13:06:36 02-уми Майи 2026 сол

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ ДОДСИТОНӢ ВА ГОРДИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз дидор бо бархе аз мақомҳои додситонӣ ва горди миллӣ ба тағйироти кадрӣ  дар ин ду сохтори давлатӣ иқдом кардааст. Ба гуфтаи манобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла додситони вилояти Суғд аз симати худ барканор ва Шариф Қурбонов ҷойгузини ӯ шудааст.

Эмомали РахмонДодситони ҳамлу нақли Тоҷикистон низ аз симати худ барканор ва Ҳотам Назаров ба ин симат мансуб шудааст. Дороб Асоев ба муъовинати додситони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шудааст. Ҳамчунин, додситонҳои навоҳии Шуғнон, Мастчоҳ, Файзобод ва додситони низомии Хоруғ аз симатҳои худ барканор ва афроди дигар ҷойгузини онҳо шудаанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба додситони шаҳри Душанбе барои "бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла ғасби ғайриқонунии қитъаҳои замин, муборизаи нокофӣ бо маводди мухаддир, ҷинояткорӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва фурўши асноди қалбакии таҳсилоти миёнаи умумӣ" шаш моҳ мӯҳлат додааст.

Бо фармони дигари оқои Раҳмон, Ҳабибулло Сафаров муъовини аввали сардори сарситоди Горди миллӣ таъйин шудааст. Ҳафт нафари дигар ҳам ба симатҳои раҳбарӣ дар чанде аз шӯъбаҳо ва воҳидҳои низомии Горди миллӣ мансуб шудаанд.

Сомонаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи онҳо менависад: "Мавриди зикр аст, ки ҳамаи онҳо хатмкардагони мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои гуногуни мутараққӣ буда, дорои сатҳи баланди касбӣ ва кордонӣ мебошанд."

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 22.01.2012 11:12
megum hami hazrat khela bekoray
dar davri sevum ehtimolan navbati joyivakunii raisoni jamoatho va brigadirho merasad !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ