03:59:13 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИСЛОМ НЕ, МУСАЛМОНҲО БА ҲИЗБ НИЁЗ ДОРАНД

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Дар ҳафтаномаи “Фараж”, аз 25.04.12 мақолаеро бо номи “Тӯраҷонзода: Ислом ба ҳизб ниёз надорад” хонда, дар таъаҷҷуб мондам. Худоё! Рӯзҳои охир чизе нанавишта будам... Зери мақола назар кардам, ки муъаллифи он Салим Содирзода будааст. Аз дӯстони зиёди рӯзноманигор ҳам пурсидам, вале касе Салим Содирзодаро нашинохт. Аз мазмуни мақола пай бурдам, ки муъаллиф шояд аз кормандони давлатӣ ё аз пайравони равияи салафист ва ё ҳарду. Одатан дар солҳои охир дар рӯзномаҳои давлатӣ бо номҳои мустаъор бандаро таҳқиру тавҳин мекунанд, аммо ин маротиба аз номи ман бар зидди Наҳзат истифода бурданд.

/images/stories/2012/05/01_turajonzoda_1512.jpgОре, ҷумлаи “Ислом ба ҳизб ниёз надорад”, сухани ман аст, ки дар яке аз хутбаҳои ҷумъаи солҳои 90-91 изҳор шуда буд, вале мутаассифона, муъаллиф қисмати аввали онро ки ба манфиъати сиёсати имрӯзаи онҳост, иқтибос овардаасту халос. Асли сухан чунин буд ва имрӯз ҳам дар ҳамин қаноъат ҳастам, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад, зеро соҳиби он Худои қодиру яктост ва он зоти бениёз мебошад. Аммо мо, мусалмонон ба ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ниёз дорем, то аз ҳуқуқҳои сиёсӣ ва динии хеш дифоъ намоем.

Дар низоми сиёсии муъосир фақат аз ҳамин тариқ вориди парлумон мешаванд ва манофеъи сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва динии мусулмононро ҳимоя мекунанд. Таҷриба нишон додааст, ки фаъолият дар доираи ҳизбҳои исломӣ ҳамеша хатарҳои зиёдеро дар бар доштааст. Аз ин рӯ, ба ин гуна аҳзоб афроди манфиъатҷӯ, мансабхоҳ ҳаргиз шомил намешаванд. Зеро аъзои ин гуна аҳзоб  зери фишор ва таъқиби пайвастаи ҳукуматдорон қарор доранд.

Бисёре аз роҳбарон ва аъзои ин ҳизбҳо бо тӯҳматҳои гуногун солҳои дарозро дар зиндонҳо мегузаронанд ё аз минбарҳои масҷиду кафедраҳои донишгоҳҳо маҳрум мегарданд. Агар соҳибкорони муваффақ бошанд, ба тиҷорати онҳо мамониъат ҳам эҷод мекунанд. Таърихи зиндагии шахсиятҳои исломие ки дар Миср, Либӣ, Тунис, Урдун, Ироқ, Сурия, ҳатто дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сар бурданд, шаҳодати гуфтаҳои болост.

Аз ин рӯ, фақат шахсиятҳое ки имони устувор ва эътиқоди қавӣ ба Худо, Расулуллоҳ(с) ва рӯзи қиёмат доранд ва масъулияти даъватиро он тарзе ки Худо мехоҳад, адо менамоянд, ба ин ҳизбҳо довталабона аъзо мешаванд.

Дар воқеъ, раҳбарҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ шахсиятҳои муваффақ, бо илму боистеъдод буда, дар мудирият беназиранд. Агар мақсади онҳо манфиъатҳои шахсӣ мебуд, ба ҳизбҳои исломӣ не, балки ба ҳизбҳои ҳокими кишварҳои худ шомил мешуданд ё дар хидмати ҳокимони замон камар мебастанд ва аз ҳамин тариқ, то вафот аз доираи ҳукуматдорон берун намешуданд. Вале ин мардум ормону ҳадафҳои дигар доранд. Агар бо як ҷумла ормону ҳадафи онҳоро мухтасар кунем, он касби ризои Худо ва хидмат ба мардуми мусалмон аст.

Он чӣ дар ин авохир ба ҳайратам гузоштааст, ин таҳти шубҳа қарор додани фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон мебошад. Дастгоҳи таблиғотии кишвар барои бадном кардани ин ҳизб, тамоми мақомоти давлатӣ, матбуъот, ҳамчунин имомхатибон ва Шӯрои уламоро вазифадор намудаанд. Дар ҳоле ки масъалаи фаъолияти расмии ҲНИТ яке аз шартҳои мусолиҳаи миллӣ ва аз ҳама муҳим ин масъала аз тариқи раъйпурсии умумӣ дар Коститутсияи кишвар ҳалли худро ёфтааст. Намедонам, шояд ҳукуматдорон дар солҳои ахир аз мусолиҳаи хеш пушаймон шуда бошанд ва мехоҳанд онро тағйир диҳанд. Аслан агар ҳақиқатро гӯям, ба ҷуз аз фаъолияти ҲНИТ дигар чизе ҳам аз бандҳои Созишномаи умумии сулҳ боқӣ намондааст.

Эй кош, масъулини ҳафтаномаи “Фараж”, ки хеле эҳтиромашон мекунам, ба ҷойи акси банда акси соҳиби мақола, ҷаноби Содирзодаро мегузоштанд, то аз дидани ҷамоли он кас лаззат мебурдем... Аз сабаби он ки ҷаноби муъаллиф чанд ояро аз Қуръони азимушшаън, аз сураҳои “Оли Имрон”, “Анъом” ва “Рум” дар тақвияти гуфтаҳои худ иқтибос овардаанд, барои муъайян намудани сабаби нузул ва маънои яке аз ин оёти илоҳӣ ба тафсири “Сафват-ут-тафосир”, ки дар кишвари мо машҳур аст, муроҷиъат мекунам. Дар тафсири ояти 159-и сураи “Анъом” омадааст: «Ибни Аббос (р) гуфтанд, ки ин оят дар шаъни яҳуду насрониҳо нозил шудааст, зеро онҳо дини Иброҳим (а)-ро тағйиру табдил дода буданд».

Танҳо ба хотири тӯлонӣ нашудани мақола, аз шарҳи оятҳои овардаи муъаллиф худро канор мегирам. Муъаллиф бо фаҳми нодурусти худ аз ин оятҳо кӯшиш ба харҷ додааст, ки лозим набудани ҳизб дар Ислом, ҳатто зарар доштани онро баён кунад. Айнан ҳамон оятҳоеро, ки салафиҳо ҳамеша ҳамчун далел бар зидди мавҷудияти мазҳабҳои исломӣ истифода мебаранд, ба ин маънӣ ки гӯё мавҷудияти ин мазҳабҳо мусалмонҳоро аз якдигар ҷудо кард. Аз ин рӯ, пайравони онҳоро афроди гумроҳ ва дуршуда аз таълимоти Қуръон ва суннати Паёмбар (с) меҳисобанд. Ба маънои зоҳирии ҳадиси “куллу бидъатин залолаҳ ва куллу залолатин финнор” амал карда, ҳамаи онҳоро гумроҳу дузахӣ меҳисобанд.

Муъаллиф дар охири мақола навиштааст, “агар, воқеъан, мақсади мо таблиғи дин, дифоъ аз якпорчагии марзу буми кишвар, манофеъ ва ваҳдати мусалмонон аст, пас, чаро ва бо кадом сабаб такя ба Шӯрои уламои кишвар ва раиси он накунем”? Субҳоналлоҳ!!! Воқеъан, ин ҳамон фикрест, ки «тарошаи аз бом афтида»-ро мемонад. Оё ин ҷумла ба гуфтаҳои боло чӣ рабте дошта бошад...?

Баъди таамули зиёд ба хулосае омадам, ки мақсади асосии муъаллиф ҳамин ҷумлаи ахир мебошад. Ӯ аз ҳамаи мусалмонони Тоҷикистон даъват кардааст, ки фақат дар атрофи раиси Шӯрои уламо ҷамъ шаванд ва эшонро ҳамчун ҳомии дин, мудофеъи ҳуқуқҳои исломӣ ва ҳодии мусалмонон бипазиранд. Аммо ҷаноби Содирзода фаромӯш карда, ки дар чанд соли ахир ягон маротиба Шӯрои уламо ва раисони он масоилеро, ки барои мусалмонҳо сарнавиштсоз буданд, дифоъ накардаанд.

Ба ёд орем, баста шудани даҳҳо масоҷиди бо ном ғайриқонунӣ, манъи ҳиҷобпӯшии хоҳарони мусалмон дар муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои давлатӣ, барчидани диску наворҳои мавъизаҳо аз фурӯшгоҳҳоро. Манъ кардани мавъиза дар маросимҳои мардумӣ, тӯйҳои моҳияти исломидошта, ибодати занҳо дар масҷид, рафтани ҷавонони то 18 - сола ба намози ҷамоъат, таълими Қуръон дар хонаву ҳуҷраҳо (ҳол он ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ ё рақсу мусиқӣ ҳамчун дарсҳои иловагӣ дар хонаҳо бидуни иҷозатномаи махсус мумкин аст), намозхонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, идораҳои давлатӣ, бозору маҳалҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳатто чарогоҳу заминҳои кишоварзиро гирем.

Оё ягон нафар аз аъзои Шӯрои уламо, бахусус раиси он барои дифоъ аз ҳуқуқҳои мусалмонон дар ин мавридҳо садое баланд карданд? Ҳаргиз! Пас, кадом ҳуқуқҳои мусалмононро ҳимоя мекунанд, то дар атрофи онҳо ҷамъ шавем? Боз ҳамин оилаи мо, роҳбарони Наҳзат ва иддае аз олимони худотарсу ботақво дар сӯҳбатҳо бар зидди ин маҳудидиятҳо сухан карданду халос, ки онҳоро низ билохира аз минбари масҷид маҳрум намуданд.

Вале муъаллифи мақолаи мазкур дар охири навиштаҳои хеш аз номи банда иқтибос овардааст, ки “бо назардошти ин асл Идораи қозиёти ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ додааст, ки ваҳдат ва якпорчагии мусалмононро таъмин кунад ва аз манофеъи сиёсиву иҷтимоъӣ, динии онҳо дар ҷомеъа ҳимоя кунад”.

/images/stories/2012/05/01_turajonzoda_1512-2.jpgВоқеъан, мо дар замони масъулияти худ дар ин вазифа аз манофеъи мусалмонон дифоъ мекардем. Дар он давра қариб 3 ҳазор масҷиди панҷвақтаву ҷомеъ, Донишкадаи исломӣ ва даҳҳо мадрасаҳои исломӣ таъсис дода шуданд. Даҳҳо номгӯи китобҳои исломӣ бо миқдори ниҳоят зиёд нашр шуд, ҳудуди дусад ҳазор муҷаллад Қуръони карим ба кишвар ворид ва дастраси мардум гардид.

Дар замони масъулияти мо имомхатибони масҷид, тибқи фиқҳи ҳанафӣ, аз тарафи муассисони масҷид интихоб мешуданд. Ба китоби “Маҳмуд-ул -фатово”, ҷилди 4, саҳ. 143, “Фатвои Тоторхония”, “Радд-ул-муҳтор” ё “Хулосат-ул-фатово” нигаред. Аммо имрӯзҳо тамоми имомхатибҳоро ҳукуматҳои маҳаллӣ ё раиси Шӯрои уламо ба кор таъйин ва сабукдӯш мекунанд, ки ин амали онҳо, ҳатто ба қонунҳои имрӯза мухолифати ошкор дорад.

Ҳамчунин бо талабу дархости мо ҳанӯз дар замони побарҷо будани ҳукумати советӣ дар комбинатҳои гӯшти кишвар забҳи исломӣ ҷорӣ шуд. Ба хотири рӯзи истироҳат эълон кардани рӯзҳои Иди Рамазону Қурбон ва аз андози замин озод гаштани масҷидҳо, мисли озод будани мактабу китобхонаҳо, театру боғҳои истироҳатӣ дар соли 1991 талоши зиёде кардем. Вақте се маротиба ин мавзӯъро ба Шӯрои Олӣ пешниҳод намудам ва аз тарафи депутатҳо дастгирӣ наёфт, бисёр нороҳат шудам, ки Худоё, чаро қабул намекунанд?

Ба хулосае омадам, ки шояд аксари вакилон дар зоҳир мусалмон бошанд, илло ба кадом сабаб ин пешниҳодро, ки ба манфиъати мусалмонон аст, қабул намекунанд? Магар ин амали мунофиқона набуд? Баъди чунин муносибати беэҳтиромонаи депутатҳои Шӯрои Олӣ дар афкори ҷомеъаи кишвар фикру гумонҳои мухталиф пайдо шуд.

Ин ҳарфҳоро на ба хотири худситоӣ, балки ҳамчун ҳақиқати таърихӣ барои насли имрӯза авардам, ки мутаассифона, ҳатто таърихи 20 соли пешро намедонанд ва ё дар ҳолати таҳрифшуда ба онҳо тақдим мегардад. Оё чунин иқдом ва пуштибонӣ аз аҳкоми илоҳӣ аз тарафи Шӯрои уламо ва раисони он дар 20 соли ахир дар давлате ки ҳамаи роҳбарон худианд, содир шудааст? Касе ёд надорад. Хуб мешуд, ҷаноби Содирзода дар мақолаи худ аз корномаҳои Шӯрои уламо ва раиси он дар мавриди пуштибонӣ аз масоили динӣ мисолҳое меовард.

Дар ҳоле ки бо сабаби даъвои Шӯрои уламо даҳҳо ҳазор намозгузори масҷиди мо аз фазли намози ҷумъа маҳрум шуданд ва имрӯз аз тариқи суди шаҳри Ваҳдат Кумитаи дин мехоҳад ин масҷидро ба таври доимӣ бубандад, метавон гуфт, ин ягона ҳодисаи нодири таърихист, ки хонаи Худоро суд мекунанд, инчунин даҳҳо уламои ботақвову баобрӯ, хушсухан ва маҳбуби мусалмононро аз минбари даъвату иршод ва масоҷид ба хотири ҳақгӯӣ ва пуштибонии ҳақиқат барканор намуданд.

Аз ин рӯ, ман наметавонам тақдири ҳуқуқҳои динии худро ба афроде бидиҳам, ки аслан дар фикри хидмат ба Ислому мусалмонҳо нестанд. Ва дар замони муъосир мавҷудияти ҳизб ва созмонҳои исломӣ зарурияти шаръист. Ҳақ бар ҷониби аллома Юсуфи Қарзовӣ ва амсоли ин бузургворон аст. Зеро воқеъан, ягон далели ошкоро дар шариъати Ислом бар зидди мавҷудияти ҳизбҳои исломӣ вуҷуд надорад.

Фақат салафиҳоянд зидди мавҷудияти ҳизбҳои исломӣ. Имрӯз ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар тамоми кишварҳои мусалмоннишин, ҳатто аз солҳои 20-уми асри гузашта инҷониб фаъолият доранд. Дар баъзе аз кишварҳо намояндагони ҳизбҳои исломӣ дар парлумон аксариятро ташкил медиҳанд ва идораи кишварро дар даст доранд, ки ин кишварҳо ба муваффақиятҳои зиёди иқтисодию иҷтимоъӣ даст ёфтаанд.

Дар охир бори дигар таъкид мекунам, ки ҳайратовар чопи мақола бо акси банда аст, на бо акси муъаллиф ва боиси пайдо шудани суолҳои зиёд дар ҷомеъа. Ба ин хотир аз фурсат истифода бурда, аз ҳамаи муҳаррирони нашрияҳо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки акси ман ва бародарони инҷонибро фақат дар мақолаҳо ва мусоҳибаҳои худамон ҷой диҳанд, на дар дигар ҳолатҳо.



Шарҳҳо   

 
0 #5 Guest 03.05.2012 14:59
Суханони огои Турачонзодаро тарафдорам, вале дар як чиз хайронам, ки чаро хамеша сарсуханаш мисли шиъаен бо "НАКУХИШИ" салафихо огоз мегардад..
 
 
0 #4 Guest 02.05.2012 21:55
bo arzi salom ba barodari giromi in jonib banda sayid ba nazari eshon muvofiq nestam yane mo ba hizb niyozi nadorem durugay hamash hizb baroi kasoneay ki az rui u kisahoshon pur az pul mesha va marduma fareb matan mardum kushta meshan ino boshan dar xonahoi 3 etaja zindagi karda megardan
 
 
+3 #3 Guest 01.05.2012 22:50
Cалому дуруд бар тамоми пайравони дини мубини Ислом. Аммо баъд ба устод Турачонзода аз Худованди Карим сабри чамил, ва бар пайравони хизбу шайтон оташи дузахро тамманно дорам. Чуноне ки бузурге фармудааст "Доимо яксон намонад холи даврон гам махур"... Ва охиру даъвоно.....
 
 
+1 #2 Guest 01.05.2012 22:46
"Аммо ин маротиба аз номи ман бар зидди Наҳзат истифода бурданд". Домулло эхтиёт кунед боз аз номи шумо аз ягон банк пул мул нагиранду шумо карздор шавед....
 
 
+4 #1 Guest 01.05.2012 20:56
Худованд Шуморо Х,.Т ва бародаронатонро ва тамоми Мусалмононро дар панох,аш нигах, дорад омин....хушо ба х,олатон бародароне ки дар ин сомона кор мекунед зеро бисёр хабарх,ои мух,имро аз шумо дастрас менамоем Дар панох,и Худо бошед.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi