00:13:43 03-уми Июни 2025 сол

МУКОЛАМАИ ТОҶИКИСТОНУ АВРУПО. АЗ ОЗОДИИ БАЁН ТО ХУШУНАТ

Даври чаҳоруми муколамаи Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо пиромуни вазъи ҳуқуқи башар баргузор шуд. Вазъи озодии матбуот, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи муҳоҷирон, коҳиш додани зӯроварӣ дар хонаводаҳо алайҳи занон ва бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз масоили муҳиме ба шумор меоянд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати ин кишвар ҳалли сареъ ва ҳамаҷонибаи онҳоро мехоҳад. Ба хабарнигорон иҷоза надоданд, ки ҷараёни баҳсро сабт кунанд ва сабаби онро ҳам шарҳ надоданд. Вақте танаффус эълон карда шуд, танҳо дар ҳамин лаҳза фурсате пеш омад, ки бо намоянадгони мизи гирд суҳбат бикунем.

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР БЕҲБУД ЁФТААСТ?

/images/stories/2011/10/25_strasburg_2011.jpgРина Кионка, раиси Дафтари ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муқоиса ба чанд соли пеш вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба сурати умум беҳбуд ёфтааст. Вай афзуд, баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мехоҳем шоҳиди пешрафти воқеии онҳо бошем, махсусан, дар масъалаи озодии баён. Ҳамчунин, хушунати занон аз масоили дигаре ҳаст, ки дар Тоҷикистон алайҳи он чораҳои қонунӣ вуҷуд надорад.

Хонум Кионка афзуд: "Масъалае, ки тайи чанд сол аст, ки бояд заминаи қонунӣ дар Тоҷикистон пайдо кунад, ин зӯроварӣ дар хонавода алайҳи занон мебошад. Баҳси тарҳи қонуни хушунат алайҳи занон дар порлумони ин кишвар идома дорад, ки мехоҳем шоҳиди ҳуқуқи қонунӣ пайдо кардани ин масъала бошем. Масъалаи дигаре ҳам, ки Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон мехоҳад, ин лағви пурраи ҳукми қатл дар Тоҷикистон аст. Баҳсе, ки ҳоло бо намояндагони Тоҷикистон хоҳем кард, рӯи ҳамин мавзӯъ мебошад. Чанд масъалаи дигаре ҳам, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ҳалли мантиқии зина ба зина мехоҳад, ки дар ин роҳ Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Агар масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар кишвар ҳалли худро пайдо накунад, дар масъалаҳои дигар низ пешрафт нахоҳад кард."

ҲУКМИ ҚАТЛ КОМИЛАН ЛАҒВ МЕШАВАД?

Тавре аз суҳбати намояндаи Иттиҳодияи Аврупо рӯшан мешавад, яке аз масъалаҳое, ки ин созмон аз Тоҷикистон ҳалли ниҳоиро интизор аст, лағви ҳукми қатл мебошад. Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин тараф дар иҷрои ҳукми қатл моратория эълон кардааст ва ба ҷои он ҳукми абад содир карда мешавад. Аммо тавре, ки намояндагони мақомоти Додситонии Тоҷикистон мегӯянд, маълум мешавад, ки ин кишвар чандон хостори лағви пурраи ҳукми қатл намебошад.

Як намояндагони аршади Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш оварда шавад, гуфт, Тоҷикистон ҳудуди 44 моддае, ки аз замони Шӯравӣ бозмонда буданд ва ҳукми қатлро иҷоза медоданд, ихтисор кард ва онро ба 16 модда расонд. Ба гуфтаи ӯ, тайи як даҳсолаи ахир онро низ коҳиш дод ва феълан панҷ моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон ба мисли ҳолатҳои куштори инсон, терроризм, одамрабоӣ ва ғайра ҳастанд, ки ба иҷрои ҳукми қатл мусоидат мекунанд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аслан кишварҳои ғарбӣ тақозои лағви ҳукми қатл мекунанд, вале шароити Тоҷикистон аз кишварҳои Ғарб комилан фарқ мекунад. Ба гуфтаи ин мақоми Додситонии кул, лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон куштору террор ва ҷиноятҳои вазнинро афзоиш хоҳад дод.

ТАРҲИ ҚОНУНИ ХУШУНАТ АЛАЙҲИ ЗАНОН

Масъалаи дигари муҳиме, ки ҳуқуқи занонро дар бар мегирад, заминаи ҳуқуқӣ бахшидани хушунат дар хонаводаҳо ва махсусан зӯроварӣ ба занон мебошад. Намояндаи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонова мегӯяд, бо тақозои созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар, бахусус Иттиҳодияи Аврупо, тарҳи қонуни хушунат алайҳи занон таҳия карда шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар порлумони кишвар мавриди муҳокима қарор дорад. "Айни замон тарҳи қонуни зӯроварӣ дар хонавода мавриди муҳокима қарор дорад ва ҳоло Маҷлиси миллӣ ин тарҳро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки назари мақомоти ҳукумат ба эътибор гирифта хоҳад шуд",-афзуд ӯ.

Феълан бо кӯмаки созмонҳои байнулмилалӣ, Кумитаи занони Тоҷикистон чандин марказҳое таъсис додааст, ки тайи даҳ соли гузашта ба 118 нафар зану духтаре, ки мавриди қочоқ ё худ трофик қарор гирифтаанд, кӯмаки равонӣ кардааст. Намояндагони бахши ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, то кунун чаҳор даври муколамаро бо мақомоти зидахли Тоҷикистон баргузор кардаанд ва то замони мушоҳидаи пешрафти чашмгир дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ин гуфтшунидро идома хоҳанд дод.

Мирзонабии Холиқзод, Бароти Юсуфӣ, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 27.10.2011 00:43
na dar urupo va na dar tjk az hukuki bashar xabare nest . bo mardum mushu gurba bozi nakuned lutfan . onhoe ki iddaoi hukuki bashar mekunand xohishan yak bor ba xudashon nigoh kunand ba raftoru konunhoshon nigoh kunand bad sangi sina bizanand. agar hukuki basharro dided salomi maro rasoned
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854