21:02:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ИҚДОМИ НЕК БУД

Халқҳои тоҷику ӯзбек аз қадим дорои як дину як оин буда, то пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ дар хоки якдигар зиндагӣ мекарданд. Азбаски тӯли солҳо ин ду миллат то ҳадде бо ҳам наздик шуда буданд, ки ҳам аз лиҳози хешутаборӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангу тамаддун байни якдигар тафовуте надоштанд, баъди давлатҳои мустақил эълон шудани Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дар масъалаи муайянсозии хатти марзи байни онҳо, баъзе мушкилоти объективӣ ва субъективӣ ба миён омаданд.

flag-tajikistan-uzbekistanҚабл аз ҳама мушкили асосӣ – ин ба ду қисмат тақсим шудани хешовандоне, ки аз миллатҳои тоҷик ва ӯзбек иборат буданд, ба шумор мерафт. Солҳои аввал масъалаҳои дар ду ҷониб зиндагӣ кардани пайвандон чандон назаррас набуд, вале баъди ҷорӣ намудани як қатор муқаррароти умумӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, он сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки бо ҳам вобастагии қавмӣ доштанд, нигарон сохт.

Чӣ қадар ҳолатҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки фарзандон дар як ҷониб монданду волидайн дар сӯйи дигар. Бо вуҷуди ин ҳам бо риояи қонуниятҳои ҷорӣ шаҳрвандони ин ду ҳамсоякишвар байни ҳамдигар рафтуомадро қатъ накардаанд.

Охирин маротиба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи марзӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда буд. Ҳанӯз охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ масъалаи аз нав дида баромадани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муайян ва аломатгузорӣ кардани сарҳадоти Тоҷикистону Ӯзбекситон ба миён гузошта шуд. Аз 20 то 22 моҳи феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур баргузор гардид.

Бо ин мақсад муовини якуми сарвазир ва вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Рустам Азимов ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, баъди мулоқот бо котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров,   ба ҳузури Президенти кишвар пазируфта шуд. Тавре ки дар боло зикр гардид, масоили сарҳадӣ ба баъзе мушкилиҳои баҳсталаб низ рӯ ба рӯ шудааст, ки баррасии онҳо маҳз дар мулоқот бо Раиси Ҷумҳур ба миён гузошта шуданд.

Яке аз қитъаҳои баҳсталаби марзӣ обанбори Фарҳоди воқеъ дар вилояти Суғдбуда мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ асту ба сокинони Ӯзбекистон хизмат мерасонад. Оид ба ҳар масъалае, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи ду ҷониб, пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки 84% муайянкунии хатҳои марзии байни ин ду кишвар аллакай роҳи ҳалли худро ёфта, байни ҳам мувофиқа шуда, бо қарордодҳои  оид ба сарҳади давлатӣ ҳанӯз аз соли 2002 аз ҷониби парламентҳои ҳар ду ҷониб ба тасвиб расонида шудаанд. Гарчанде дар ин боздидҳо  ҳама қитъаҳои баҳсталаби марзи байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи ҳалли худро наёфта бошанд ҳам, аз ду ҷониб изҳори боварӣ карда шуд, ки тамоми масоили баҳсноки мавҷуда бо риояи муносибатҳои дӯстона ва дар асоси ҳусни ҳамсоягӣ анҷом дода хоҳад шуд. Гуфтушуниди навбатӣ дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд, вале оид ба вақти гузаронидани он чизе гуфта нашудааст.

Дар бораи мулоқоти намояндагони ду ҷониб назари коршиносон ва расонаҳои хабарӣ гуногун аст. Аксарияти онҳо боздиди ду ҷонибро бенатиҷа арзёбӣ кардаанд. Вале ба назари банда баррасии масъалаи мазкур иқдомест неку бузург.

Дер ё зуд тамоми масоили баҳснок на танҳо дар риштаҳои марзӣ, балки дар тамоми соҳаҳо ба таври мусбӣ анҷом хоҳанд ёфт,  бидуни ҳал гузоштани онҳо ба ҳарду ҷониб манфиате нахоҳад дод. Зеро дар ин миён мушкили дигаре низ вуҷуд дорад, ки боиси нигаронии сокинони ҳар ду кишвар мебошад. Ин мингузорӣ шудани баъзе нуқоти хатҳои сарҳадӣ буда, аз миён бардоштани масъалаҳои баҳснок боиси бартараф сохтани ин мушкилӣ низ хоҳад буд.  Муҳим он аст, ки 80 фӣ сади масоили баҳснок аллакай роҳи ҳалли худро ёфтааст.

Ташрифи расмии бародарони ӯзбек ба шаҳри Душанбе  баъди муносибатҳои сарди чандинсолаи ин ду кишвари ҳамҷавор, дар дили мо тухми умед ба ояндаро корид. Ёдовар мешавем, ки марзи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон зиёда аз 1100 километрро дар бар гирифта,   манотиқи марзии баҳсӣ умдатан дар қисмати шимоли Тоҷикистон  воқеъ аст.

Шокирҷон Рустамов



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 29.02.2012 11:45
Салом Бахтиёр. Манам ба чунин хулоса омадам, ки аз нахондани ту ба маводхои ин сомона ва дохил шудан ба сайти Рузгор, бехтар мебуд, ки дар дигар сайто чунин бесаводиатро нишон надихиву худро бо савод нагири...Хайфи ту чавони ё пиронсоли нодон...
 
 
-1 #1 Guest 29.02.2012 00:00
аввалан, ки ташриф не, балки омадани хайати узбак бояд менавиштед. дигар ин ки бовар кунед, хеч гуна икдоми узбак хуб буда наметавонад. Узбак хеч гох хуби намекунад. хайфи сахифаи интернет, ки ба хамин маводи фач пур карда шудааст. Иншолох ман дигар ин торнаморо боз намекунамю.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi