15:05:07 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось

АСАБҲОИ МУҲИДДИН КАБИРӢ «ПОДВОДИТ» КАРДАНД

…Баҳтур ба уқоби болшикаста бо тамасхур нигарист ва гуфт: «нагуфтамат, ки баланд парвоз накун, ки рӯзе ҳадафи тир мешавӣ! Уқоб ба фазои беканор ва рангин назар духта боҳасрат посух дод, ки ту аблаҳ дар хоку лой ва ифлосиҳо 300 сол ҷулида арзи ҳастӣ мекуниву ман дар ин фазои беканор ҳамагӣ 30 сол ҳам бошад, зиндагӣ…» (аз афсонаҳои нависандаи рус Максим Горкий)

/images/stories/2011/11/17_muhiddin-kabiri_raisi-hnit_.jpgСару садоҳо атрофи тайёраҳои боздоштшудаи Руссия дар Қурғонтеппа чӣ гуна шарики стратегӣ будани «дӯст»-и моро собит сохт. Аммо асабҳои на ҳама қишри ҷомеа ба захмаҳои задаи ин қазия бардошт карданд. Зуд ва оҷилан ҷониби Тоҷикистон даст ба гузаштҳои хандаовар зад. Прокуратураи вилоят изҳор дошт, ки халабонҳоро ҳукми зиёд додаанд. Яъне ҷурми рахнаи марзи кишвари мо хеле саҳл будааст? Ҳамакнун маълум аст, ки мурофиаи судиро алайҳи ин ду ҷинояткор аз сари нав дида мебароянд.

Ҳатман як адвокати ҷинси зан ва хеле таннозу дилкаш аз Руссия меояд ва дар мурофиаи судӣ осонакак зафар ёфта халабонҳои нохалафро озод мекунад. Ва аммо ҳақиқат ҳамин аст, ки Тоҷикистон бояд кадом замоне аз хуруҷи пойгоҳи низомии Руссия сухан оғоз кунад? Барои чӣ имрӯз накардем!? Агар на имрӯз, пас кай?

Қабл аз ҳама дар ҳалли ин қазия на торҳои асаби ҳукумати кишвар, балки раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба истилоҳи ғосибон «подводит» кард. Оғои Кабирӣ оҷилан ҷаласа даъват карда, изҳори нигаронӣ аз ронда шудани 200 нафар тоҷик аз Руссия кард. Ана ҳамин чиз барои Руссия сахт лозим буд. Воситаи даҳшатафкании ин мамлакат аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Кабирӣ бо ҳама донишу малакае, ки дорад дарк накарда наметавонист, ки Руссия ҳеҷ гоҳ қудрати рондани муҳоҷирони меҳнатӣ ё соддатар карда гӯем ғуломони миллионерҳои корфармои худро надорад. Ман сарамро ба гарав мемонам!

Он чанд нафаре иборат аз 200 то 300 нафареро, ки депортатсия карданӣ шуданд, ё ҳатто карданд, аз кӯчаҳо ҷамъ карда буданд, ки бе ҳуҷҷат ва сарсону саргардон мегаштанд ва шояд ҳукумати Руссия барвақт ба мақомоти зиддахл фармон дода будааст, ки онҳоро аз Руссия берун кунанд. Аммо шумо ҷанобон, барои ба зонӯ шинонидани Тоҷикистони азиз дар назди Руссия кумак кардед. Хуб аст, ки худ инро намехостед. Ягон корфармо ғуломони зердасти худро аз даст доданӣ нест. Агар лозим шавад корфармоёни ҳамёнғафс аз гиребони Путин ва Медведев мегиранд.

Дар мавриди халабонҳо мавқеи банда ҳамон як аст- бояд ҳангоми убури марз зада кафонда мешуданд, ки аз гарду ғубори бархостаи героини дар дохили тайёраҳо буда, масъулини сафораташон махмур мешуданд. Тайёраҳои мамолики заифтарро боздошт кардан лозим, аммо аз Руссия ва Амрикоро ҳангоми убури марз зада кафондан лозим, то баъд ба ивази обирӯйи кишвари ман онҳоро озод накунанд.

Аҷиб аст, ки барои кадом як штати Верҷиния чӣ лозим аст чанд халабони майзадаи рус ё эстонӣ бо тайёраҳои шикастаю пусидаашон? Магар ҳукумати он мамолик наметарсиданд, ки рӯзе ин тайёраҳо ба сари мардумашон чаппа мешаванд. Магар халабонони собиқадор таносуби муддати парвоз ва харҷи сӯзишвориашонро дақиқан ҳисоб карда наметавонанд? Модоме, ки барои бечорагону дармондагони Афғонистон доруворӣ ё хӯрокворӣ мебаранд магар онҳо наметавонанд барои тайёраҳои наҷотбахш сӯзишворӣ таъмин кунанд? Барои чӣ Руссия аз моҳи март то ба замони маҳкум шудани халабонҳо хомӯш буд?

Тӯҳматҳои Руссия дар мавриди боздошт шудани писари Амонулло Ҳукумов дар Руссия ҳангоми кашонидани героин ва талаби иваз кардани ӯ бо халабонҳо чӣ маънӣ доранд? Дар ҳоле, ки танҳо мисли тӯҳматчиён аблаҳ метавонад бовар кунад, ки писари Ҳукумов бо сумкаи пур аз героин дар кӯчаҳои Маскав пайдо шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Ҳукумов соли гузашта барои мардуми селзадаи Кӯлобшаҳр бе фурӯши героин 21 хонаи истиқоматӣ сохта дод ва гумон дорам барои худ роҳхат ба ҷаннат гирифт.

 Гумон дорам саволҳои дар инҷо гузоштаи банда ҷавоб намехоҳанд. Қазияи халабонҳо бошад исботгари ҳамон ҳақиқатест, ки ба Руссия оғӯш кушодан аблаҳист. Аз ин мамлакати муғриз эҳтиёт шудан лозим. Аз ин ба баъд батадриҷ муносибатҳоро аз ӯ кандан лозим. Қабл аз ҳама роҳҳои аз қаламрави кишвар берун кардани пойгоҳи низомии русро ҷустан лозим. Дар ин сурат мо бурд мекунем.

Аҳмади Мӯсавӣ,  Кӯлоб, барои «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 17.11.2011 21:57
ин халабонхоро лётчикх-оро аристанторо ! зангула ва занчир зада аз перевали шар шар ё анзоб чар кардан лозим ки то ки ранги тарбуз пора пора шаванд. ! ва ин хавопаймохоро типер Мы Таджики будем кататса на них ! Окей понятно Русские не братя ! Шарики Стратеги Ва Бародарони Мо Эронихо хастанд Ва Кулли Давлатхои Исломи хастанд !
 
 
0 #1 Guest 17.11.2011 11:25
Ахмад мусави меуяд саволхои ман чавоб намехохад яъне ба ман чавоб нанависед ки яке ошкор нашавад нодурустиям))
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi