03:40:07 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 2

 

Абдуллоҳ Ҳаким Раҳнамо - номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат

2.Зарурати гузаштан аз тафаккури «сиёҳусафед»

Мушкилаи мушобеҳи дигаре, ки муҳити илмию фикрии мо гоҳо бо он рӯ ба рӯст, то ҳадде «сиёҳусафед» боқӣ мондани дидгоҳи фикрӣ ва нигоҳи сиёсии бахше аз мост. Моҳияти аслии ин навъи нигоҳ, яъне тафаккури «сиёҳусафед», дар он аст, ки ҳангоми муносибат бо як фикр, як таҳлил ё як навиштаи фикрӣ, чӣ илмӣ ва чӣ сиёсӣ, пеш аз ҳама савол гузошта мешавад, ки муаллиф аз падидаи мавриди таҳлили худ «ҷонибдорӣ кардааст» ё бо он «зидд баромадааст», онро «таъриф» кардааст ё онро «танқид» кардааст? Яъне, тибқи ин назар, андешаи илмӣ ва тафаккури сиёсӣ аз ин ду ҳолат хориҷ намебошад, ё «сиёҳ» аст ва ё «сафед».

/images/stories/2012/04/26_hakimov-rahnamo_26412.jpgМасалан, солҳои охир банда дар бораи Ҳизби наҳзати исломӣ ва роҳбарони пешину навини он чанд мақола навишта, воқеияти онҳоро ба андозаи фаҳмиши худ ба таҳлил кашидам, ки хонандагон бо аксари он навиштаҳо ошноянд. (Дар ин ҷо ва дар ҷойҳои дигар барои нишон додани баъзе воқеиятҳои муҳити фикрии мо аз таҷрибаи шахсии муаллиф мисолҳои мушаххас оварда мешавад, ки сабаби истифодаи чунин равиш дар охири ҳамин боб шарҳ дода шудааст.)

Вале бештари касоне, ки ин корҳоро мутолиа карданд, ба таври ошкоро савол мегузоштанд, ки шумо ин маводро «бар зидди» онҳо навиштед ё «ба тарафдории» онҳо, Шумо онҳоро «танқид» кардед ё «таъриф»? Чун зеҳнҳо маҳз ба ҳамин ду ҳолат одат кардаанд, бисёре аз хонандагон маҳз дар пайи ҷавоби қатъӣ ба ҳамин «саволи асосӣ»-и худ буданд ва агар дар навиштаҳои банда онро намеёфтанд, аз он қонеъ нашуда, гӯё аз хондани чунин мавод «лаззат намебурданд».

Яке аз олимони шинохтаи кишвар, ки аз эҳтиром номашонро намеорам, чун дар ин навиштаҳо посухи мутлақи «сиёҳ» ё «сафед»-ро пайдо накард, дар ҳузури ҳамагон чунин эълон намуд, ки шояд дар ин навиштаҳо навъе «ҷонибдории пӯшида» аз як тараф ва «танқиди пӯшида» аз тарафи дигар ба амал омада бошад. Ҳатто яке аз мақомдорони баландпоя, ки низ аз эҳтиром номашро намеорам, аз банда ошкоро талаб намуд, то қасам бихӯрам, ки дар ин навиштаҳо ман тарафдори онҳо ҳастам ё зидди онҳо, «ҳукумат»-ро дастгирӣ кардаам ё «наҳзат»-ро? Дар айни замон, даҳҳо нафар аз пайравону тарафдорони ҲНИТ ба хотири дар ин осор аз онҳо пурра ҷонибдорӣ накардани муаллиф ва онҳоро, чунон ки дар матнҳои ҳизбӣ маъмӯл аст, «бе чуну чаро» таърифу дастгирӣ накардани муаллиф, аз ин навиштаҳо эродгириву нороҳатӣ карданд ва мекунанд.

Бояд гуфт, ки чунин сиёҳусафедӣ на танҳо дар муҳитҳои фикрии сиёсӣ, балки ҳатто дар муҳитҳои илмию фарҳангӣ низ ба таври васеъ мушоҳида мешавад. Дар чунин муҳит амалҳое чун тавсиф кардан, муаррифӣ кардан, таҳлил кардан, нақд кардан, баррасӣ кардан, пешниҳод кардан ва ғ. чандон маъмул нест ва барои таҳлилу баррасии илмию бетарафона ҷойи каме боқӣ мемонад. Ин ҳолат яке аз муҳимтарин мушкилоти сиёсатшинос будан ё таҳлилгари сиёсӣ шудан дар ҷомеаи мост, зеро муҳити фикрию сиёсии сиёҳусафед аксаран аз шумо мехоҳад, ки ё «сиёҳ» бош ва ё «сафед», бо мо набошӣ, пас аз мо нестӣ, бо мо набошӣ, пас зидди мойӣ. Дар чунин муҳит аксаран, варианти сеюме чандон қобили фаҳм нест...

Албатта, табиист, ки ҳар инсони соҳибназар мавқеъ ва арзишҳои худро дорад ва ба чизе тарафдор ва ба чизе мухолиф аст, вале ҳатмӣ нест, ки он мавқеъ ё «сиёҳ» ва ё «сафед» бошад, балки он метавонад мавқеи комилан дигар бошад. Гоҳи дигар, мавқеи касе метавонад айни мавқеи мо набошад ва ё дар муқобили мавқеи мо набошад, вале ғайри мавқеи мо бошад ва дар канори мавқеи мо бошад ё дар баробари мавқеи мо вуҷуд дошта бошад. Чуноне, ки ҷаҳон ҷаҳони рангин аст ва илова бар сиёҳу сафед рангҳою вариантҳои сеюму чоруму даҳуме низ метавонанд бошанд. Ҷомеа низ чунин аст…

Вале тафаккури сиёҳусафед гоҳо имкон намедиҳад, ки муҳити гуногунфикрӣ шакл гирад ва озодии андеша амалӣ гардад ва рушди фикрии ҷомеа ҳосил шавад. Пас раҳоӣ аз ҷаҳонбинии сиёҳусафед бисёр зарур аст, то муҳити фикрӣ солим шавад ва вазъияти умумӣ табиӣ гардад.

3.Пардаҳои пешфарз (стериотипҳо)

Нақши ҷиддии пешфарзҳо низ аз ҷумлаи воқеиятҳо ва осебҳои дигари муҳити фикриву сиёсии ҷомеаи мо мебошад. Пешфарз ба маънои маҷмӯаи маълумот ва тасаввуротест, ки инсон пеш аз хондани маводе ё ошноӣ бо андешае дар бораи муаллифи он мавод дар ихтиёр дорад. Аз ин рӯ, дар вақти муайян намудани муносибат бо он мавод ё андеша, маълумоти пешакии фард дар бораи муаллиф таъсири ҷиддии худро мегузорад.

Ба таври мисол, агар мақолаеро аз муаллифе хонем ва қаблан донем, ки ӯ дар Русия ё Ирон ва ё Амрико таҳсил кардааст ва ё дар гузаштаи дуре дар сафи Фронти халқӣ ё дар сафи мухолифини ҳукумат будааст ва ғ., дигар ба мазмуни он мақола камтар таваҷҷӯҳ карда, новобаста аз он, ки имрӯз муаллиф дар чӣ вазъ ва дар чӣ сатҳ ва дар чӣ мавқеъ қарор дорад, бо ибораҳои «ин дар Русия хондааст», «ин дар Покистон хондагӣ буд», «ин собиқ оппозитсия буд», «ин одами ҳукумат аст» ва ғайра ба мазмуну моҳияти он бетаваҷҷӯҳӣ менамоем ва ё ба он матлаб бо диди шакк менигарем, ки мабодо мақсади пинҳоне дошта бошад. Ҳамин тавр, маълумоти пешакӣ ё пешфарзи мо дар бораи муаллиф монеаи шинохти ҳақиқат ва воқеият мешавад.

Албатта, ин хусусияти ҳамагонӣ нест ва хушбахтона, дар ҷомеаи мо шахсиятҳои огоҳу баландназару васеъбин низ кам нестанд, вале боз ҳам, пешфарз як падидаи бисёр паҳншудаи муҳити фикриву сиёсии мост, ки бояд аз он низ ҳарчӣ зудтар раҳо шавем. Зеро ин парда намегузорад, ки ҳақиқатҳоро бишносем, зарфиятҳоро истифода намоем, воқеиятҳоро дарк кунем. Ин парда иҷозат намедиҳад, ки ҳамаи зарфияти миллиро бо ҳам ҷамъ оварем ва ба як самт равона созем.

Дар ин мавзӯъ низ мисолҳо бешуморанд, вале чун мисолу намунаҳо ба афроду нирӯҳои мушаххаси ҷомеа дахл доранд, зикри онҳо пардаҳоро боз ҳам тиратар ва фосилаҳоро боз ҳам бештар мекунад. Аз ин рӯ, дар раванди давлатсозию миллатсозӣ муҳимм ин аст, ки худи мушкилаҳо дарк шаванд ва худи пардаҳо тарк шавад. Ва мақсади ин навиштаву ин навиштан низ маҳз дар ҳамин аст.

4.Магар ҳамагон «бо супориши доираҳои махсус» менависанд?

Масъалаи дигаре, ки муҳити фикрию илмию сиёсии мо ҳанӯз бо он рӯ ба рӯ мемонад, гумонҳо дар бораи вобастагии ҳамдигар ба доираҳои сиёсӣ, қудратӣ ва манфиатии гуногун ва тасаввур накардани истеъдод ва истиқлоли фикрӣ дар мавриди ҳамдигар аст. Чун моҳияти ин масъала солҳо пештар дар мақолаи «Тафаккури истеъморзада» ба таври муфассал баён шуда буд, ин ҷо порае аз онро ёдрас менамоем:

/images/stories/2012/04/26_rahnamo-26412.jpg«Ин падида, хусусан, дар муҳитҳои илмӣ, фикрӣ ва сиёсии мо бисёр роиҷ буда, мутаассифона, аксаран, рафтор, андеша ва фаъолияти ҳамдигарро аз ҳамин дидгоҳ баҳо медиҳем. Яъне, агар касе аз мо фикре, андешае, назаре ё назарияе ироа намояд, мо аксаран гумон мекунем, ки ин фикр ё ин тарҳ бо супорише, бо фармоише ё дар ивази пардохте баён шудааст ва соҳиби ин фикр омилу вобастаи ин ё он доира, марказ, давлат ё созмоне мебошад.

Ҳамарӯза ошкору ниҳон мешунавем, ки фалонӣ одами Русия аст, онаш одами Амрикост, инаш вобастаи Ғарб аст, онаш одами Ирон аст ва ё одами КГБ-ю ФСБ-ю СРУ-ю дигару дигар аст. Дар давраи мустамликадории кишварҳои бузург, ҳамин эҷоди шакки умумӣ нисбати ҳамдигар яке аз сиёсатҳои хосси истеъморгарон нисбати ҷомеаҳои зердасташон будааст ва имрӯз худи онҳо санадҳои таърихии зиёдеро дар ин маврид ба нашр расонидаанд…»

Ҳамин тавр, инсони истеъморзада ба ҳар дастовард, ҳар ҳаракат ва ҳар нигоҳи нав бо диди шакку гумон менигарад ва мо низ инро гоҳо дар ҷомеаи худ ба осонӣ мушоҳида мекунем… Барои он ки ин гуфтаҳо сурати зеҳниву номушаххас нагирад, банда бо як мисоли воқеӣ аз таҷрибаи худ онро ҷамъбаст мекунам. Мисол ин аст:

Чун банда солҳо бо равандҳои сиёсии кишвар аз наздик шинос будам ва онҳоро меомӯхтам, аз ҷумла, хулосаи таҷрибии худи банда ин буд, ки тақсимбандии маъмӯли «динӣ-дунявӣ», ки мо дар тамоми масъалаҳо онро асоси тафаккури худ қарор додаем, яке аз заминаҳои асосии тафриқа ва низои мураккаби бисёрсатҳӣ дар ҷомеаи мо мебошад. Дар ин замина мо бо чандин хатти низоъ рӯ ба рӯ ҳастем: тақсимбандиҳои «зиёӣ-рӯҳонӣ», «илмҳои динӣ-илмҳои дунявӣ», «давлати динӣ-давлати дунявӣ», «маорифи динӣ-маорифи дунявӣ», «ҳизби динӣ-ҳизби дунявӣ» ва ғайра.

Ин тақсимбандӣ хусусан, дар сатҳи амалии сиёсӣ моҳияти ҷиддӣ пайдо намуда, заминаи доимии низои сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, банда бо мушоҳидаи тӯлонии ин воқеият, худам ба хулосаи таҳқиқӣ ва таҷрибӣ расидам, ки яке аз роҳҳои таъмини ваҳдати арзишию унсурӣ ва яке аз роҳҳои таҳкими суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон гузаштан аз ин тақсими ваҳдатшикан ва расидан ба нигоҳи солим ба воқеиятҳои ҷомеа мебошад.

Хулоса, банда ин андешаҳои худро дар шакли китобе бо номи «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» (Душанбе, 2008) ба чоп додам. Китоб аз сӯи мутахассисони асили кишвар ва минтақа истиқболи васеъ ёфт. Вале пас аз чопи он банда дар ҳолати аҷибе қарор гирифтам, ки чандин хатти тақсим маро ба чандин навъи гумон нисбат медоданд:

1.Баъзе аз бародарони баландпояи наҳзати исломӣ, чӣ дар ҳузури муаллиф ва чӣ дар ғайби он, ошкоро ишора карданд, ки чун дар ин китоб нақдҳое нисбати ҲНИТ ҷой доранд, он ҳатман бо мақсади заиф сохтани ин ҳизб бо фармоиши ҳукумат навишта шудааст…

2.Дар айни замон, баъзе аз дӯстон ва устодони банда дар мақомоти расмӣ таъкид доштанд, ки ин китоб шояд бо фармоиши Ҳизби наҳзати исломӣ ба миён омадааст ва ҳатто ошкоро мепурсиданд, ки «наҳзатиҳо барои чунин китоби арзишманд чанд сум доданд?»

3.Дар айни замон, баъзе аз дӯстон дар як ҷаласаи муҳокимаи китоб (07.01.2009) эрод гирифтанд, ки дар он шахсияту хидматҳои мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба таври бояду шояд инъикос наёфтааст ва ин амал ҳатман фармоиши касест.

4.Дар айни замон, баъзе аз бародарони наҳзатӣ эрод гирифтанд, ки чун дар китоб хидматҳо ва ҷойгоҳи роҳбарони ҲНИТ ба таври бояд баён нашудааст, шояд ин кор ҳатман бо мақсади заифсозии ҷойгоҳи онҳо ва ё шояд, бо фармоиши роҳбарони дигари собиқ ИНОТ, аз ҷумла Ҳ.А.Тураҷонзода анҷом шуда бошад.

5.Дар айни замон, ҳангоми муҳокимаи китоб дар ҲНИТ, баъзе аз масъулони он ошкоро эълон доштанд, ки чун дар ин китоб ҳаҷми васеи маълумот ва таҳлилҳо дар бораи муҳити динии кишвар омадааст, он ҳатман бо фармоиши доираҳои махсуси хориҷӣ навишта шудааст.

6.Дар айни замон, ҳатто дар як ҷаласаи маркази «Диалог» (октябри 2008) яке аз мушовирони калон, ки аз эҳтиром номашонро намеорам, изҳор доштанд: «Абдуллоҷон, мо медонем, ки фикрҳои Шумо аз куҷоянд ва пушти ин фикрҳо чӣ доираҳое қарор доранд…» Ва кош мегуфтанд, ки ман ҳам медонистам.

7.Дар айни замон, ду нафар аз академикҳои шинохта, ки аз эҳтиром номашонро намеорам, изҳори нороҳатӣ намуданд, ки дар ин китоб «номи муллоҳоро ба водии илм (научный оборот) ворид намудӣ», ки ин барои як олим кори хуб нест…

Ва ҳамин тавр, 8, 9, 10…  ва ё ба қавли Мавлоно:

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,

Аз даруни ман наҷуст асрори ман.

Банда, ки ин китобро бо ҳадафи созанда, бо камоли эҳтиром нисбати ҳамагон ва сад дар сад бо фикру қарори виҷдонии худ ва бо мақсади саҳмгузории воқеӣ дар раҳоии ҷомеа аз як бӯҳрон ва саҳмгирии воқеӣ дар таҳкими суботу амнияти миллӣ навишта будам, аз ин нигоҳҳо бисёр мутаҳаййиру мутаассир будам… Ва гоҳо дар танҳоӣ нишаста, ин китоби «фармоишӣ»-ро пеши рӯ гузошта, ба худ мегуфтам: ин аст ҷазои ҷомеаи истеъморзада барои касе, ки бихоҳад назарияи нав диҳад, фикри тоза биёрад, мустақил биандешад ё мавқеи миллӣ бигирад…»(Дар ин маврид ба таври муфассал ниг.: Мақолаи «Тафаккури истеъморзада», нашрияи «Миллат», 2008)

5. Аҷоибтар ё дурусттар: кадом беҳтар аст?

Хоссияти дигари муҳити фикриву сиёсии мо одат шудани сахтгӯӣ, сахткӯбӣ ва ҳамдигарро бераҳмона «боб» кардани рақибони фикриву сиёсист. То ҳадде, ки на танҳо шахсиятҳову ҷонибҳои сиёсӣ, балки рақибони илмию фикрӣ низ гоҳо аз кӯфтану саркӯбии ҳамдигар «лаззат мебаранд». Гоҳо набардҳои беамоне, ки дар муҳитҳои илмию академикӣ миёни олимон ва ё дар муҳитҳои динӣ миёни рӯҳониёни мо сурат мегирад, аз ҳеҷ «ҷанги сард» камӣ надорад.

Дар чунин муҳит фикри орому созанда гоҳо «суст» ва «беҳарорат» менамояд ва аз ин ҷиҳат мавриди эрод қарор мегирад. Ба таври мисол, соли 2009 дар яке аз маҳфилҳои маркази «Диалог» донишманди тоҷик Рустами Ваҳҳоб суханроние дошт, ки аз назари тарзи баён бисёр ботамкин ва аз назари мазмун бисёр созанда буд. Яъне, устод дар он суханронӣ касеро ба ҷастану кӯбидану сӯхтану хароб кардан даъват накард.

Чун ин сӯҳбат муҳокима шуд, бахше аз ҳозирон «бисёр нарм» будан ва «кӯбанда набудан»-и суханони ӯро эроди асосии он донистанд ва ҳатто яке аз дӯстони сиёстшинос, ки аз эҳтиром номашонро намеорам, дар ҳошияи сӯҳбат шикоят дошт, ки суханронии ӯ «чун суханони мӯйсафеди ҳаштодсола» буданд... Як нашрияи мустақил бошад, моҳи гузашта аз чопи як мақолаи банда худдорӣ намуда, сабабашро чунин шарҳ дод, ки он бисёр нарм ва муҳофизакорона навишта шудааст ва дар он танқиди шадид нест ва хонандаро ҷалб намекунад…

Бале, ин эродҳо баҷост. Вале, ин савол низ баҷост, ки чаро мо бояд нисбати ҳамдигар ҳатман сахт ва кӯбанда сухан гӯем ва чаро талош кунем, ки бо ин сухан касеро ё ҷониберо шадидан бикӯбем ё «боб» кунем? Зеро, аҳаммияти сухан дар ҳарчӣ сахттар, кӯбандатар ва аҷоибтар будани он нест, балки дар дурусттар ва ислоҳкунанда будани он аст. Яъне, мақсад кӯфтан нест, мақсад ислоҳ аст, мақсад «боб кардан» нест, мақсад сӯхтан нест, мақсад сохтан аст.

Мо набояд чун як расонаи хориҷӣ аз гузориши ҳарчи шадидтар аз вазъият ва аз додани ахбори ҳарчи доғтар «лаззат барем». Балки, дар доираи як тафаккури миллӣ, арзиши як сухан дар ҳарчӣ дурусттар, ҳарчӣ мунсифонатар, ҳарчи пайвандгартар, ҳарчӣ самимитар ва ҳарчи созандатар будани он аст. Роҳи созандагию пайвандгарӣ мушкил аст ва он тундию харобкориро намепазирад. Инро таҷрибаи тӯлонии наслҳо ва ҷомеаҳо низ бисёр рӯшан исбот намудааст…

(идома дорад)

ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ?



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi