00:09:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"ШОС ВАСИЛАИ ПОЙМОЛ НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ БАШАР АСТ”

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, кишварҳои узви ШОС ин созмонро ҳамчун василае барои поймол намудани ҳуқуқи башар истифода мебаранд.

/images/stories/2012/09/03_shos-030912.jpgДар як гузорише, ки рӯзи душанбе Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар дар шаҳри Париж нашр намуд, гуфта мешавад, ки дар оинномаи Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай ҳимояти муштарак аз ҳуқуқи башар зикр шудааст, вале Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон чорчӯби қонунии ин созмонро барои сафед намудани поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо истифода мебаранд.

Яке аз муаллифони гузориш, устоди Донишгоҳи Гринвич Ричард Вайлд, мегӯяд: Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай, ки дар соли 2001-ум ташкил шудааст, бештар ба масъалаи амнияту марз таваҷҷӯҳ нишон медиҳад: “Мо бояд дар байни ҳарфу амал фарқ гузорем. Дар оинномаи Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай сухан дар бораи ҳимоят аз ҳуқуқи башар меравад. Вале агар мо дар амал бубинем, ин созмон фақат барои масъалаҳои марбути марз ва амният истифода мешавад. Ҳамаи ҷонибҳо ақалиятҳо, гурӯҳҳои мухолифини сиёсиву диниро ҳадаф қарор медиҳанд. Ҳатто дар табъиз ҳам ҳуқуқи башарро дастак мекунанд.”

Дар гузориши Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар омадааст, ки тамоми аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай “ҳукуматҳои худкома доранд ва ё садои мустақилро хомӯш мекунанд.” Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай таъқиби фаъолони динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқи башар ва ақалиятҳоро бо зарурати ҳифзи амнияту субот сафед карда, баъзан дар заминаи сиёсӣ онҳоро бо экстремизм  муттаҳам мекунанд.

Дар гузориш мисолҳои зиёди истирдоди фирориён ва паноҳандагони сиёсӣ зикр мешавад, ки бо фаъолиятҳои террористиву экстремистӣ муттаҳам шудаанд.

Вайлд мегӯяд: “Таҳдид ба ҳуқуқи башар аз худи Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай меояд. Зеро аз як тараф, онҳо дар бораи ҳуқуқи башар ҳарф мезананд, вале  аз сӯи дигар, ҳамчун як василаи минтақавии ҳамоҳангшудаи истирдод мавриди истифода қарор гирифтааанд. Онҳо на бар пояи шаҳодат, балки тахмин муттаҳамҳоро ба ватанҳояшон бармегардонанд. Дар кори ин созмон шаффофияту назорати байналмилалӣ ба чашм намехӯрад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Вайлд, Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай ба аъзояш имкон медиҳад, ки бар зидди дигарандешоне, ки ба дигар кишварҳои узви созмон фирор кардаанд, иттиҳоми терроризм бор намуда, хилофи қонунҳои байналмилалии башарӣ ва эъломияҳои байналмилалии ҳуқуқи фирориён ба истирдоди онҳо даст ёбанд.

Муаллифони гузориш хотирнишон кардаанд, ки соли 2011-ум мақомоти Қазоқистон як хабарнигори уйғурро ба Чин истирдод намуданд. Ҳамчунон дар соли 2005-ум баъди ошӯб дар Андиҷони Узбакистон, Қирғизистон панҷ фирориро, ки аз тарафи мақомоти Тошканд бо терроризм муттаҳам мешуданд, ба Узбакистон боз гардонд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар гузориши худ Русияву Тоҷикистонро бо нодидагирии ҳукмҳои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ва Кумитаи ҳуқуқи башари СММ муттаҳам мекунанд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.09.2012 11:50
salom. in nazar ki shos yak vasilai durugh ast bar kase pushida nest.poymoli hukuki bashar dasti kam dar tjk va uzbakiston aslanvujud nadorad. hamin diruz namunai hukuki bashar dar xorugh dar peshi chashmoni mo nishon doda shud ki chist. mardum darxosti kumakhoi avvaliyai zindagi misli xuroki va svetu garmoi kardand didem ki chi xel ba xoku xun kashida shudand. mana hukuki bashar dar tjk.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi