12:39:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – БАРНОМАИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ

Имрӯз Паёмро гӯш кардам. Паёми Президенти ҷумҳуриро ба Маҷлиси Олӣ. Дигарон ҳам шуниданд. Ва ҳар касе бино бар фаҳмишу дарки хеш аз нуктаҳои Паём хулосабардорӣ хоҳад кард. Ба андешаи банда, Паёми имсола аз паёмҳои солҳои қабл ба куллӣ фарқ мекунад. Ин фарқият аввалан дар он ифода меёбад, ки комилан бо вазъи имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мувофиқат мекунад.

/images/stories/2012/04/22_janobi-oli_22412.jpgСарвари давлат бо таври кушода дар бораи фишори давлатҳои манфиатдори ҳамсоя ва минтақа, ки бо роҳҳои гуногун ва дар лаҳзаҳои ҳассос ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тавассути он ба кайфияти иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ зарба мезананд, ишорае накард. Вале аз худи мӯҳтавои Паём бармеояд, ки он нақшае мукаммалест баҳри хунсо намудани ин зарба ва дар ҳолати мӯътадил нигаҳ доштани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии сокинони ҷумҳурӣ.

Паёмро метавон барномаи муайянкунандаи рушду пешрафти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Зеро таваҷҷӯҳи асосӣ дар он ба рушду тавсеаи соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ дар кишвар равона гардид. Дар ҳақиқат тасмимоти пешгирифта дар самти аз миён бардоштани қисмате аз андозҳои мухталифу бешумор, озод намудани ширкатҳои воридкунандаи молу маводҳои фурӯши чакана ва технологияи нави ҳозиразамон аз андозу боҷи гумрукӣ, саривақтӣ ва мувофиқ бо талаботи иқтисодиёти бозаргонӣ мебошанд ва ҳатман ба нафъи пешрафт дар ин самт хизмат хоҳанд кард.

Масъалаи дигари муҳиме, ки аз ҷониби Президент талаб гардид, ин худдории идораҳои салоҳиятдору бесалоҳият аз санҷишҳои беасос, такрор ба такрори субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Тӯли солҳои охир маҳз ҳамин санҷишҳо, ки мақсади ниҳоияшон ситонидани ришва буд, аксарияти сармоягузорон ва соҳибкорони муваффақи ҷумҳуриро маҷбур ба қатъи фаъолият намуда буданд, ё онҳоро муфлис гардониданд.

Ҳамакнун, соҳибони корхонаҳои шахсии тавлидотӣ имконият доранд, ки дигар ба ҷустуҷӯи пушту паноҳ («крыша») дар сохторҳои давлатӣ нагашта, нусхаеро аз Паёми мазкур ҳамеша бо худ гардонидаю ҷасурона дари корхонаашонро ба рӯйи «санҷиш»-гарони беасос пӯшида нигаҳ доранд, фаъолияти хешро вусъат бахшанд ва ҳам вазъи маишии худу кормандонашонро беҳтар кунанду ҳам дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми сазовор гузоранд. Посухи онҳо ба ин ғамхорӣ, чуноне, ки Сарвари давлат таъкид кард, танҳо меҳнати ҳалол ва поквиҷдонона супоридани андозҳои давлатӣ мебошад.

Дастури дигари аҳамиятноке, ки дар Паёми Эмомалӣ Раҳмон садо дод, омода намудани заминаҳо барои гузаштан ба Ҳукумати электронӣ мебошад. Чунин навъи фаъолияти Ҳукумат агар аз як ҷониб суръати иҷрои масоили идорӣ ва давлатдориро тезонад, аз ҷониби дигар шароити рисавситонӣ ва дигар омилҳои фасодкориро хеле коста месозад.

Дар доираи барномаи иҷтимоӣ баланд бардоштани музди меҳнати табақаҳои мухталифи ҷомеа ва нафақапулӣ ба андозаи таъкидшуда дар шароити кунунӣ, ки душманони дохилию хориҷӣ аз бӯҳрони шадиди кишвар воҳима мекунанд, посухи сазоворе ба ин ҳангоматалабон аст ва ҳамзамон боварию эътиқоди мардуми заҳматкашро нисбати фаъолияти давлату ҳукумат мустаҳкам месозад.

Дар Паём нақшаҳои мушаххасу муайян дар бораи дигар самтҳои ҳаёти дохилии ҷумҳурӣ, хати сиёсати хориҷии кишвар, муносибатҳо бо шарикони стратегӣ ва дар доираи ҳамкориҳои ҳасана ва судманд бо онҳо иҷрои лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ нишон дода шуданд. Вале шахсан барои банда, аз ҳама муҳим шунидани барномаи иқтисодӣ-иҷтимоии мушаххас тарҳрезишуда буд, ки аз забони Президенти ҷумҳуриамон садо дод.

Танҳо иҷрои муваффақонаи ин барнома, аз ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистони азизамон вобаста аст ва танҳо худамон метавонем қадам ба қадам иҷроиши онро таъмин намуда, зиндагии шоистаю хушбахтонаро барои хеш ва тамоми ҳамватанонамон муҳайё созем. Дигарон ҳаргиз барои мо чунин зиндагиро нахоҳанд овард, зеро онҳо низ, дар куҷое набошанд, пайи пиёда намудани манфиатҳои худи мегарданд.

Сиёвуши Ёдгор



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 23.04.2012 10:21
ofarin
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi