либӣ бармегардонад. Аммо Муъаммар Қаззофӣ худаш худро бо чунин тақдир мувоҷеҳ кард."

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон:

"Ба назари ман, тақдири ҳамаи диктаторҳо ҳамин гуна аст, ки Муъаммар Қаззофӣ бо он рӯбарӯ шуд. Бубинед, ба ӯ шонс доданд, гуфтанд, ки кишварро тарк кунед бо фарзандон ва наберагон. Аммо бубинед, ки ӯ чи қадар қурбонӣ кард, ҳам дар миёни фарзандону наберагонаш ва ҳам дар миёни мардуми бегуноҳ. Ҳатто артишро муқобили халқаш кашид. Яъне ин маънояш чунин аст, ки поёни ҳар диктатор ин аст ва сабақи хубе барои дигарон метавонад бошад. Аммо мушкил аст бовар кунем, ки аз ин ба баъд кишвар ором мешавад ва демукросӣ дар ин ҷо пойдор хоҳад буд.

Барои он ки акнун дар дасти мардум яроқ (аслиҳа) ҳаст. Ин як. Дувум ин ки онҷо гурӯҳҳои мухталиф дар бораи ояндаи кишварашон андешаҳои мухталиф доранд. Фикр мекунам, то муддате онҷо хаос (бесарусомонӣ) мешавад. Шояд НАТО ва кишварҳои дигар, ки дар ин кишвар қувва ва пул сарф кардаанд, нагузоранд, ки як режими дигари сахт ба сари қудрат биёяд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки давлат як режими демукротик пайдо кунад."

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил:

"Он лаҳза, ки аз тариқи телевизиюн хабари кушта шудани Муъаммар Қаззофӣ пахш шуд, ман ростӣ интизор надоштам. Чунин сурат гирифтани тақдири роҳбари як давлатро ростӣ тасаввур карда наметавонистам. Шояд Қаззофӣ дар назди миллаташ гуноҳ дошт, вале муҷозот бояд дар доираи қонун сурат мегирифт, на ин ки бо чунин ваҳшоният.

Назари ман дар бораи оқибати чунин кор ин аст, ки демукросӣ барои баъзе аз кишварҳои соҳибқудрат баҳонае шудааст, то ин ки манофеъи худро аз ин кишварҳо рӯёнанд. Чунин сиёсат боъис шудааст, ки ҷангҳо дар чандин ҷо оғоз шаванд.

Ба ҳар сурат, демукросӣ набояд ба ҳеҷ кишвар ва миллат таҳмил шавад ва тағйирот бояд дар чорчӯбаи қонун сурат бигирад. Манфиъати кишварҳои Ғарб дар Либӣ нафт аст. Шояд дар баробари дарёфти манофеъи худ дар ин кишвар демукросӣ ҳам роиҷ шавад, аммо ман дар ҳоли ҳозир инро баъид медонам."

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 29.10.2011 16:48
inshoalloh hamai diktatorho ba hamin balo giriftor meshavand chun in baloest ki xud baroi xud omoda kardaand. az bas baroi mardum zulm mekunand ki sarnavishti onho okibat hamin xori va zori ast . nuktai mushtaraki hamai diktatorho hamin zulmu zolimi ast . shumo shak nakuned dar oyanda dar osyoi miona ham sarnavishti diktatorho misli kazzofi xohad bud .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854